Зуком
Зуком
Сабаби зуком вирус мебошад. Намудҳои гуногуни вирусҳои зуком вуҷуд доранд. Аз ҳама маъмултарин намудҳои А ва В мебошанд.
Вирусхои грипп доимо тагьир меёбанд. Барои ҳамин Шумо метавонед борҳо ба зуком гирифтор шавед.
Зуком бештар дар фасли зимистон рух медиҳад. Баъзан вирус бештар паҳн шуда, боиси «эпидемия» мегардад. Вақте ки эпидемия рух медиҳад, Шумораи бештари одамон ба зуком гирифтор мешаванд.
Зуком хеле сирояткунанда аст ва метавонад тавассути роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз одамони дигар ҳангоми сулфа ва атса паҳн шавад. Вирус инчунин метавонад дар дастҳо ва ашёҳое зиндагӣ кунад, ки бо даҳон ё бинии шахси сироятшуда тамос гирифтаанд.
Аломатҳои зуком
Аломатҳои зуком луоби зиёд аз бинӣ, дарди гулӯ, сулфа, табларза, дарди сар ва дарди мушакҳо иборатанд. Кӯдаки Шумо метавонад ларза дошта бошад, инчунин ӯ хеле гарм ё хеле хунук хӯрда метавонад.
Баъзан зуком боиси дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ мегардад.
Зуком одатан 2-5 рӯз давом мекунад, гарчанде хастагӣ ва сулфа метавонад якчанд ҳафта идома ёбад.
Бисёр одамон мегӯянд, ки зуком доранд, вақте ки онҳо воқеан шамолхӯрӣ доранд. Ин бемориҳо аломатҳои якхела доранд, бинобар ин фарқ кардани яке аз дигаре осон нест. Одамони гирифтори зуком метавонанд дарди мушакҳо ва ларза дошта бошанд.
Оқибатҳои зуком
Зуком одатан дар кӯдакон сабук мегузарад, аммо он метавонад боиси оқибатҳо гардад. Баъзан ин оқибатҳо метавонанд хеле ҷиддӣ бошанд.
Оқибати маъмултарини зуком илтиҳоби шуш (пневмония) мебошад. Кӯдаки гирифтори илтиҳоби шуш нотоб ба назар мерасад ва метавонад аз одатан тезтар ва сахттар нафас кашад.
Зуком метавонад дар кӯдакони гирифтори мушкилоти музмини саломатӣ, занони ҳомила ва дигар калонсолон, махсусан одамони солхӯрда, оқибатҳои вазнинтар дошта бошад.
Дар кӯдакони гирифтори нафастангӣ (астма), зуком метавонад аломатҳо ё ҳамлаҳои шадиди нафастангиро ба вуҷуд орад.
Оё кӯдакро ҳангоми зуком ба духтури оилавӣ/педиатр нишон додан лозим аст?
Шумо бояд кӯдаки худро ба духтури оилавӣ/педиатр баред, агар:
- фарзанди Шумо нӯшида натавонад ё нӯшиданро рад кунад;
- фарзанди Шумо зуд-зуд қай кунад;
- фарзанди Шумо дар давоми 48 соат беҳтар нашавад;
- Шумо хавотир ҳастед, ки фарзанди Шумо худро хеле бад ҳис мекунад.
Шумо бояд ба ёрии таъҷилӣ занг занед (ба рақами 103 занг занед) ё ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ равед, агар:
- фарзанди Шумо дарди сари сахт дорад;
- фарзанди Шумо рангпарида ва хоболуд аст;
- кӯдаки Шумо аз одатан тезтар ё сахттар нафас мегирад.
Табобати зуком
Дар аксари ҳолатҳо, табобати махсус барои зуком талаб карда намешавад. Дар ҳолатҳои вазнин ва барои кӯдакони гирифтори бемориҳои музмин, духтури оилавӣ/педиатр метавонад доруи махсуси зидди зуком таъин кунад, то вусъати ин бемориро суст кунад.
Шумо ҳангоми зуком танҳо аломатҳоро табобат карда метавонед ва кӯшиш кунед, ки кӯдак худро бароҳат ҳис кунад:
- Ба кӯдак парасетамол ё ибупрофенро ба миқдори тавсияшуда дар ҳолати зарурӣ диҳед. Ин метавонад кӯмак кунад, агар фарзанди Шумо дард ё табларза дошта бошад, ки кӯдакро нороҳат мекунад.
- Ба кӯдак моеъи бисёр диҳед, то ки оби баданаш хушк нашавад. Нӯшокиҳои гарм метавонанд дарди гулӯ ва хушкии даҳонро камтар кунанд.
- Ба фарзанди Шумо лозим нест, ки дар бистар монад. Бигзор вай худаш муайян кунад, ки то чӣ андоза фаъол будан мехоҳад.
- Кӯдаки худро ба хӯрокхӯрӣ маҷбур накунед. Эҳтимол, ӯ гурусна нахоҳад монд, аммо иштиҳо беҳтар мешавад, агар ӯ худро беҳтар ҳис кунад.
Шумо бояд худдорӣ кунед аз истифодаи:
- доруи зидди сулфа - кӯдаки Шумо сулфа мекунад, зеро роҳи нафасаш варамида ё пур аз луоб аст ва доруи сулфа ба ҳеҷ яке аз ин мушкилот кӯмак намекунад
- маҳлулҳои зидди варам (противоотечные растворы), ки метавонанд таъсири манфӣ ба монанди тез задани дил, ларзиши асабӣ ва бехобӣ, дошта бошанд ва аз ин рӯ, барои зуком кӯмак намекунанд.
- Антибиотикҳо – зукомро вирус ба вуҷуд меорад, бинобар ин антибиотикҳо кӯмак намекунанд ва ҳатто метавонанд боиси дарди меъда ва дарунравӣ шаванд.
Маҳсулоти шириро аз парҳези кӯдак хориҷ кардан лозим нест - аз барои онҳо луобҳои иловагӣ пайдо намешаванд.
Ба кӯдак ё наврас аспирин ё доруҳои дорои аспирин (кислотаи ацетилсалицилӣ) надиҳед. Аспирин метавонад кӯдаки Шуморо ба синдроми Рей, як ҳолати нодир, вале эҳтимолан марговар, ҳассос кунад.
Пешгирии зуком
Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз зуком - ин мунтазам шустани дастон бо оби гарм ва собун аст. Ҳамчунин кӯшиш кунед, ки дастони худро аз чашм, бинӣ ва даҳон дур нигоҳ доред.
Ба аъзоёни оила хотиррасон кунед, ки ҳангоми сулфа даҳони худро бо рӯймолча, остин ё оринҷ пӯшанд. Ҳамчунин ба онҳо хотиррасон кунед, ки пас аз сулфа ва атса дастонро шӯянд.
Барои кам кардани эҳтимолияти паҳншавии зуком аз фарзанди Шумо ба дигарон, кӯдаки худро ҳангоми бемор буданаш ба кӯдакистон, муассисаи томактабӣ ё мактаб набаред.