Зӯроварӣ ба кӯдакон ва беэътиноӣ чӣ маъно дорад
Дар зери мафҳуми зӯроварӣ латукӯби бераҳмона ё зӯроварии ҷинсӣ фаҳмида мешавад. Аммо нисбати кӯдакон бештар зӯроварии ҳиссиётӣ ва эҳтиёҷоти қонеънашуда ба назар мерасад, ки таъсири онҳо ба саломативу рушди кӯдак зарари на камтар аз зӯроварии ҷисмониро дорад. Кӯдакон бештар аз ҷониби парасторони худ ва пеш аз ҳама волидонашон таҳти зӯроварӣ қарор мегиранд. Агар волидон алоҳида зиндагӣ кунанд, он гоҳ зӯроварӣ нисбат ба кӯдак метавонад аз ҷониби шарики навбатии волидайн расонида шавад.
Шахсоне, ки зӯроварӣ мекунанд, метавонанд шахсони кӯдакро нигоҳубинкунанда бошанд, яъне: хешовандони калонсол, волидони кӯдакро ба фарзандхонӣ гирифта, инчунин шахсоне, ки ба кӯдак аз ҷиҳати касбӣ масъул мебошанд, шахсоне, ки ба кӯдак назорат мекунанд ё шахсоне бошанд, ки кӯдак ба онҳо эътимод дорад (масалан, мураббӣ, муаллим, тренер ва гайра), дигар кӯдакон низ дар бисёр мавридҳо ҳамчун таҷовузкор амал мекунанд.
Шаклҳои зӯроварӣ ба кӯдакон:
- Ҷисмонӣ;
- Эҳсосотӣ;
- Шаҳвонӣ;
- Истисмори кӯдакон;
- Зӯроварӣ аз ҷониби ҳамсолон;
- Рақамӣ;
- Институтсионалӣ.
Кадом эҳтиёҷоти кӯдак метавонанд қонеъ нашавад:
- Ҷисмонӣ;
- Эҳсосотӣ;
- Тиббӣ;
- Таълимӣ;
- Набудани назорат ё назорати нокифоя аз болои кӯдак.
Агар ҷолиб бошад, ба видеои зерин таваҷҷӯҳ кунед: https://www.youtube.com/watch?v=6kcKX2In0B0