Агар кӯдак ғарқ шавад, чӣ бояд кард?
Аломатҳои ғарқшавӣ: сари кӯдак ба қафо партофта мешавад, даҳон кушода аст, чашмон пӯшида ё нигоҳи беандеша, нафаскашӣ чуқур аст, кӯдак ҳаворо фурӯ мебарад, дастонашро меҷунбонад, ҳаракатҳои бетартиб ва кӯшишҳои бебарор шино кардан мекунад. Аксар вақт, кӯдак бе садо, бе фарёди кӯмак ё садои дигаре, ки метавонад ҳамчун огоҳии офатҳои дар пешистода хизмат кунад, ғарқ мешавад.
Body
Агар кӯдак ғарқ шавад, чӣ бояд кард?
- Бо овози баланд ба кумак даъват кунед!
- Ҳарчӣ зудтар кӯдакро аз об берун кунед, ва ҳамзамон аз эҳтимоли осеб дидани гардан огоҳ бошед. Ҳангоми наҷот додани шахси ғарқшудаистода худро дар хатар нагузоред.
- Санҷед, ки кӯдак нафас мекашад ё не. Дар акси ҳол, фавран ба эҳёгарии дилу шушӣ оғоз кунед ва ҳарчи зудтар ба ёрии таъҷилӣ занг занед (103).
- Агар дар гирду атроф ягон каси дигар бошад, ба он шахс бигӯед, ки ёрии таъҷилиро (103) фавран даъват кунад ва Шумо амалиёти эҳёгарии дилу шуширо то пайдо шудани нафаскашии кӯдак ё то омадани ёрии таъҷилӣ қатъ накунед.