Агар кӯдакро офтоб занад, чӣ бояд кард

Офтобзанӣ метавонад дар ҳолате руй диҳад, ки кӯдак дар муддати чанд вақт фаъолона бозӣ карда, зери офтоб қарор дошта бошад. Аломатҳои офтобзанӣ метавонанд тез пайдо шаванд, аммо офтобзадагии “дерина” бештар ба назар мерасад, ки ҳатто пас аз якчанд соати таъсиррасонии офтобзанӣ пайдо мешавад.
Body

Кӯдакро аз нурҳои бевоситаи офтоб дур нигоҳ доред

Аввалан, кӯдак бояд дур аз нурҳои бевоситаи офтоб, агар имконпазир бошад дар як ҳуҷраи дорои кондитсионер ё дар ҷои торику шамолрас ҷойгир карда шавад.

Ба бадани кӯдак оби ширгарм резед

Бигзор хушк шавад. Онро тоза накунед.

Ба кӯдак нӯшокӣ диҳед

Барои кӯдаки офтобзада нӯшокӣ (оби оддӣ беҳтар аст, аммо чойи ширин, шарбат низ мумкин аст) зарур аст. Дарҳол нӯшонидани нӯшокиҳои зиёд мувофиқи мақсад нест. Ба кӯдак зуд-зуд, вале кам-кам, хусусан агар қай карда бошад, нӯшокӣ диҳед. Пас аз он, ки ба кӯдак "қисм"-и аввалини моеъ дода шуд, либоси ӯро кашед, то ки бадани ӯ салқинтар шавад.

Ба кӯдак дору диҳед

Агар ҳарорати бадани кӯдак баланд бошад, ба кӯдак доруи пасткунандаи ҳарорат, беҳтараш ба таври ректалӣ (мақъад) суппозиторий (парасетамол) монед - ин усул таъсири тезтар дошта дар ин маврид эҳтимолияти қайкунӣ сарфи назар карда мешавад. Шарбатдоруҳо (дар таркибашон ибупрофен ё парасетамолдошта) низ хуб мебошанд. Дору бояд бо миқдори мувофиқи синну соли кӯдак ва бо риояи дақиқи дастурҳои истеҳсолкунанда дода шавад. Агар кӯдак қаблан чунин доруҳоро истеъмол накарда бошад, аввал ба педиатр муроҷиат кунед, зеро кӯдак метавонад нисбат ба доруҳои мазкур вокуниши аллергӣ дошта бошад.

Кӯдак ба истироҳат ниёз дорад

Дар давоми чанд соати оянда, кӯдак бояд истироҳат кунад ва беҳтараш хоб кунад. Баъзе волидайн кӯдаки хурдеро, ки гирифтори офтобзадагӣ мебошад, аз хоб кунонидан метарсанд. Ин тарс беасос аст, зеро кӯдак ба истироҳат ниёз дорад ва хоб беҳтарин роҳи истироҳат аст. Ҳангоми хоб рафтан ҳарорати бадани кӯдак бояд санҷида шавад ва дар сурати такроран якбора баланд шудани он, боз доруи зиддиҳароратбаландӣ додан лозим аст. Агар шумо шамъча ё сиропи парасетамолро истифода карда бошед, он гоҳ вояи ояндаи доруро на дертар аз чор соат пас аз вояи қаблӣ истифода бурдан мумкин аст. Агар вақти камтар гузашта бошад, кӯдаки худро дубора бо оби ширгарм бишӯед. Нагузоред, ки як рӯз пас аз офтобзанӣ боз дар зери офтоб гардиш кунад.

Кай бояд ба духтур муроҷиат кунед?

  • Агар ба хунук кардан ва истифодаи доруворӣ ҳарорати бадан паст нашавад.
  • Агар дар вазъияти ба тахтапушт хобонидан кӯдак аз ҳуш рафта, зуд ба ҳуш наояд.
  • Агар кудак доимо кай карда, беҳол шудан гирад.