Барвақт оғоз намудани синамаконӣ – синамаконии фавран пас аз таваллуд

Аксари навзодони солим дар соатҳои аввали ҳаёт беихтиёр синаи модарро меёбанд ва ба макидан шурӯъ менамоянд. Синамаконии барвақт барои кӯдаки шумо оғози хуб аст!
Body

Тамоси «пӯст ба пӯст» ҳарорати меъёрии кӯдаки навзодро таъмин мекунад ва инстинкти ширхурии ӯро ҳавасманд менамояд. Кӯдак ғизои аввалин - фалла, шири серравғанро бо вазифаҳои муҳофизатӣ мегирад. Макидан боиси кашишхурии бачадон шуда, баромадани ҳамроҳакро метезонад ва хунравии зиёдро пешгирӣ мекунад. Барвақт ба сина гузоштани кӯдак инчунин барои барқарор намудани пайванди мустаҳкам байни шумо ва кӯдакатон кумак мекунад.

Навзоди покшуда ва гармшуда, ки дар сари сина ва шиками модар гузошта шуда буд, пас аз як марҳилаи истироҳат ва одат кардан ба муҳити нав дасташро ба даҳон оварда, ҳаракатҳои макканда ва садоҳо мебарорад. Кӯдак пистонро меҷӯяд, онро меёбад ва даҳонашро васеъ кушода, синаро мегирад. Синамаконии аввал бояд ҳамчун шиносоӣ бо сина ҳисобида шавад; ба кӯдаки навзод маҷбур синаро ба даҳонаш гузоштан лозим нест. Дар бораи он, ки чӣ қадар зудтар ба кӯдак сина додан лозим аст ва дар бораи давомнокии он хавотир нашавед. 

Афзалиятҳои якҷоя будани модар ва кӯдак

Савқи (инстинкт) табии модар ва навзод пас аз таваллуд бо ҳам будан аст; барои аз модар ҷудо кардани кӯдаки солим асосе нест. Дар як ҳуҷра ҳамроҳ будан бо кӯдак ба модар кумак менамояд, ки инстинктҳои модарӣ инкишоф ёбанд, ҳангоме, ки ҳормонҳои ӯ ӯро барои ин нақш барномарезӣ мекунанд. Таъхир ва маҳдуд намудани дар як ҳуҷра ҳамроҳ будани модар бо кӯдак метавонад барои барқарор кардани алоқаи эмотсионалӣ ва муваффақияти синамаконӣ зарари ҷиддӣ расонад.

• Ҳангоме, ки кӯдаки навзод дар назди шумост, беҳтар хоб мекунад ва камтар гиря мекунад;

• Синамаконӣ муваффақтар ва дарозтар давом мекунад; кӯдак тезтар вазн мегирад;

• Саривақт маконидан осонтар аст ҳангоме, ки кӯдак дар наздикӣ қарор дорад, инчунин ба истеҳсоли бештари шири сина мусоидат мекунад;

• Ҳангоми нигоҳубини кӯдак, боварии зарурӣ ба худ пайдо мекунед;

• Мебинед, ки кӯдак солим аст ва ҳангоми дар қисми дигари беморхона гиря карданаш хавотир нахоҳед шуд;

• Кӯдак зери хатари сироятёбӣ камтар аст;

• Шояд шумо хавотир шавед, ки ба қадри кофӣ истироҳат карда наметавонед. Дарвоқеъ, маълум шудааст, ки ҳангоми дар назди модар қарор доштани кӯдак модар бароҳат хоб мекунад.

Хавфи ғизои иловагии нолозима

Миқдори ками фалла барои қонеъ намудани ниёзҳои кӯдаки солим дар рӯзҳои аввали ҳаёт кифоя аст. Кӯдакон дар аввал ширро хеле кам талаб мекунанд. Миқдори фалла, ки кӯдак дар як синамаконӣ мегирад, дар рӯзи аввал аз 2 то 10 мл, дар рӯзи дуюм аз 5 то 15 мл ва дар рӯзи сеюм то 30 мл аст. Ғадудҳои шир дар рузҳои аввал ба қадри кифоя шир ҳосил мекунанд; баробари зиёд шудани талабот ба ғизо кўдак ба воситаи зуд-зуд шир макидан ба миқдори зарурӣ шир мегирад.

Фалла кӯдаки навзодро бо миқдори зарурии маводи ғизоӣ ва моеъ таъмин мекунад ва инчунин аз сироятҳо муҳофизат мекунад. Иловаҳои нолозим метавонад боиси он гардад, ки кӯдак аз сабаби эҳсоси пур будани меъда дигар намехоҳад, ки сина макад. Микдори шир кам мешавад, ё синаҳо варам карда сахт мешаванд. Истифодаи иловагиҳо барои ором кардани кӯдаки шумо метавонад боварии шуморо ба он, ки шумо кӯдаки худро бомуваффақият синамаконӣ карда метавонед, коҳиш диҳад.

 Бо ташуббуси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ оиди ташкили беморхонаҳое, ки дорои вазъияти “мусоид барои синамаконӣ” мебошанд, дар асоси 10 қадами бомуваффақияти синамаконӣ фаъолият менамоянд. Ин қадамҳо эътироф ва собит шудаанд, ки омилҳои калидии муваффақият барои синамаконӣ мебошанд. Марҳилаҳои муҳимтарин дар таваллудхона «алоқаи пӯст ба пӯст», дар як ҳуҷра ҷойгир кардани модар ва кӯдаки навзод, мувофиқи ниёзҳои кӯдак ғизо додан ва даст кашидан аз иловаҳои нодаркор мебошанд. Чӣ қадаре ки шумо дар беморхона пайгирона қадам гузоред, синамаконӣ ҳамон қадар муваффақтар мешавад!