Алоқаи наздик бо кӯдаки навзод дарҳол пас аз таваллуд

Алоқаи бевоситаи модар ва навзоди солим дарҳол пас аз таваллуд хеле хуб ва ниҳоят муҳим аст. Он ба мутобиқшавии кӯдак дар шароити муҳити беруна мусоидат карда ба барқарор намудани робитаи зич дар байни модару кӯдак ва инчунин оғози хубу бомуваффақияти синамаконӣ мусоидат мекунад.
Body
Модар дар ин ҷост!

Тавассути пӯст кӯдаки навзод гармии бадани Шумо ва ламс кардани Шуморо ҳис мекунад; ҳис мекунад, ки ӯро ба оғӯш гирифта  истодаанд. Вай овози шинос ва садои тапиши дили Шуморо, ки ба ӯ аллакай шинос аст, мешунавад. Кӯдак алоқаи чашмиро амалӣ мегардонад. Аввалин алоқаи чашмии модар ва кӯдак - лаҳзаест, ки аҳамияти онро баҳо додан ғайриимкон аст ва Шумо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед. Ин лаҳзаи хотирмон бештар барои модар ҳалкунанда буда, барои тасмим дар бораи синамаконии оянда таъсир мерасонад.

Алоқаи пӯст ба пӯст

Алоқаи кӯдак бо модар, барои модар ва кӯдак оромбахш буда, барои мӯътадил намудани таппиши дил ва нафаскашии кӯдак мусоидат мекунад ва кӯдак аз гармии бадани модараш гарм мешавад Инчунин алоқа бо ҷисми модар ба кӯдаки навзод дар танзими мубодилаи моддаҳо ва мӯътадил кардани сатҳи қанди хун мусоидат карда, гиряи кӯдакро қатъ мекунад, ки боиси паст шудани ҳисси стресс ва хароҷоти нерӯи бадан мегардад, ба интиқоли бактерияҳои фоидаовар аз модар ба кӯдак ва ба робитаи модару кӯдак мусоидат мекунад ва ба кӯдак имкон медиҳад, ки синаро пайдо карда ба даҳонаш гирад.

Тавсияҳо
  • Алоқаи пӯст ба пӯст бояд фавран, пеш аз буридани танобаки ноф ё ҳарчӣ зудтар дар давоми чанд дақиқаи аввали баъд аз таваллуд, амалӣ гардонида шавад.
  • Давомнокии алоқаи пӯст ба пӯст бояд на камтар аз як соат бошад.
  • Алоқаи пӯст ба пӯст инчунин дар мавриди амалиёти ҷарроҳии буриши қайсарӣ, ки бо истифода аз анестезияи спиналӣ/эпидуралӣ гузаронида мешавад, имконпазир аст.
  • Дар ҳолати амалиётҳои ҷарроҳии буриши қайсарӣ, ки бо истифода аз анестезияи умумӣ гузаронида мешавад, алоқаи ҷисмии кӯдакро дарҳол пас аз таваллуд бо падар ва баъд аз бедор шудан бо модар (баъд аз чанд соат) таъмин кардан мумкин аст.
  • Вақте ки дугоникҳо таваллуд мешаванд, дугоники аввал метавонад то оғози таваллуди тифли дуюм бо модар алоқаи пӯст ба пӯст дошта бошад.
Чӣ тавр алоқаи пӯст ба пӯст таъмин карда мешавад
  • Кӯдаки урёнро ба қафаси сина ва шиками модар мегузоранд.
  • Пеш аз ин амал, кӯдакро хушк кардан мумкин аст, то нафаскашӣ ва гиря ҳавасманд карда шавад. Кафи дастонро пок кардан лозим нест, зеро кӯдаки навзодро бӯи шиноси моеъи амниотикӣ ором мекунад.
  • Кӯдакро бо шикам ба шиками модар мегузоранд ва дар ин маврид дастони кӯдак аз ҳам ҷудо шуда пойҳояш каме хам карда мешаванд.
  • Кӯдак бояд бо парпечи гарм пӯшида шавад.
  • Даҳон ва бинии кӯдакро пӯшонидан мумкин нест, сарашро ба як тараф гардонидан лозим аст. Гардани кӯдак бояд рост бошад, то роҳҳои нафас озод бошанд.

Агар Шумо пас аз таваллуд аз хастагӣ хавотир бошед, бояд донед, ки ҳеҷ чиз чун алоқаи ҷисмии наздик бо кӯдакатон шуморо оромтар ва хушбахттар намекунад. Агар Шумо хавотир бошед, ки тифли Шумо хоболуд аст, бояд донед, ки дар соатҳои аввали баъд аз таваллуд кӯдаки навзод бедор мемонад, ҳисси бӯй ва таъм зиёдтар мешавад ва тифл барои сина макидан омода мешавад. Агар Шумо дар бораи кӯдаки худ хавотир бошед, бидонед, ки кормандони таваллудхона Шумо ва тифли Шуморо бодиққат назорат мекунанд.