Баъд аз таваллуд дар давоми 3 рӯз, дар 14 рӯз, дар 21 рӯз (ташриф ба хона)
Дар таваллудхона навзодро неонотолог аз назар мегузаронад ва ҳар рӯз то ҷавоб шудани модару кӯдак ин корро ба анҷом мерасонад. Пас аз ба хона ҷавоб шудан ҳатман табиби оилавӣ меояд (дар 3 рӯзи аввали баъди ҷавоб шудан аз таваллудхона). Агар навзод дар хона таваллуд шуда бошад, пас дар 3 рӯзи аввали ҳаёт ташрифи хонаги гузаронида мешавад. Баъдан, дар як ҳафта 1 маротиба (ҷамъ то синни 1 моҳагӣ 4 патронаж гузаронида мешавад). Мақсади асосӣ – омӯзонидани модар оид ба нигоҳубини кӯдак.
Омодагӣ ба ташриф
Ҳама он чизеро, ки Шумо дар фарзандатон мушоҳида намудед, бо мушкилиҳое, ки дар хона ҳангоми нигоҳубини кӯдак дучор шудед, ҳамаи он чизеро ки Шумо намедонад ва ба Шумо тавсияи мутахассиси лозим аст, навишта гиред, то ин ки дар ҳаяҷон шуда аз хотир набароред. Барои аз ҷониби табиб аз назар гузаронидани фарзандатон ҷойи мувофиқ омода намоед. Ба инобат гиред, ки ҳавои хона барои кӯдак ҳангоми муоина мувофиқ бошад. Чизу чораи кӯдакро низ барои ташрифи табиб омода намоед.
Муоинаи профилактикӣ дар худ чиро дар бар мегирад:
- Баҳодиҳии ҳолати модар ва кӯдак (аломатҳои хатар);
- Баҳодиҳии синамаконӣ (қоидаҳои гузоштани кӯдак ба сина ва макидани сина);
Омилҳои асосие, ки табибон дар ин марҳила назорат мекунанд, ин қад, вазн, рефлексҳои асосӣ, мебошад. Инчунин Шуморо вобаста ба реҷаи кӯдак, синамконӣ, гигиенаи кӯдак ва модар, нигоҳубини захми ноф ва дигар масъалаҳое, ки ба кӯдак дахл дорад тавсияҳои муфид медиҳанд.
Сӯҳбати табиби оилавӣ бо Шумо оид ба аломатҳои хатар:
- Мушкилотҳои синамаконӣ;
- Мавҷуд будани рагкашӣ;
- Нафастангӣ: зиёдтар аз 60 нафасгирӣ дар 1 дақиқа;
- Иштироки мушакҳои ёридиҳанда дар нафасгирӣ ё нафасгирии тез - тез;
- Ҳарорати баланди бадан – 37,50 С ва зиёдтар;
- Ҳарорати пасти бадан – 36,50 С ва камтар;
- Зардча то кафи пой;
- Набудани ҳаракатҳо.
- Аломатҳои сирояти маҳдуд: сурхии наи ноф, тарашшӯҳи фасод, сироятҳои пӯст ва тарашшӯҳи фасод аз чашм;
Табиби оилавӣ ба Шумо тавсияҳои зеринро медиҳад:
- Афзалияти синамаконии холис:
- Ғизои беҳтарин барои навзод;
- Пешгирии сироятҳо;
- Чӣ қадаре, ки навзод бисёртар макад, ҳамон қадар зиёдтар шир истеҳсол мешавад;
- Кӯдак ҳам рӯзона ва ҳам шабона мемакад, кадом вақте, ки ҳоҳад – аққалан 8 маротиба дар як шабонарӯз.
- 2. Тавсияи либоси кӯдак: кӯдак бояд ба либоси озод ва маҳкам пӯшонида шуда бошад ва дар ҷои гарм нигоҳ дошта шавад;
- 3.Тавсияи оббозӣ: оббозии навзод бояд баъди 3-юм рӯзи ҳаёт, баъди афтидани боқимондаҳои ноф гузаронида шавад;
- Тавсия ба хешон: ҳам модар ва ҳам хешу табори кӯдак пеш аз гирифтани кӯдак бояд дастонашонро бо собун шӯянд; Наи ноф бояд тоза ва хушк нигоҳ дошта шавад;
- Тавсия ба Шумо: Шумо бояд ба чашмони кӯдак нигоҳ карда бо ӯ бо меҳрубонӣ сухан гӯяд.
Ташрифи дуюм: дар ҳафтаи дуюми ҳаёт
- Баҳодиҳии ҳолати Шумо ва кӯдак (аломатҳои хатар);
- Баҳодиҳии синамаконӣ (қоидаҳои гузоштани кӯдак ба сина ва макидани сина);
Сӯҳбати табиби оилавӣ бо аъзоёни оилаи Шумо оид ба аломатҳои хатар:
- Мушкилотҳои синамаконӣ;
- Мавҷуд будани рагкашӣ;
- Нафастангӣ: зиёдтар аз 60 нафасгирӣ дар 1 дақиқа;
- Иштироки мушакҳои ёридиҳанда дар нафасгирӣ ё нафасгирии тез - тез;
- Ҳарорати баланди бадан – 37,50 С ва зиёдтар;
- Ҳарорати пасти бадан – 36,50 С ва камтар;
- Зардча то кафи пой;
- Набудани ҳаракатҳо;
- Аломатҳои сирояти маҳдуд: сурхии наи ноф, тарашшӯҳи фасод, сироятҳои пӯст ва тарашшӯҳи фасод аз чашм.
Бо хоҳиши Шумо оид ба масъалаҳое, ки Шумо мехостед муҳокима намоед сӯҳбат гузаронида мешавад.
Аз Шумо оид ба синамаконӣ пурсида мешавад ва ҷарраёни он назорат карда мешав
- Оё манаҳи кӯдак то синаи модар мерасад?
- Даҳонаш васеъ кушода шудааст?
- Лаби поёнии кӯдак ба тарафи берун кушода шудааст?
- Қисми зиёди қисми поёнии ареола (сиёҳии пистон) дар даҳон аст?
- Макидани кӯдак самаранок аст?
Агар кӯдак ба сина нодуруст гузошта шавад ё бесамар сина макад бояд масъалаи имконияти кӯмак ба Шумо оид ба ин масъала ҳал карда мешавад. Ҳамшираи тиббӣ Шуморо оид ба тарзи дуруст гузоштани кӯдак ба сина меомӯзонад.
Аз Шумо оид ба тарзи нигоҳ доштани кӯдак дар гармӣ пурсида мешавад.
Ба Шумо оид ба тарзи дуруст пӯшидани либоси кӯдак, тарзи оббозӣ доштани кӯдак (ҳарорати об, хушккунии тез) фаҳмонида мешавад.
Муайян карда мешавад, ки оё пеш аз гирифтани кӯдак ба дастон аъзоёни оила дастони худро бо собун мешӯянд, бо кӯдак ба чашмонаш нигоҳ карда сухан мегӯянд ё не?
Наи нофро муоина намоед (бояд, ки хушк ва тоза бошад).
Ташрифи сеюм: дар ҳафтаи сеюми ҳаёт
- Баҳодиҳии ҳолати модар ва кӯдак (аломатҳои хатар);
- Баҳодиҳии синамаконӣ (қоидаҳои гузоштани кӯдак ба сина ва макидани сина);
- Сӯҳбат бо оила оид ба аломатҳои хатар:
- Набудани имконияти синамаконӣ ё қатъ шудани синамаконӣ;
- Мавҷуд будани рагкашӣ;
- Нафастангӣ: зиёдтар аз 60 нафасгирӣ дар 1 дақиқа;
- Иштироки мушакҳои ёридиҳанда дар нафасгирӣ ё нафасгирии тез - тез;
- Ҳарорати баланди бадан – 37,50 С ва зиёдтар;
- Ҳарорати пасти бадан – 36,50С ва камтар;
- Зардча то кафи пой;
- Набудани ҳаракатҳо;
- Аломатҳои сирояти маҳдуд: сурхии наи ноф, тарашшӯҳи фасод, сироятҳои пӯст ва тарашшӯҳи фасод аз чашм.
Ваксинатсия. Агар кӯдак солим, расида таваллуд шуда бошад, ӯро пас аз якчанд соати тавлидаш муқабили вируси гипатит ваксинатсия мекунанд. Ин бениҳоят муҳим аст, чунки кӯдак муқобили он тамоман оҷинс мебошад.
Дар 3 - 5 рӯзҳо ба навзодон инчунин ваксинаи БСЖ-муқобили сил мегузаронанд.
Хулоса
- Пас аз ба итмом расидани ташрифи табиби оилавӣ ба Шумо дар бораи вазъи саломатии фарзандатон ва инкишофи ӯ тавсияҳои дахлдор дода мешавад.
- Эҳтимол ба Шумо маводҳои чопии иттилоотӣ дар бораи инкишофи кӯдак дар ин синну сол ва маълумот дар бораи ташрифи оянда пешниҳод мекунанд.
Пас аз ташриф
- Маълумоти нав ва тавсияҳоро, ки Шумо ҳангоми ташрифи табиби гирифтед, навишта гиред.
Ташхиси доимии тиббӣ барои фарзанди Шумо муҳим аст бо шарофати онҳо инкишоф ва камолоти кӯдак таъмин карда мешавад ва Шумо дар баробари он донишҳои нав мегиреду, метавонед нақши волидайнии худро боэътимодона иҷро намоед.
Аз табиби оилавӣ хоҳиш намоед, ки ҳатман ройгон скрининги пурраи саломатии фарзандатонро барои муайян намудани бемориҳои модарзодӣ гузаронад. Агар дар натиҷаи ташхис ягон беморӣ мусбӣ муайян карда шавад ё шубҳа пайдо шавад, бояд онро аз сари нав тафтиш намуд. Скриниги аудилогиро (шунавоии кӯдак) дар 21 моҳагии кӯдак дар Марказҳои саломатӣ мегузаронанд.