Қадамҳои аввал дар муошират бо фарзандон

Падару модар шудан маънои хубтар шинохтани фарзанд мебошад. Шумо бояд фаҳмед, ки ҳамаи кӯдакон гуногунанд ва барои волидайни хуб будан, Шумо бояд ба таҷрибаи беназири худ дар муошират бо фарзандатон такя кунед.
Body

Илм мегӯяд, ки қадами аввалин барои тарбияи босифат ва рушди солими кӯдак - дарёфти роҳи робита бо онҳо аст.

Муошират бо кӯдак маънои посух додан ба талаботҳои ӯ бо меҳрубонӣ, муҳаббат ва ғамхориро дорад. Вақте ки Шумо чунин рафтор мекунед, барои кӯдак шахси махсус мешавед - шахсе, ки ӯ ба ин шахс бовар мекунад, ба ӯ такя мекунад, бо ӯ ором мешавад, малакаҳои навро меомӯзад, дар бораи худ ва ҷаҳон маълумот мегирад.

Вақте ки кӯдак аз Шумо он чизеро, ки ба ӯ лозим аст - табассум, муҳофизат, оғӯш ва меҳрубониро мегирад - ӯ ҳис мекунад, ки дар бехатарӣ аст ва муҳити атроф барои омӯхтан, бозӣ кардан ва дарк кардан бехатар аст. Он асоси солимии равонӣ, некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдаки Шуморо дар синни барвақтӣ ва синни калонтар ташкил медиҳад.

Барои барқарор кардани робита бо кӯдак, пеш аз ҳама, мушоҳида кардан муҳим аст - бубинед, гӯш кунед, аҳамият диҳед, ки ба ӯ чӣ маъқул аст, чӣ ӯро ором мекунад, чӣ ӯро ба ташвиш меорад, ба дард чӣ гуна муносибат мекунад, садоҳо  ва ғайра. Инчунин фаҳмидани «забони» кӯдак муҳим мебошад. Кӯдакон одатан бо нигоҳ кардан ё ба сӯи Шумо ҳаракат кардан, сари худро ба сӯи овози Шумо гардондан, садо мебароранд ё ҳангоми тамос бо Шумо дасту пойҳояшон ҳаракат мекунанд. Рафтори кӯдаки худро мушоҳида карда кӯшиш кунед, ки ба он ҷавоб диҳед.