Эҳсосот ва бозиҳо: кӯдакони хурдсол
Эҳсосоти кӯдакон ва бозиҳо
Кӯдакони хурдсол дар бораи эҳсосоти худ ва тарзи изҳор кардани он акнун омӯхтанро оғоз мекунанд. Бозӣ як роҳи табиии омӯхтан ва инкишоф ёфтани кӯдакон аст ва он имкон медиҳад, ки эҳсосот, аз қабили хушбахтӣ ё ноумедиро кашф ва изҳор кунанд.
Дар ин раванд маҳз шумо нақши махсус мебозед. Ҳангоми бозӣ бо кӯдак шумо метавонед ба ӯ кӯмак кунед, ки изҳор кардани эҳсосотро ёд гирад.
Бозӣ бо кӯдак – ин муоширати байни шумост. Бозичаҳо муҳим нестанд. Танҳо тағирдиҳии қиёфа барои кӯдаки шумо аллакай бозӣ хоҳад буд. Ҳангоме ки шумо ба чашмони якдигар нигоҳ мекунед, робитаро бо ҳамдигар мустаҳкам мекунед.
Кӯдакони хурдсол метавонанд ба шумо дар бораи эҳсосоти худ тавассути забони бадан бисёр чизҳоро нақл кунанд. Видеонавори таълимии мо "Кӯдаки навзод" “ишораҳои” умумиро нишон медиҳад то шумо фаҳмед, ки фарзандатон чӣ “гуфта” метавонад.
Кадом эҳсосоти кӯдаконро интизор шудан мумкин аст
Фарзанди шумо эҳтимоли зиёд дорад:
- дар 2-4 моҳагӣ бо овози баланд механдад;
- аз синни ҳаштмоҳа сар карда аз одамони ношинос хавотир мешавад ва аз одамони нав бештар метарсад – инро тарс аз шахсони бегона меноманд;
- аз ҳашт моҳагӣ сар карда ба шумо нисбат ба дигар калонсолон бартарӣ медиҳад ва мехоҳад, ки ҳама вақт бо шумо бошад;
- тақрибан аз ҳаштмоҳагӣ сар карда аломатҳои изтироби ҷудошавӣ зоҳир мекунад, ҳатто агар шумо танҳо аз хона берун шавед;
- аз 10 моҳагӣ сар карда шуморо бо муҳаббат ба оғӯш мегирад.
Идеяҳои бозиҳо барои ҳавасманд кардани эҳсосот дар кӯдаки хурдсол
Инҳоянд чанд ғояҳои бозӣ, ки ба фарзанди шумо дар изҳори эҳсосот кӯмак мекунанд:
- Бо кӯдак ҳамроҳ мусиқӣ эҷод кунед. Бозиҳои мусиқӣ, аз қабили сурудхонӣ ё садо додан бо бозичаҳо ё асбобҳои оддӣ, метавонанд ба кӯдакон кӯмак кунанд, ки эҳсосоти худро изҳор кунанд.
- Ҳангоми бозӣ бо кӯдак, ӯро ламс кунед, даст расонед. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки эҳсосоти худро изҳор кунад. Қофияҳоеро ба мисли "Ғоз-ғоз, га-га-га" хонед ва ҳангоми сурудхонӣ пойҳои кӯдаки худро қитик кунед.
- Аз чиркин шудан натарсед – бо қум, лой, ранг, пластилин, хамири намакин, гил бозӣ кунед. Ин ба кӯдак кӯмак мекунад то фаҳмад, ки маводҳо дар вақти ламс аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, кӯдаки шумо метавонад бо хушҳолӣ дастони худро ба лой занад ё обро сахт пошад. Ӯро танҳо мушоҳида кунед.
- Барои фаҳмондани эҳсосоти оддӣ лӯхтак ё бозичаҳоро истифода баред. Масалан, шумо метавонед бозичаҳоро истифода баред ва чизе гӯед, мисол "Хирсак хурсанд аст, зеро ӯ бо автобус сайругашт мекунад" ё "Хирсак ғамгин аст, бинобар ин лӯхтак ӯро ба оғӯш мегирад".
Гарчанд бозӣ барои омӯзиш ва рушд муҳим аст, хурсандии кӯдак ҳам низ муҳим аст. Агар он шавқовар набошад, он бозӣ нест. Забони бадани фарзандатон ба шумо мегӯяд, ки кай ӯ ба бозӣ шавқ пайдо мекунад ва кай дилгир мешавад.
Кай шумо бояд ба кӯмак муроҷиат кунед, агар фикр кунед, ки фарзандатон дар изҳори эҳсосот мушкилӣ дорад
Кӯдакон бо суръати гуногун афзоиш ва инкишоф меёбанд. Чун қоида, марҳилаҳои рушди кӯдак бо ҳамон як тартиб ба амал меоянд, аммо синну соли пайдоиши онҳо барои ҳар як кӯдак метавонад фарқ кунад.
Шумо метавонед ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед, агар:
- фарзандатон мунтазам аз шумо рӯй мегардонад ва ба чашми шумо тамос намекунад;
- чеҳраи кӯдаки шумо он чизеро, ки ӯ ҳис мекунад, гоҳ-гоҳ изҳор менамояд – масалан, ӯ ҳангоми хурсандӣ ё хафагӣ онро ба шумо нишон намедиҳад.