Дилбастагӣ ва нақши он дар рушди кӯдак

Пайванди қавии эҳсосотӣ бо волидайн - омили асосии рушди кӯдак (ва дар синну соли гуногун низ) мебошад. Вақте ки кӯдак худро бехатар ва дӯстдошта ҳис мекунад, ӯ муҳити атрофро бештар бо омодагӣ ва далерона дарк мекунад. Ҳамин тавр кӯдак атрофро дарк мекунад, малакаҳои муошират, муносибат бо одамони дигар, малакаҳои ҳаракатӣ ва нутқиро аз худ мекунад.
Body

Аз лаҳзае, ки зан мефаҳмад, ки ба зудӣ волидайн мешавад, дар байни одамчаи хурдсол ва модараш пайванди ноаён, ки меҳру муҳаббат (дилбастагӣ) номида мешавад, ба вуҷуд меояд.

Дилбастагӣ як шакли муоширати эҳсосиест, ки дар заминаи  талаботҳои пайдошудаи кӯдак ва қонеъ кардани он аз ҷониби калонсолон пайдо шуда ба амният ва муҳаббат асос ёфтааст. Падару модар аз давраи таваллуди кӯдак кӯшиш мекунанд, ки ӯро нигоҳубин кунанд, фаҳмидан ва қонеъ кардани тамоми талаботҳои ӯро меомӯзанд, аз ҷумла талаботҳои ҷисмонӣ ва эҳсосиро.

Аз рӯзҳои аввали ҳаёт ва дар тамоми давраи синни хурдсолӣ ба кӯдак ҳиссиёти бехатарӣ лозим аст. Оромбахшӣ, кӯмак дар танзими эҳсосот, дастгирӣ, рӯҳбаландкунӣ, фароҳам овардани шароит барои дарккунии атроф ва омӯзиш - ҳамаи ин аз ҷониби волидайн ба кӯдак дода мешавад. Алоқаи эҳсосие, ки  фарзанди шумо ҳис мекунад, дар асоси машғулияти якҷояи шумо ташаккул меёбад, ва аз чи гуна ҳамроҳ вақт гузаронидан ва ҳиссиёти кӯдак ҳангоми бо шумо будан, вобаста аст.

Рушди дилбастагии устувор ва амнияти эҳсосӣ аз он вобаста аст, ки шумо ба талаботҳои кӯдаки худ то чӣ андоза бо нармӣ ва меҳрубонӣ ҷавоб медиҳед. Асоси муносибатҳои барвақтӣ метавонад табассум ва нигоҳи меҳрубононаи калонсолон, оғӯшкашиву сӯҳбат бо кӯдак, бозиҳо ва вақтхушӣ бо кӯдак бошад.

Бо мурури калон шудани фарзанди худ, шумо роҳҳои нав ва гуногуни муоширатро бо ӯ меёбед, дилбастагиро нигоҳ ва инкишоф дода.