Ишораҳо ва забони бадани кӯдак: дастур
Дар бораи ишораҳо ва забони бадани кӯдак
Забони бадани кӯдаки шумо метавонад ба шумо гӯяд, ки фарзандатон худро чӣ гуна ҳис мекунад ва ба чӣ ниёз дорад.
Забони ғайришифоҳии тифл ба шумо дар бораи он ки кӯдак ба чӣ ниёз дорад, ишораҳои муҳим медиҳад:
- хастагӣ;
- гуруснагӣ;
- аз хоб бедор ва ба бозӣ омода аст;
- ба истироҳат ниёз дорад.
Чаро вокуниш ба ишораҳои кӯдак ин қадар муҳим аст?
Вақте ки шумо ба ишораҳои бадани фарзандатон аҳамият медиҳед ва ба онҳо вокуниш мекунед, ӯ худро бехатар ҳис мекунад. Ин ба шумо кӯмак мерасонад, ки бо ӯ муносибатҳои устувор ва бомеҳр барқарор кунед. Муносибати бехатар ва устувор бо шумо ва дигар калонсолони наздик барои инкишофи фарзанди шумо хеле муҳим аст.
Пай бурдани ишораҳои кӯдак
Ҳама тифлакон нишон дода метавонанд, ки онҳо худро чӣ гуна ҳис мекунанд ва ба онҳо аз шумо чӣ лозим аст. Дар хотир доред, ки ҳар як кӯдак маҷмӯи ишораҳои худро инкишоф медиҳад, то ба шумо нишон диҳад, ки ӯ чӣ мехоҳад. Оҳиста-оҳиста, шумо ишораҳои инфиродии тифли худро меомӯзед ва мефаҳмед, ки онҳо ба шумо дар бораи эҳтиёҷот ва эҳсосоти ӯ чӣ мегӯянд.
Вақте ки шумо ва фарзандандатон якдигарро хуб шинохта мегиред, шумо метавонед ба ишораҳои ӯ беҳтар ва зудтар ҷавоб диҳед. Масалан, вақте ки шумо бо ӯ сӯҳбат мекунед ё суруд мехонед, кӯдаки шумо метавонад хушнудии худро бо табассум изҳор кунад. Ё вақте ки шумо ба гаҳвора/катчаи ӯ наздик мешавед, ӯ метавонад ба шумо нигоҳ кунад ва дасту пойҳояшро аз шодӣ кӯбад. Муоширати мутақобила ва фаҳмиши ниёзҳои фарзандатон ба шумо имкон медиҳад, ки бо баъзе мушкилот зуд мубориза баред. Масалан, шумо мефаҳмед, ки кӯдак хаста шудааст ва бояд истироҳат кунад.
Ишораҳои кӯдак, ки хастагиашро нишон медиҳанд
Аломатҳои хастагӣ дар тифлон:
- кӯдак ба дигар тараф нигоҳ мекунад;
- бо дасту пой ҳаракатҳои ногаҳонӣ мекунад;
- хамёза мекашад;
- ангуштонашро мемакад;
- бо дастон чашмҳояшро молиш медиҳад;
- таваҷҷӯҳро ба одамон ё бозичаҳоро гум мекунад.
Вақте ки шумо аломатҳои хастагиро дар фарзандатон мушоҳида мекунед, кӯшиш кунед, ки ӯро хобонед.
Ишораҳои кӯдак, ки гурусна буданашро нишон медиҳанд
Кӯдакони навзодро ҳар 2-3 соат ғизо додан лозим аст. Вақте ки фарзанди шумо гурусна аст, ӯ метавонад амалҳои зеринро иҷро кунад:
- лаб ба лаб занад ё лабонашро лесад;
- забонашро берун кунад;
- ноором шавад (нолиш кунад, гиря кунад);
- даст дароз карда, синаро ҷустуҷӯ кунад, агар ӯ дар рӯи даст бошад;
- ҳангоми дидани сина ё шиша даҳони худро кушояд;
Шумо метавонед ин ишораҳоро дар ҳар 1-2 соат дар навзодон ё ҳар 3-4 соат дар кӯдакони хурдсол мушоҳида кунед.
Вақте шумо мефаҳмед, ки фарзандатон гурусна аст, ба ӯ ғизо диҳед. Кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро мувофиқи талаботаш ғизо диҳед, диққати худро ба ишораҳои ӯ равона кунед – ин назар ба ғизодиҳӣ аз рӯи реҷа хеле қулайтар аст.
Ишораҳои кӯдак, ки хоҳиши бозӣ кардани ӯро нишон медиҳанд
Бо мурури ба камол расидан навзодон реҷаи “ғизо-бозӣ-хоб” – ро риоя мекунанд.
Аломатҳои он, ки кӯдаки шумо омода аст бо шумо бозӣ кунад:
- кӯдак ба муҳити атроф таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад – тамошо мекунад, даст дароз мекунад, садо медиҳад;
- бо шумо бо чашм тамос мекунад;
- хушҳол мешавад ва табассум мекунад;
- бо дасту пой ҳаракатҳои равон мекунад;
- дастонашро дароз карда, ба шумо майл мекунад.
Вақте ки шумо дар рафтори кӯдак омодагии ӯро ба бозӣ мушоҳида мекунед, ба ӯ табассум кунед ва сӯҳбат намоед. Бозиҳои аввал хеле соддаанд, зеро беҳтарин бозича барои фарзандатон шумо ҳастед ва беҳтарин бозии бачагона – ин бозӣ бо шумо мебошад.
Ишораҳои кӯдак, ки нишон медиҳанд, ки кӯдак ба танаффус ниёз дорад
Кӯдакони чормоҳа ва калонтар на ҳамеша омодаанд, ки фавран пас аз бозӣ хоб кунанд. Баъзан онҳо мехоҳанд суръат ё фаъолиятро тағир диҳанд. Пас, ин ишораҳои кӯдак чӣ гунаанд?
Агар фарзанди шумо хоҳад аз фаъолияте, ки ҳоло бо он машғул аст, танаффус кунад, ӯ метавонад амалҳои зеринро иҷро кунад:
- аз шумо рӯяшро гардонад;
- тамоси чашмонро нигоҳ надорад (ба дигар тараф нигоҳ кунад);
- абрӯ чин карда лабу рӯй бурма кунад;
- худро ба ақиб кашад, қат шавад ё дур шавад;
- лағад занад ё пой занад.
Вақте ки шумо аломатҳои хастагии кӯдакро мушоҳида мекунед, ба ӯ имкон диҳед, ки каме истироҳат кунад ё фаъолияти дигаре пешниҳод намоед. Масалан, агар кӯдаки шумо аз шақшақае, ки ба ӯ нишон медиҳед, рӯй гардонад, шумо метавонед ӯро ба шикамаш гузоред ва пешниҳод кунед, ки бо дигар бозича бозӣ кунад.