Ҳавасмандгардонии рушди иҷтимоӣ ва эҳсосотӣ: 3-6 моҳ

Вақте ки сухан дар бораи рушди иҷтимоӣ ва эҳсосотӣ дар ин синну сол меравад, наздикон ва вақти бо онҳо сарфшуда манбаи таҷрибаи муҳимтарин мебошанд.
Body

Кӯдак бояд чеҳраи шуморо бинад, овози шуморо шунавад ва наздик будани шуморо ҳис кунад

Ба кӯдак нигоҳ кунед, бо ӯ гап занед, узвҳои баданро номбар кунед, суруд хонед, табассум кунед. Чеҳраи хандон мувофиқи мимикаи гуногун кашед ва бинед, ки кӯдаки шумо чӣ гуна муносибат мекунад. Баъзан ӯ ба шумо тақлид мекунад. Реҷаҳои мунтазам, ба монанди иваз намудани уребча ва хӯрокхӯрӣ, имкониятҳои ҳаррӯза мебошанд ва онҳоро аз даст надода истифода бурдан лозим аст.

Вақте ки шумо бо кӯдак гап мезанед ё суруд мехонед, овози шумо  инкишофи робитаҳои байни ҳуҷайраҳои мағзи сари ӯро боз ҳам такмил медиҳанд. Овози шумо кӯдакро водор мекунад, ки ба шумо посух диҳад - вай метавонад ба шумо бодиққат нигарад, табассум кунад ва ё бо ҳаракатҳои бадан ҷавоб диҳад. Аз ин лаҳзаҳо лаззат баред, кӯдак хурсандии шуморо ҳис мекунад. Шумо метавонед ягон мусиқии хубро истифода баред, аммо суруд овози шуморо иваз карда наметавонад.

Кӯдакро дар оғӯш гиред, ламс кунед ва ӯро ба оғӯш гиред. Ҳангоме, ки ӯ дар оғӯши шумост, худро дӯстдошта  ва амн ҳис мекунад. Натарсед, ки шумо тарбияи кӯдакатонро вайрон месозед. Вақте ки кӯдак дар назди шумо худро бехатар эҳсос мекунад, ӯ ором ва кунҷков мешавад ва барои омӯхтани ҷаҳон ва таассуроти нав  бештар омода аст.

Мушоҳида ва посух додан ба эҳсосоти баённамудаи кӯдак

Кӯдак эҳсосот ва аксуламалҳои шуморо дарк мекунад ва  онҳоро мешиносад. Ҳарду ҳолат –  эҳсосоти кӯдак ва аксуламали шумо – ин як томи ягона аст. Вокуниши шумо ба кӯдак кӯмак мекунад, то ки қувваи эҳсосотро танзим кунад, нороҳатиро бартараф кунад ва дар муносибат бо шумо боварӣ ва эътимод пайдо кунад.

Эҳсосоти худро дар наздикии кӯдакатон бо мулоимӣ ва мушоҳидаи бодиққати аксуламали ӯ баён намоед. Шумо эҳсосотеро, ки дар кӯдак мешиносед номбар кунед. Вақте ки шумо бо фарзандатон ҳастед, хурсандиро зоҳир кунед ва ба кӯдак бигӯед, ки то чӣ андоза  шумо ӯро дӯст медоред.

Ба он диққат диҳед, ки фарзанди шумо ба сӯи шумо чӣ гуна менигарад ва ё кӯшиш мекунад ки ба сӯи шумо даст дароз мекунад, зеро ин маънои онро дорад, ки ӯ мехоҳад бо шумо муошират кунад. Ба ин посух диҳед. Вокуниши шумо ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки  ӯ саъю кӯшишашро фаҳмад, ва дарк кунад, ки шумо низ ба ин қодиред. Маҳз ҳамин тавр ӯ худро муҳим, бехатар ва дӯстдошта ҳис мекунад.

Баъзан тифли шумо дар ҳолати бад  ва ё худро нороҳат ҳис мекунад. Кӯмак ва дастгирии шумо барои сабуктар кардани ҳолати ногувор ва  ё бартараф кардани сабабҳои он лозим аст. Оромии шумо, ҳаракатҳои нарм ва садои шумо барои тифлатон маънои зиёд дорад.