3-4 моҳагӣ - Таасуроти гуногун
Инкишофи кӯдак дар давраи аз 3 то 4 моҳагӣ
Муошират
Чӣ навигарӣ аст?
Дар ду моҳи аввал, шумо якдигарро шинохтед ва реҷаи рӯзро муқаррар намудед. Акнун Шумо мебинед, ки чӣ гуна фарзанди Шумо воситаҳои нави муоширатро аз худ мекунад ва дар бораи ҳиссиёти худ мефаҳмад. Гарчанде, ки гиря аз ҳама аломати муҳим бошад ҳам, давраи гиряи шадид оҳиста-оҳиста ба охир мерасад, чунки акнун фарзандатон бо Шумо бовоситаҳои гуногун муошират мекунад. Масалан Шумо табассуми ӯро мебинед ё вақте, ки ӯ ягон чизеро, ки дӯст медорад мебинад ва ё коре, ки ба ӯ писанд аст, мекунад, бо овози баланд механдад. Вай аксар вақт кӯшиш мекунад, ки бо садоҳои кӯдакона ва ё бо талаффуз кардани овозҳои садоноки ба монанди “аааа”! ба Шумо ҷавоб диҳад. Ӯ талаффуз кардани овозҳоро дӯст медорад, бинобар ин Шумо метавонед садоҳои кӯдаконаи ӯро ҳангоми танҳо монданаш шунавед. Баъзан ӯ ҳатто овозҳоеро, ки мешунавад, тақлид менамояд. Ӯ воқеан дар ин вақт муошират мекунад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Вақте, ки Шумо фарзандатонро ба оғӯш мегиреду ва бо хурсандӣ бо ӯ сӯҳбат мекунед, ӯ бодиққат гӯш мекунад ва кӯшиш мекунад, ки садоҳои овози Шуморо такрор намояд. Пас, ин амалро бештар ба анҷом расонед. Бо фарзандатон гап занед ва ҳатман ба ҷавоби ӯ эътибор диҳед. Вақте, ки ӯ овозҳоро талаффуз мекунад, ба ӯ нишон диҳед, ки Шумо аз шунидани он хушҳолед. Ба кӯдак инчунин шунидани он, ки Шумо садоҳои ӯро такрор мекунед хело маъқул мешавад. Дар давоми рӯз барои машғулиятҳои ором, ба монанди суруд хондан ба фарзандатон, ҳикоя кардан ё нишон додани китоб вақт ҷудо намоед.
Ҳиссиёт
Чӣ навигарӣ аст?
Фарзанди Шумо аз дидани чеҳраҳо холо ҳам хушҳол мешавад. Ӯ ба онҳо бодиққат ва муддати дароз тамошо карданро дӯст медорад. Вай то ҳол аввал ба Шумо менигарад. Вақте ки Шумо табассум мекунед ва абрӯ мекашед, ба Шумо тақлид мекунад. Тақрибан дар ин вақт ӯ инчунин гуфтугӯи Шуморо бо ифодаи рӯйи Шумо пайваст мекунад. Ҳоло ӯ инчунин метавонад садои одамоне, ки ӯро нигоҳубин мекунанд, шиносад ва ҳангоми шунидани онҳо сарашро гардонад. Дар ин синну сол Шумо мебинед, ки чӣ тавр ӯ ба шахсони алоҳида нохост табассум мекунад. Ба диққати Шумо инчунин мерасад, ки фарзандатон бо одамон бозӣ карданро дӯст медорад. Мо гуфта метавонем, ки ҳоло бозичаҳои дӯстдоштаи ӯ одамон ҳастанд.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Ҳангоми суҳбат бо фарзанди худ ҳама вақт ба чашмонаш нигоҳ кунед. Ба ӯ бештар имкон диҳед, ки аз ифодаи руйи Шумо назорат барад. Ба ӯ табассум кунед ва нишон диҳед, ки ба Шумо ӯро тақлид намудан маъқул аст. Ӯро ба дастатон гиред, навозиш кунед, ба ӯ табассум кунед, кӯдакона сухан гуед, суруд хонед, ба ӯ таваҷҷуҳи зиед бахшед.Таваҷҷуҳ кунед, ки ба вай чӣ маъқул аст, талаботҳои ӯро қонеъ намоед. Бо ин роҳ Шумо ӯро хушбах мекунед.
Тафаккур
Чӣ навигарӣ аст?
Ӯ мехоҳад дунёро бо дастони худ омузад. Дар як муддати муайян дар ин давра ӯ ба ашёҳои гирду атрофи худ даст дароз мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ягон чизеро, ки қапида мешавад, ба даҳонаш барад. Вақте, ки фарзанди Шумо дастҳо ва ангуштони худро бештар истифода мебарад, Шумо метавонед пай баред, ки ӯ ба дастонаш бо шавқ менигарад ва онҳоро ба сифати бозичаи аввалини шавқовари худ истифода мебарад. Дар ин давра ӯ муҳити атрофро инчунин тариқи тамошо кардан меомӯзад. Чашмони ӯ аз пайи объектҳои ҳаракаткунанда назорат мебарад. Албатта, ба кӯдак нигоҳ кардан ба руйи одамон ҳоло ҳам маъқул аст. Кӯдак шинохтани одамон, инчунин ашёи шиносро на танҳо ҳангоми наздик будан, балки аз дур оғоз мекунад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки таҳқиқ намояд, ба ӯ имконият диҳед, ки ашёҳои бехатар бо шаклҳо, таркиб ва рангҳои гуногун гирад. Ба ӯ имкон диҳед, ки ба воситаи ду ҳиссиёт, яъне даст задан ва чашидани мазза аз амалаш ҳаловат барад. Ба дасти ӯ ашёҳои шавқоварро диҳед ва кӯмак намоед, ки кӯдак бо даст онро қапад. Бо ӯ бо бозии чашмпӯшак бозӣ кунед.
Ҳаракат
Чӣ навигарӣ аст?
Дар давоми моҳҳои сеюм ва чорум Шумо мушоҳида мекунед, ки фарзанди Шумо ҳаракати сарро хубтар идора менамояд. Дигар ҳангоми дар оғӯши худ нигоҳ доштан ё ин ки хобондани кӯдак, доштани сари ӯ эхтиёчот надорад. Фарзанди Шумо воситаҳои имконпазири ҳаракатро меомӯзад. Вақте, ки Шумо ӯро ба шикам мехобонед, ӯ метавонад сарашро бардорад ва худро бо такя ба бозуаш нигоҳ дорад. Кӯдак инчунин метавонад аз шикам ба тахтапушт тоб хурад. Акнун ӯ на танҳо бозича ва ё дигар ашёро дошта метавонад, балки ашёҳоеро ки дар назди ӯ ҳастанд, таконда ва партофта низ метавонад.
Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?
Барои ҳаракат кардани фарзандатон шароит муҳайё кунед. Дар фарши хона нишаста бо кӯдак бозӣ кунед. Ашёҳои рӯзмараи оддиро ёбед, ки кӯдак онҳоро дошта ва таҳқиқ карда тавонад. Фарзанди Шумо барои бо даҳон таҳқиқ намудани ҳамаи ашёҳоро эҳтиёҷ дорад, бинобар ин боварӣ ҳосил кунед, ки дар гирду атроф танҳо ашёҳои бехатар мавҷуданд. Бо ашёҳои хурд махсусан эҳтиёткор бошед, чунки онҳо метавонанд сабаби нафасгирии кӯдак шаванд.
Барои он, ки бештар дар бораи воситаҳои дигари рушди фарзандатон ба воситаи бозӣ маълумот пайдо кунед, ба бахши “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” гузаред.
Ташвиши падару модар вобаста ба инкишофи кӯдак дар давраи аз 3 то 4 моҳагӣ
Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, бинобар ин дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди Шумо маҳорати муайянро аз худ мекунад. Маҳоратҳои интизорӣ ва номбаршуда дар ин давра (давраҳои инкишоф) танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағйироте Шумо бо калоншавии фарзандатон умедвор ҳастед, медиҳанд. Хавотир нашавед, агар рушди кӯдак каме дигар хел равад.
Аммо агар Шумо дар фарзандатон яке аз аломатҳои зерини ақибмонӣ мушоҳида намоед, агар фарзанди Шумо баъзе малакаҳоро гум кардааст, ки дар хурдсолиаш дошт ё ин ки дигар сабабҳое ҳастанд, ки Шуморо хавотир месозанд, барои мутмаин шудан ҷиҳати инкишофи дурусти фарзандатон ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед:
- фарзанди Шумо доимо дуру дароз гиря мекунад ва ӯро ором намудан ғайриимкон аст
- фарзандатон ба чашматон нигоҳ намекунад ё ин ки бо чашм
- аз паси объектҳои ҳаракаткунанда назорат намебарад
- ягон намуд овоз намебарорад ва ба овозҳо ҷавоб намедиҳад
- вай сари худро устувор нигоҳ дошта наметавонад
- вай ба бозичаҳо ва ашёҳое, ки пеш аз ӯ истодаанд, даст дароз намекунад
- ягон чизро ба даҳонаш намебарад.
Reference:
https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/3-4-months
https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/4-5-months
Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon
Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.