Хашму ғазаб ва идора намудани хашми волидайн

Ҳар кас баъзан хашмгин мешавад, хашм - ин ҳолати муқаррарӣ аст. Аммо, агар Шумо хашми шадидро эҳсос кунед ё ҳангоми хашм худро идора кардан душвор бошад, хуб мебуд, ки баъзе усулҳои идоракунии хашмро донед.
Body
Ғазаб ва волидон: чиро бояд донед

Ғазаб - эҳсоси муқаррарии инсонӣ буда, дар ягон мавриди муайян ҳамаи волидон онро эҳсос мекунанд.

Ғазаб метавонад нақши мусбат бозад. Баъзан он барои анҷом додани ягон амал ё дифоъ намудани нуқтаи назари худ қувват медиҳад. Вақте ки Шумо хашмгин мешавед, вале онро бомуваффақият идора мекунед, Шумо ба фарзандонатон намунаи хуб нишон медиҳед. Масалан Шумо ба ҷои ғазабатонро зоҳир намудан якчанд нафаси чуқур кашед ё ба ягон ҷой бароед. Ҳамин тариқ, Шумо ба кӯдакатон нишон медиҳед, ки чӣ тавр дуруст рафтор кунад.

Бо вуҷуди ин, ғазаб метавонад як эҳсоси манфӣ бошад, хусусан агар Шумо онро зуд-зуд эҳсос кунед ва дар идора кардани он душворӣ кашед. Худро дар мавриди хашмгинӣ идора карда натавонистан метавонад мушкилотро боз ҳам шадидтар кунад ва боиси муноқиша гардад. Дар ҳолати ғазабнокӣ Шумо метавонед сухане гӯед ё амалеро иҷро кунед, ки баъдтар ислоҳ кардан душвор мешавад.

Кӯдакон аз муноқишаҳои доимӣ ва доду фарёд метарсанд.

Агар ҳангоми хашмгин шудан худро идора кардани Шумо душвор бошад, шояд бо мутахассис сӯҳбат карданатон лозим ояд.

Чаро волидон баъзан хашмгин мешаванд

Ҳамчун волидайн Шумо вазифаҳои зиёди гуногун аз ҷумла дар кор, дар оила, дар хона, бо кӯдакон ва ҳаёти иҷтимоӣ иҷро менамоед. Ҳангоме, ки Шумо амалҳои зиёдеро иҷро мекунеду хаста мешавед ва дар ин маврид кӯдакон Шуморо гӯш намекунанд ё ҳама чиз аз рӯи нақша пеш намеравад, аз даст додани сабр ва ғазабнок шудан осон мебошад.

Баъзан Шумо аз ҳамсаратон ғазабнок ё нороҳат мешавед - масалан, агар Шумо дар масъалаи тарбияи фарзандон, интизом ва тақсими масъулияти оилавӣ ба мувофиқа наоед. Чунин ихтилофот ҳатто метавонад ба низоъ оварда расонад, хусусан агар Шумо эҳсос намоед, ки ба Шумо фишор меоранд ва дастгирӣ намекунанд.

Баъзан Шумо аз он ба  ғазаб меоед, ки кӯдакатон хашмгин ё норозӣ аст. Масалан, агар кӯдак хашмгин, дағал бошад ва хоҳиши Шуморо иҷро накунад, Шумо метавонед ба ғазаб оед. Дар ин лаҳза, Шумо метавонед ба кӯдак дод занед, ки баъдтар пушаймон мешавед.

Омилҳои дигар низ метавонанд боиси хашм шаванд: беморӣ, стресс дар ҷои кор, мушкилоти молиявӣ, норасоии хоб ва набудани вақт барои худ. Баъзан ба назар чунин мерасад, ки асабонияти Шумо то ҳадди охирин расидааст.

Баъзе волидайн метавонанд ҳангоми тарбияи фарзандонашон эҳсосоти дигари душвореро дошта бошанд, ки бо давраи кӯдакии худ алоқаманданд. Агар Шумо дар кӯдакӣ ба осеб, муносибати бераҳмона ё беэътиноӣ дучор шуда бошед, ҳангоми хашмгин шудан бо эҳтимоли зиёд ба ҳолатҳои муайян аз ҳад зиёд вокуниш нишон медиҳед ё бо худдорӣ кардан мушкилот хоҳед дошт.

Кӯдакони навзод ва тифлон мушакҳои гардани хеле заиф доранд ва агар кӯдакро шадидан ларзонанд, бо даст ё пой зананд ё партоянд, ин ба марг, маъюбӣ ё осеби ҷиддӣ оварда мерасонад.

Пай бурдани нишонаҳои хашму ғазаб

Баъзан вақте ки Шумо аз чизе хашмгин мешавед, ҷисматон ба Шумо дар бораи аломатҳои аввалини хашм сигнал медиҳад. Агар Шумо дарк намудани онҳоро ёд гиред, Шумо метавонед барои идора кардани хашми худ чораҳо андешед.

Аломатҳои барвақтии ғазаб:

  • афзоиши тапиши дил
  • ноором шудани шикам
  • ҳаяҷон – шиддат ё асабоният
  • нафаскашии тез
  • вазнинӣ дар минтақаи китф
  • даҳон ва дастони фишурда
  • арақкунӣ
Тафаккури манфӣ

Тафаккури манфӣ дар мавриди ғазабнокӣ ҳолати муқаррарӣ мебошад, аммо он метавонад вазъиятро бадтар кунад.

Масалан, Шумо пас аз як рӯзи серкорӣ хаста мешавед. Шумо фарзандони худро аз мактаб мегиред ва онҳо дар роҳ ба хона ҷанҷол мекунанд, ки ин амалҳо хастагӣ ва стресси Шуморо зиёд мекунанд. Дар хона онҳо ҷувздон ва либосҳояшонро ҷобаҷо намегузоранд, ки боиси хашмгинӣ ва асабонӣ шудани Шумо мегардад.

Дар ин ҳолат, метавонанд фикрҳои манфӣ пайдо шаванд:

  • «Ҳеҷ кас ба ман ҳеҷ гоҳ кӯмак намекунад - ман бояд ҳама чизро худам иҷро кунам».
  • «Чи қадар бачаҳо гапнодаро ҳастанд».
  • «Агар Шумо хуб рафтор мекардед, ман ин қадар хашмгин намешудам».
  • «Чаро маро ғамгин мекунед?»

Агар Шумо чунин фикрҳоро мушоҳида кунед, пеш аз он ки худро аз даст диҳед ва дарғазаб оед, бояд таваққуф кунед ва ором шавед.

Идеяҳои оддӣ барои идоракунии хашму ғазаб

Қадами 1: ғазабро эътироф кунед

Қадами аввал барои идоракунии хашм - пайхас кардани нишонаҳои аввал аст. Хеле муҳим аст, ки хашми худро эътироф кунед ва дар бораи он, ҳадди аққал ба худ дар дил гӯед. Масалан, "Ман ҳозир хашмгинам" ё "Ман ҳис мекунам, ки хашмгинам".

Қадами 2: кӯшиш кунед, ки ором шавед

Вақте ки Шумо аломатҳои аввалини ғазабро мушоҳида мекунед, Шумо метавонед барои ором шудан ягон кор кунед.

Якчанд усул барои ором шудан:

  • Нафаси чуқур кашед ва нафас бароред. Кӯшиш кунед, ки нафаскашии худро суст кунед.
  • Амалеро ба анҷом расонед, ки Шуморо ором кунад, масалан гӯш кардани мусиқӣ, варақ задани маҷалла ё аз тиреза нигоҳ кардан.
  • Ба давидан ё сайру гашт равед.
  • Ҳаммоми гарм қабул кунед.
  • Чанд дақиқа ба ҷои ором равед.

Суст шудани набз ва мулоим шудани мушакҳо - нишонаи ором шудани Шумо мебошад.

Қадами 3: дар бораи вазъият фикр кунед

Вақте ки Шумо ором мешавед, ба вазъият баргаштан ва дар бораи он чизе, ки рӯй дод, фикр кардан лозим аст. Ин ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз он сабақ гиред ва дар оянда бо вазъиятҳои ба ин монанд беҳтар мубориза баред.

Аз худ пурсед:

  • «Ин хеле муҳим аст? Чаро вазъияти мазкур маро ин қадар ғамгин мекунад?"
  • «Ин вазъиятро чӣ тавр ҳал бояд кард?».
  • "Оё зарур аст, ки дар ин бора амале ба анҷом расонам ё ба ҳолаш гузорам?"

Фикри хуб – ин ба фарзандон ё ҳамсар фаҳмонидани он аст, ки Шумо чӣ эҳсос доред ва чӣ кор карда истодаед. Илова бар ин, Шумо ба онҳо нишон медиҳед, ки чӣ тавр хашмро бартараф кардан мумкин аст. Масалан: «Ман хашмгинам. Ман бояд як дақиқа берун раваму ором шавам ва баъд дар ин бора сӯҳбат мекунем».

Барои кӯдакон намунаи хуб нишон додан

Агар Шумо барои ғазаболуд шудани худ узр пурсед, нишон медиҳед, ки хашмгинӣ хуб нест. Бо вуҷуди ин, хашмгин шудан мумкин аст. Дод задан хуб нест.

Бинобар ин, беҳтар аст, то узр пурсед, ки Шумо худро аз даст додед ва доду фарёд кардед. Ин ба фарзандони Шумо нишон медиҳад, ки баъзан хашмгин шудан ҷоиз аст. Ҷустуҷӯи роҳи дурусти бартараф кардани хашм муҳим аст.

Агар Шумо хашмро бартараф карда натавонед, чи бояд кард?

Аз лаҳзаҳое, ки хашмро бартараф карда наметавонед, фарёд мезанед ё чизе гуфта баъдтар пушаймон мешавед, канорагирӣ кардан душвор аст. Ин муқаррарӣ мебошад.

Дар чунин ҳолатҳо, Шумо бояд донед, ки ба фарзандон ё ҳамсар чӣ гуфтан лозим аст. Инҳоянд баъзе идеяҳо:

  • «Мебахшед, ки ман худро аз даст додам. Дафъаи дигар аввал ором мешавам».
  • «Маро бубахш, ки дод задам. Биё дар бораи чизи рӯйдода сӯ ҳбат кунем?
  • «Бубахш. Гарчанд дар ғазаб омадам, набояд ин тавр мегуфтам. Ман бояд берун баромада, ором мешудам ва баъд сӯҳбат мекардам».

Эҳсосот ҳангоми хастагӣ ва стресс ҷамъ мешаванд. Ғамхорӣ нисбат ба худ ба Шумо кӯмак мекунад, ки худро оромтар ҳис кунед ва бо фарзандон, оила ва дӯстонатон беҳтар муносибат намоед.