Кӯдаки гирёнро чӣ гуна ором кардан мумкин аст
Сабабҳои гиряи кӯдак – гуруснагӣ, беҳолӣ, нороҳатӣ ва эҳсосоти умумии нохуб мебошад. Ҳар маротиба талаботҳои кӯдак метавонад гуногун бошад ва Шумо метавонед дарк менамоед, ки дар ҳолатҳои муайян ба ӯ чи зарур аст.
Body
Тавсияҳо оид ба чӣ гуна ором кардани кӯдак
- Саннҷед, ки оё кӯдаки Шумо оё ба иваз намудани уребча эҳтиёҷ дорад, оё ӯ аз ҳад гарм шуда бошад ва ё хунук хӯрдааст.
- Агар Шумо фикр кунед, ки кӯдакатон гурусна аст ё аз ғизохӯрии охирини ӯ зиёда аз ду соат гузашта бошад, пас ӯро ба сина гузошта ғизо диҳед (ин ба кӯдакони аз пистонак ғизохӯрда низ дахл дорад).
- Агар кӯдакатон гурусна набошад ҳам ӯро ба сина гузошта ба ӯ ғизо диҳед, зеро баъзан кӯдак мехоҳад танҳо сина макад. Шумо инчунин метавонед ба кӯдакатон пистонак диҳед, вале кӯшиш намоед, ки дар давоми моҳи аввали ҳаёт онро ҳаёт истифода набаред.
- Бо кӯдаки худ оромона сӯҳбат кунед, суруд хонед ё мусиқии оромбахш навозед. Баъзан кӯдак танҳо бояд донад, ки Шумо назди ӯ ҳастед ва овози Шумо метавонад ӯро ором кунад.
- Кӯдаки худро дар танҳоӣ бо ӯ дар ҷои ороме, ки садои нолозим нест, ором кунед ва садои оромро нигоҳ доред ва сабр кунед. Дар ҳолати гиряи беист (агар сабабаш халаи навзодӣ бошад), кӯдакро бо навбат дар ҳамбастагӣ бо дигар аъзоёни оила ором кардан мумкин аст.
- Сайругашт дар аробача ва масҳи оромкунандаи кӯдак (молиши нозуки бадани кӯдак) метавонад ӯро ором созад, инчунин робитаи байни шуморо мустаҳкам кунад.