Миҷоз: миҷоз чист ва барои чӣ муҳим аст

Кӯдакон бо усулҳои вокуниши худ нисбат ба муҳит таваллуд мешаванд. Инро миҷоз меноманд. Фаҳмидани миҷози кӯдакатон метавонад ба Шумо дар интихоби стратегияҳои тарбия, ки ба рушди ӯ мусоидат мекунанд, кӯмак расонад.
Body
Миҷоз: ин чист?

Миҷоз – ин чи гуна аксуламал зоҳир намудани кӯдакон ба муҳити атроф мебошад.

Мизоҷи кӯдаки Шумо муайян мекунад, ки то чӣ андоза дар рафтори ӯ се хислатҳои зерин пайдо мешаванд:

  • Реактивнокӣ: маънои онро дорад, ки ӯ то чӣ андоза нисбат ба рӯйдодҳои ҳаяҷоновар ё чизе, ки ба ӯ мувофиқ нест вокуниши сахт нишон медиҳад. Кӯдакони реактивнокиашон баланд ба изтироби пурқувват майл доранд.
  • Худтанзимкунӣ: чӣ қадар кӯдак метавонад рафтори худро идора кунад ва чӣ гуна эҳсосоти худро нишон медиҳад. Дар ин маврид инчунин, сухан дар бораи қобилияти ҷамъ кардани диққати кӯдак нисбат ба фаъолиятҳои муайян ва дараҷаи устувории ӯ меравад.
  • Муошират: ин хислатест, ки то чӣ андоза бо одамон забон ёфтани кӯдак ва инчунин, ҳангоми вохӯрӣ бо одамони нав ё таҷрибаи нав ӯ худро чи қадар бароҳат ҳис кардани кӯдакро зоҳир мекунад.

Ҳар як кӯдак бо миҷози гуногун таваллуд мешавад ва Шумо эҳтимол миҷози кӯдаки худро аз кӯдакӣ тавсиф карда метавонед. Масалан: "Вай хеле ором аст" ё "Ӯ  риоя кардани як  реҷаи муайянро дӯст медорад" ё "Вай аз давраи кӯдакӣ хеле фаъол буд."

Тафовут дар мизоҷ мефаҳмонад, ки чаро фарзандони Шумо аз ҳамдигар фарқи хеле зиёд доранд. Масалан, яке аз дигаре серҳаракаттар аст; яке метавонад нисбат ба дигараш бештар худтанзимкунӣ дошта бошад; яке аз онҳо бештар хушмуомила аст.

Мутобиқсозии стратегияи тарбия ба миҷози  кӯдак

Шумо миҷози кӯдаки худро тағйир дода наметавонед - ин ҳамоне, ки буд мемонад ва ин хуб  аст.  

Аммо барои мусоидат намудан бо инкишофи кӯдаки худ, Шумо метавонед як стратегияи тарбияро мутобиқи миҷози кӯдаки худ тартиб диҳед. Кӯмак расонидан барои инкишофи ҷанбаҳои мусбати феъли кӯдакатон, дар ихтиёри Шумо аст. Шумо метавонед пешбинӣ намоед, ки кадом ҳолатҳо барои миҷози фарзанди Шумо душвор буда бо кадом роҳҳо Шумо метавонед барои бартараф намудани ин душвориҳо ба вай кӯмак расонед.

Дар ин ҷо баъзе ғояҳо дар бораи чӣ гуна мутобиқ кардани усулҳои тарбия бо табъи фарзанди Шумо оварда шудаанд.

Тарбияи кӯдак вобаста ба реактивнокии миҷози ӯ
Кӯдаки нисбатан реактивӣ (фаъол)

Агар Шумо кӯдаки хеле фаъол дошта бошед, пас ӯ ҳангоми рӯй додани ягон чизи хуб эҳсосоти худро равшан нишон медиҳад. Дар мавриди аз чизе қаноатманд набудан, масалан, ба чизе дастрасӣ пайдо накардан вай метавонад серҳаракат ё аз ҳад зиёд драмавӣ бошад. Эҳтимолан, ба Шумо лозим аст, ки ба фарзандатон ёрӣ диҳед, то ба рӯйдодҳо оромона масалан, ором шудан бо роҳи муайян ё бо истифода аз калимаҳо барои ифодаи эҳсосоти қавӣ. вокуниш нишон диҳад,

Кӯдакони нисбатан реактивӣ бештар аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол буда ва бояд вақти зиёдро дар берун гузаронанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки то ҳадди имкон чизҳои навро бинанд, шунаванд, эҳсос кунанд ва онҳо инчунин тағйиротро хеле дӯст медоранд. Шумо метавонед ба инкишофи кӯдаки худ кӯмак расонед, яъне метавонед ӯро ба машғул гардидан ба як намуди нави варзиш ҳавасманд намоед. Дар хотир доштан зарур аст, ки кӯдакони реактивӣ хислатҳои зуд ивазшаванда дошта зуд дилгир мешаванд. Аммо, агар ин гуна кӯдакон чизеро, ки ба онҳо маъқул аст, пайдо кунанд, аксар вақт онҳо ҳамчун шахси меҳнатдӯст ва боинтизом ба воя мерасанд.

Кӯдаки наонқадар реактивӣ (нофаъол)

Одатан, бо чунин кӯдак муошират кардан осон аст, аммо эҳтимол, онҳо худтакмилдиҳии камтар дошта бошанд. Шояд ба Шумо лозим меояд, то ба фарзандатон омӯзонед, ки барои худ истодагарӣ намояд. Масалан, агар Шумо вазъиятҳоеро бинед, ки фарзанди Шумо метавонад фаъолтар бошад, кӯшиш кунед, ки ӯро ҳавасманд намоед, то ки ба амали мазкур ба таври дигар муносибат намояд.

Инчунин назорат намудан лозим аст, ки кӯдакони наонқадар реактивӣ (нофаъол) аз муҳокимаҳои дар оила гузаранда барканор набошанд. Масалан, бигӯед: «Максуд, ту умуман чизе нагуфтӣ. Оё ту ба интихоби ин филм розӣ ҳастӣ?

Кӯдаконе, ки реактивии камтар доранд, метавонанд аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ наонқадар фаъол бошанд. Чунин кӯдак одатан дар мавриди ҷой доштани имконияти истифода бурдани малакаҳои сусти мотории худ, аз ҷумла машғул шудан ба ҳунармандӣ  ё расмкашӣ худро хушҳол эҳсос менамоянд. Эҳтимол, Шуморо лозим меояд, ки  ӯро ташвиқ кунед, то аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол бошад. Масалан, пешниҳод кунед, ки ба боғ рафта, баргҳоро барои коллаж ҷамъ кунад.

Тарбия намудани кӯдак, вобаста аз дараҷаи танзими мустақилонаи ӯ
Кӯдаки дорои худтанзимкунии нисбатан ташаккулёфта

Кӯдаконе, ки дар онҳо худтанзимкунӣ хуб инкишоф ёфтааст, эҳтимоли зиёд доранд, ки бо эҳсосоти қавӣ, аз ҷумла ноумедӣ ё асабоният мубориза баранд. Онҳо пас аз ба ҳаяҷон омадан ё аз чизе хафа шудан тезтар ором мешаванд ва онҳо камтар ба ҳаяҷон меоянд.

Чунин кӯдакон ба осонӣ диққати худро мутамарказ мекунанд. Кӯдаки дорои худтанзимкунии хуб инкишофёфта метавонад муддати тӯлонӣ, яъне то дуруст иҷро намудани амал, кореро анҷом диҳад,. Вай инчунин метавонад бо муваффақият бо ноомадиҳои кор мубориза барад ва вазифаҳоеро, ба мисли корҳои хонагӣ беназорати махсус аз ҷониби шахсони калонсол иҷро кунад. Кӯдаки Шумо метавонад каме идеалист бошад ва бинобар  ҳамин ҳам ба ӯ фаҳмонед, ки хато кардан – як одати муқаррарии одам аст.

Кӯдаки дорои худтанзимкунии нисбатан суст

Агар фарзанди Шумо дар тамаркуз кардани ягон чиз душворӣ кашад, барои идома додани иҷрои вазифаҳои душвор ӯ ба дастгирии зиёди атрофиён эҳтиёҷ  дорад. Чун қоида, чунин кӯдакон зуд аз як амал ба дигар амал мегузаранд ва онҳо ба ҳавасмандкунии доимиву роҳнамоии дақиқи калонсолон ниёз доранд. Бо вуҷуди ин, кӯдакони дорои худтанзимкунии сустинкишофёфта метавонанд хеле эҷодкор бошанд. Барои кӯмак ба фарзанди худ дар тамаркуз кардан, ӯро бо истифода аз бозиҳо ва амалҳои эҷодкорона ҳавасманд намоед ва машғулиятҳоро шавқовар гардонед.

Тарбияи кӯдак вобаста ба дараҷаи хушахлоқии ӯ
Кӯдаки нисбатан хушмуомила

Агар фарзанди Шумо хеле хушмуомила бошад, пас ӯ бо одамони дигар будан, бозӣ кардан ва дар гурӯҳ кор карданро дӯст медорад. Ба Шумо лозим нест, ки ба ӯ мунтазам бозиҳо ва машқҳо ташкил кунед, зеро барои он ки ба кӯдаки Шумо муҳим аст, ки худаш мустақилона омӯхтани ягон чизро ёд гирад. Кӯдакони хушмуомила одатан хеле зуд мутобиқ мешаванд ва метавонанд ба тағйирот дар реҷаҳои ҳаррӯза низ ба осонӣ мутобиқ шаванд. Агар Шумо имкони пур кардани ҳаёти кӯдакро бо чизҳои нав дошта бошед ин хеле хуб аст, аммо муҳим аст, ки Шумо бо ӯ як ба як вақт гузаронед.

Кӯдаки камгап

Агар фарзанди Шумо чандон хушмуомила бошад, эҳтимол вай медонад, ки чӣ тавр мустақилона бозӣ кунад ва ба кӯмаки Шумо эҳтиёҷ надорад, ки барои худ машғулият пайдо кунад. Шояд ба Шумо лозим ояд, ки ба ӯ дар пайдо кардани дӯстон кӯмак кунед. Масалан, агар фарзанди Шумо одатан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё базми кӯдакона нороҳатӣ эҳсос намояд, Шумо метавонед кӯшиш кунед, ки як ё ду дӯсти ӯро ба майдончаи бозии назди хонаи худ ё дар боғ даъват кунед.

Агар кӯдаки камгапи Шумо ба чизи нав мутобиқ нашавад, барои ӯ риоя кардан ба реҷаи муқаррарии ҳаррӯза нисбат ба мубориза бурдан бо тағйиротҳо осонтар аст. Ин нуқтаҳоро ҳангоми банақшагирии лаҳзаҳои реҷавӣ ба назар гиред ва дар ҳолатҳои зарурӣ, ба ӯ барои мубориза бурдан бо тағйиротҳо омода бошед.

Миҷози кӯдаки Шумо метавонад аз миҷози Шумо фарқ кунад. Агар миҷози волидайн ва кӯдак мувофиқ ояд, барои баъзе волидон дарк кардан ва ғамхорӣ намудан нисбати кӯдак осонтар аст. Масалан, агар Шумо пешгӯиро дӯст доред, метавонед ба осонӣ кӯдакеро нигоҳубин кунед, ки ба хоби мунтазам ниёз дорад. Аммо агар ба Шумо иҷрои амале дар вақти дилхоҳатон маъқул бошад, шояд барои одат кардан бо реҷаи фарзандатон ба Шумо вақт лозим шавад.

Миҷоз чӣ гуна метавонад тағйир ёбад?

Ҳангоми калон шудани фарзандатон Шумо метавонед баъзе тағйиротҳоро дар табъи кӯдаки худ мушоҳида кунед. Ин таъсири таҷрибаи ҳаёт аст. Масалан, кӯдаке, ки қаблан дар мактаб хеле парешон буд, ҳамчун шахсони калонсол ба иҷрои вазифаҳое шурӯъ мекунад, ки бо тамаркузи баланди диққат алоқаманд мебошанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дар кӯдак бо калон шудан ангезаҳо бештар мешаванд ё вай идора кардани рафтори худро ёд мегирад.