Ҳавасмандгардонии рушди иҷтимоию эҳсосотӣ: 6-12 моҳ
Вохӯрӣ бо шахсони бегона
Ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони бегона фарзанди шумо метавонад муносибати гуногун дошта бошад. Вай метавонад кунҷковӣ, хурсандӣ ва тарсро нишон диҳад ё аз тамос канорагирӣ кунад. Ҳамаи ин аксуламалҳо табиӣ ҳастанд. Ин ҳолат аз мизоҷи кӯдак, таҷрибаи пештара ва аз худи вазъ ва ҳолат вобаста аст. Вокуниши кӯдакро қабул кунед. Шиносоии пайдарпай, оромиш ва ба кӯдак додани вақти кофӣ барои он ки худро бехатар ҳис кунад, таҷрибаи мазкурро барояш ҷолиб мегардонад.
Аксуламал ҳангоми аз шумо ҷудо шудан
Кӯдак тадриҷан ба ҷудошавӣ одат мекунад ва аз ин сабаб, ин бояд як қисми ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ гардад. Рафтори шумо бояд равшан ва пайдарпай бошад. Бе хайрухуш кардан ба ягон ҷо наравед. Ба фарзандатон бигӯед, ки шумо кай меравед ва кай бармегардед. Оҳиста-оҳиста, барои кӯдак қабул кардани чунин ҳолатҳо осон мегардад. Бо ӯ бозии рустшавакон кунед. Ин барои бартараф кардани изтироби ҷудошавӣ ба кӯдак кӯмак мерасонад.
Дар ҷустуҷӯи дастгирӣ
Фарзанди шумо дар ҳолатҳои нав бештар мунтазири роҳнамоӣ аст ва ба шумо менигарад, аксуламали шуморо тафсир мекунад. Кӯдак дар асоси ҳиссиёт, ифодаҳои (мимика)рӯй ва шарҳҳои шумо хулосаҳои муҳим бароварда, рафтори худро ба танзим медарорад. Агар шумо ба худ боварӣ надоред ва ё тарсед, фарзанди шумо низ эҳтимолан тарс ва нобоварӣ ба худро эҳсос мекунад. Муносибати худро ба фарзандатон ба таври возеҳ фаҳмонед, ба ӯ бигӯед, ки чӣ шуда истодааст, нишон диҳед, ки бо шумо ӯ дар ҷои бехатар аст. Дар муҳлати кӯтоҳ, кӯдаки шумо тағиротҳоро бо эътимоди бештар қабул мекунад ва ба тадқиқотҳои мустақилона шурӯъ мекунад.
Эҳсосот боз ҳам мураккабтар мешавад
Эҳсосоте, ки дар фарзандатон мушоҳида мешавад, эътироф ва эҳтиром кунед. Хурсандӣ, хашм ё изтироб ҳолатҳои табиие мебошанд, ки дар посух ба рӯйдодҳо рух медиҳанд. Ин эҳсосотро номбар кунед, дар бораи он ки чӣ рух дода истодааст гап мезанед. Суханҳо, тавзеҳот ва вокунишҳои шумо ба кӯдак кӯмак мекунанд, ки эҳсосоти худро шинохта онҳоро беҳтар танзим кунад. Ҳеҷ гоҳ фарзанди худро барои эҳсосоти онҳо танқид накунед.