Тавсияҳо оид ба сарбории ҷисмонӣ, вақти хобравӣ ва бедорӣ барои кӯдакон дар синну соли аввали ҳаёт
Асоси инкишофи солим, ғайр аз ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ, хоби мукаммал ва инчунин нигоҳубини доимӣ ва муҳити атрофи инкишофдиҳанда мебошад. Бинобар ин банақшагирии машғулиятҳои ҳаррӯза мутобиқи синну сол ва талаботи кӯдак муҳим аст.
Body

Тавсияҳои умумӣ оид ба тақсими фаъолият барои кӯдакони синни то 12 моҳа:
- Фаъолияти ҷисмонии гуногун дар давоми рӯз. Кӯдак бояд дар ин синну сол на камтар аз 30 дақиқа дар фарш дар мавқеи хобида ва шишта ба бозиҳои фаъол машғул шавад то лаҳзае, ки ӯ мустақилона фаъолона ҳаракат накунад .
- Мавқеи оромии нисбӣ: кӯдакро дар фойтун (коляска) , курсӣ, интиқолдиҳанда ё дар даст бештар аз 1 соат доштан мумкин нест. Ин давраро мебоист барои машғулиятҳои инкишофдиҳанда, ба монанди сӯҳбат, сурудхонӣ, китобхонӣ, сайру гашт истифода бурд.
- Ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакон ба гаджетҳо (телевизор, планшет, телефони мобилӣ) дар снни то 12 моҳа тавсия дода намешавад.
- Бо мурури калоншавии кӯдак мешавад, миқдори вақти зарурӣ ба хоб низ иваз мешавад. Дар кӯдакони синни бармаҳал аз 0 то 3 моҳа барои хоб 14-17 соат дар як шабонарӯз меравад; дар оянда камтар: аз 4 то 11 моҳагӣ –аллакай 12-16 соат.