Бозӣ кардан бо кӯдакон
Бозӣ бо кӯдакон: барои чи онҳо дар такмил додани ҳаракат ва инкишофи ҷисмонӣ муҳим мебошанд
Агар бозӣ кӯдакро ба ҳаракат кардан водор намояд, он гоҳ барои инкишофи умумӣ ва ҷисмонии ӯ муфид хоҳад буд.
Бозӣ ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад:
- мушакҳои гардан ва болои бадани ӯро мустаҳкам гардонад, ки вай сарашро боло нигоҳ дорад ва ҳаракат кунад;
- ба самти ашёҳо ҳаракат карда онҳоро гирад;
- мушакҳои худро мустаҳкам кунад, то ки тавонад чарх занад, хазад ва ба по бархезад.
Шумо - "бозичае" ҳастед, ки кӯдаки Шумо бештар ба он таваҷҷӯҳ мекунад. Бозӣ ва ҳаракат кардан якҷоя бо кӯдаки худ воситаи олии мустаҳкам кардани муносибати байни Шумо мебошад.
Чиро интизор шудан лозим аст: кӯдакони хурдсол ва малакаҳои ҳаракат
Дар 3-6 моҳагӣ кӯдаки Шумо метавонад:
- вақте ки Шумо ӯро ба шикамаш мегузоред, ӯ ба бозичаҳо даст дароз мекунад ва ба пушт меғелад;
- ҳангоми ба пушт хобидан дастҳояшро ба даҳонаш мерасонад, ба пойҳо ва бозичаҳои худ даст дароз мекунад;
- кӯшиш мекунад, ки аз шикам ба пушт тоб хӯрда баръакс ба шикам тоб хӯрад.
То 6-9 моҳагӣ бисёре аз кӯдакон дар мавриди на дар пушт, балки дар мавриди хобидан ба шикамашон ҳаловат мебаранд. Вақте ки кӯдакон ба пушт хобанд, онҳо метавонанд ба бозичаҳо даст дароз карда, дар гирди худ ҳаракат кунанд. Вақте ки онҳо омодаанд, метавонанд ҳатто кӯшиш кунанд, ки хазида ҳаракат кунанд. Инчунин кӯдаки Шумо дар ин синнусол метавонад амалҳои дигарро иҷро кунад:
- аз шикам ба пушт ва боз ба шикам чарх занад;
- бо ёрии худаш ё Шумо мешинад;
- бо дастҳояш тела медиҳад ё ба зону мешинад;
- бо кӯмаки Шумо ба пой рост меистад.
Дар синни 9-12 моҳагӣ кӯдаки Шумо метавонад:
- хазад, чарх занад ва то чизи дилхоҳаш расад;
- аз ҳолати нишаста ба шикам хобад ё баръакс;
- бо ду даст бозӣ кунад.
Марҳилаҳои асосии инкишофёбии кӯдак одатан бо як тартиб ба амал меоянд, аммо онҳо метавонанд барои ҳар як кӯдак гуногун бошанд. Шумо метавонед дар ҷадвали кӯдаки худ ҳар моҳ он чиро ки интизор ҳастед, бифаҳмед.
Ҳолати ба шикам хобидан
Вақти хобидан ба шикам – ин миқдори вақтест, ки кӯдаки Шумо ҳангоми бедор будан дар ҳолати ба шикам хобидан сарф мекунад. Агар пас аз таваллуд кӯдакро ба шикам гузоред, ин амал барои мустаҳкам шудани гардан, сар ва қисми болои бадани ӯ кӯмак мекунад, то хазида ва худро ба боло кашад ва пас аз калон шудани аз ҷояш хезад.
Дар аввал кӯдаки Шумо ба шикам хобиданро дӯст намедорад ва Шумо метавонед кӯшиш кунед, ки ӯро ба шикамаш дар болои синаи худ ё ба болои зонуҳои худ гузоред. Ин мавқеъ инчунин ба кӯдак имкон медиҳад, ки чеҳраи Шуморо бубинад.
Шумо инчунин метавонед бо кӯдакатон дар рӯи фарш хобед. Ба ӯ бигӯед, ки Шумо дар он ҷо ҳастед. Барои ин, метавонед суруд хонед, сӯҳбат кунед, пушти ӯро сила кунед ё бо дастонаш каме бозӣ кунед.
Шумо метавонед дар аввал кӯдаки худро дар давоми 1-2 дақиқа ба шикам гузошта сипас тадриҷан ин вақтро дар як рӯз чанд маротиба то 5-10 дақиқа зиёд кунед, зеро фарзандатон ба он одат мекунад.
Агар кӯдаки Шумо танҳо дар рӯи шикам хобиданро дӯст надорад ё бемор шавад, ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
Ғояҳои бозӣ кардан барои инкишофи ҳаракат
Дар синни 0-6 моҳа Шумо метавонед бозиҳои зеринро санҷед:
- Кӯдаки худро маҷбур кунед, ки баданашро ҷунбонад, барои ин сурудҳо ва қофияҳои кӯдакона хонед ё шақшақро ҷумбонед.
- Якчанд маротиба дар як рўз, кўдакро ба шикамаш гузоред, то як муддати кўтоҳ бозӣ кунад.
Кӯдакони синни 6-12 моҳа метавонанд аз ин фаъолиятҳо ҳаловат баранд, вобаста аз он ки кадом узвҳои бадан дар синну соли барвақтӣ инкишоф меёбанд:
- Бозичаҳоро аз кӯдаки худ дур нигоҳ доред, то ӯ тавонад ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад. Шумо инчунин метавонед бозичаҳои оддии гуногун, аз ҷумла шақшақаҳоро пешниҳод кунед, ки кӯдак ба онҳо даст расонад ё нигоҳ дорад.
- Ба кӯдакатон қошуқҳои чӯбин диҳед, то ки ӯ кӯзаву дегҳо ё зарфҳои пӯшидае, ки дар даруни он ягон чӣ доранд, бизанад ва онҳоро ҷунбонад.
- Бигзор кӯдакатон дар рӯи фарш рост нишинад ва Шумо ӯро дастгирӣ кунед, тӯб ё бозичаро дар пеши ӯ ҳаракат диҳед. Ин кӯдакатонро водор мекунад, ки бо чашмони худ бозичаро пайгирӣ кунад ва ба он даст дароз карда онро гирад.
- Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки ба по хезад. Бигзор, ки ӯ дар паҳлӯи ҷевон нишинад ва даст дароз карда, сипас бархезад. Боварӣ ҳосил кунед, ки мебели Шумо устувор аст ва намеафтад.
- Кӯдаки Шумо ҳангоми рост истодан қад мекашад. Бозичаҳоро дар рӯи фарш дар пеши тифли рост истода гузоред, то ки ӯ нишинад ва онҳоро бигирад.
- Агар кӯдаки хурдсоли Шумо бо дастгирӣ истода тавонад, кӯшиш кунед, ки ба ӯ бозичаҳои чархзананда ба монанди бозичаи хонасозӣ диҳед. Агар ароба хеле тез ҳаракат кунад, ба он китобҳои вазнин ё як халтача ғалла гузоред, то суръати онро суст кунад.
- Аз курсиҳо ё қуттиҳои картон роҳравҳо созед. Кӯдаки Шумо хазиданро дӯст медорад ва дар байни онҳо ҳаракат мекунад.
Машғулиятҳои оромонаву ботамкин низ муҳиманд, ки махсусан барои инкишофи моторикаи хурди кӯдаки Шумо мусоидат мекунанд. Масалан агар кӯдак ашёҳои хурдро бигирад ё ба сатил гузорад, ин моторикаи хурди дастонро инкишоф медиҳад. Ва ҳангоме ки фарзанди Шумо ба тамошои китобҳо ё расмҳои рангоранг машғул аст, мушакҳои чашмони ӯ инкишоф меёбанд..
Ба кӯдакони то дусола гузаронидани вақт дар назди экран тавсия дода намешавад, ба истиснои сӯҳбатҳои видеоӣ бо одамони шинос, ба мисли бобою бибӣ.
Кӯдакон мефаҳманд, ки ҳама чиз чӣ гуна кор мекунад ва онҳо тавассути озмоишу хато чӣ кор карда метавонанд. Баъзан дар бадани кӯдакон ҳангоми бозӣ кардан доғҳои хурд ва зарбхӯрӣ пайдо мешаванд - ин муқаррарӣ аст. Хонаи худро бехатар созед, то кӯдаки Шумо беосеб бозӣ кунад.
Таҷҳизотҳо барои кӯдакони хурдсол
Таҷҳизоти ёрирасон ба кӯдакон, аз қабили курсиҳо барои ғизодиҳӣ, автокурсиҳо, аробачаҳо ва манежҳо муфиданд, аммо онҳо ба ҳар ҳол ҳаракатҳои кӯдаки Шуморо маҳдуд мекунанд. Шумо бояд онҳоро танҳо вақте истифода баред, ки ба ӯ воқеан лозим аст ва аз ин рӯ кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро дар дохили онҳо муддати тӯлонӣ нашинонед.
Истифодаи аробачаи худрави кӯдакона (ходунок) метавонад боиси дер роҳ рафтан, дер хазидан ва нишаста натавонистани кӯдак бе дастгирӣ гардад. Агар кӯдакон дар ҷойҳои хатарнок, аз ҷумла назди танӯрҳо, ҳоҷатхонаҳо, ташнобҳо ва зинапояҳо бирасанд, метавонад боиси осеб гирифтани онҳо гардад.