Барои чи бозӣ кардан муҳим аст
Муҳимияти бозӣ
Бозӣ барои омӯзиш ва рушди кӯдаки Шумо хеле муҳим аст. Ҳангоми бозӣ ӯ роҳҳо ва имкониятҳои гуногунро барои омӯхтан ва рушд пайдо мекунад.
Бозӣ ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад:
- устувор намудани эътимод ба худ;
- худро дӯстдошта, хушбахт ва бехатар ҳис кунад;
- инкишоф додани малакаҳои муошират, забон ва муносибат;
- донистан дар бораи ғамхорӣ кардан ба дигарон ва муҳити зист;
- малакаҳои ҷисмониро инкишоф диҳад.
Кӯдаки Шумо аз бозӣ бо Шумо лаззат мебарад, аммо баъзан ӯ метавонад танҳо бозӣ карданро афзалтар донанд. Вай метавонад танҳо хоҳад, ки Шумо бо ӯ дар бораи тарзи бозӣ фикру ақидаҳои худро мубодила кунед. Ва баъзан ӯ мехоҳад бо кӯдакони дигар бозӣ кунад. Ба фарзандатон наздик бошед, аммо бигзор вай сарвар бошад!
Бозиҳои гуногун
Бозии озод бидуни сохтори муайн — беҳтарин намуди бозӣ барои кӯдакони хурдсол аст.
Ин бозиест, ки яку якбора рӯй медиҳад, вобаста ба он чизе ки кӯдаки Шумо дар айни замон ба он таваҷҷӯҳ дорад. Бозии озод ба нақша гирифта нашудааст ва ба фарзанди Шумо имкон медиҳад, ки тасаввуроти худро истифода барад ва бо суръати худ ҳаракат кунад.
Бозиҳои озод инҳоянд:
- Бозиҳои бадеӣ ё мусиқӣ дар гурӯҳ ё танҳо;
- Бозиҳои хаёлӣ - аз қуттиҳо хонача ё аз кӯрпаҳо хайма сохтан, либос иваз кардан ё чизеро "вонамуд" бозӣ кардан;
- Омӯзиши ҷойҳои нав ё ҷойҳои дӯстдошта барои бозӣ, ба монанди ҷевонҳо ва майдончаи наздиҳавлигӣ.
Бозии озодро ташвиқ кунед, ба фарзандатон ҳама чизи лозимаро диҳед (на ҳама вақт харидан лозим!). Баъзан Шумо бояд танҳо диққати кӯдаки худро ба як тӯдаи бозичаҳои рӯи фарш ё қалам ва коғаз дар рӯи миз равона кунед. Пешниҳод кунед: "Биё ба мисле, ки мо ҳайвон ҳастем, бозӣ кунем? Ту имрӯз кӣ будан мехоҳӣ?
Бозии сохторӣ – ин чизи дигар аст. Он дар як вақти муайян ё ягон ҷои муайян ташкил карда мешавад ва сурат мегирад. Калонсол нақши асосиро мебозад, ё он ҳангоми бозӣ бо тамоми оила сурат мегирад, хусусан агар ҳама дар хона якҷоя бошанд.
Бозиҳои сохторӣ инҳоянд:
- бозиҳои оилавии рӯи мизӣ ё картабозӣ;
- ҳамроҳ кашидани расм дар варақи калон дар ягон мавзӯи муайян;
- дар майдонча бо тӯб бозӣ кардан ё гузаштан аз монеаҳо;
- вохӯрӣ дар чорабиниҳо барои хурдсолон ва кӯдакони синни томактабӣ дар китобхонаҳо ва марказҳои кӯдакона;
- рақс, мусиқӣ ё ҳунарнамоӣ барои кӯдакони синну соли гуногун.
Чӣ гуна бозӣ бо мурури калон шудани фарзанди Шумо тағир меёбад
Бо гузашти вақте ки фарзанди Шумо калон мешавад, тарзи бозии ӯ низ тағир меёбад. Дар ин ҷо идеяҳои бозӣ барои ҳар синну сол, аз кӯдакони хурдсол то кӯдакони синни томактабӣ ҳастанд.
Навзодон ва хурдсолон: бозиҳое, ки барои инкишоф мусоидат менамоянд
Барои хурдакакон беҳтарин бозича Шумо ҳастед. Бозӣ барои навзоди Шумо танҳо нигоҳ кардан ба рӯи Шумо ва гӯш кардани овози Шумост, хусусан агар Шумо табассум кунед.
Бо кӯдаки худ бо ин тарз бозӣ карда бинед:
- Мусиқӣ, сурудҳо, расиши нарм ба шиками кӯдак ҳангоми сурудхонӣ ё занги зангӯла: ин фаъолиятҳо шунавоӣ ва малакаҳои моториро инкишоф медиҳанд;
- Аҷи-аҷи (ку-ку): ин бозӣ барои инкишофи иҷтимоӣ ва эмотсионалии кӯдаки Шумо муҳим аст;
- Агар Шумо кӯдаки худро оҳиста сила кунед ё ба ӯ матоҳои гуногунро барои ламс кардан диҳед, масалан, мулоим, ноҳамвор, хорчадор, ҳамвор ва ғ.: ҳамаи ин ҳисси ламсро инкишоф медиҳад;
- Чизҳои андоза, ранг ва шаклҳои гуногун дошта диққати кӯдаки Шуморо ҷалб хоҳанд кард, ӯ бешубҳа мехоҳад ба онҳо даст дароз кунад ва ба даст гирад;
- Мебели устувор, тӯбҳо, бозичаҳо ё қуттиҳо кӯдаки Шуморо ба хазидан, такя кардан, хестан ва роҳ рафтан ташвиқ мекунанд.
Кӯдаки худро бисёртар ба шикамчааш гузоред ва бо ӯ дар рӯи фарш бозӣ кунед. Вақте ки ӯ бо шикам мехобад, ин ба мустаҳкам шудани мушакҳояш ва идора кардани онҳо кӯмак мекунад. Ин амал инчунин ба фарзанди Шумо имкон медиҳад, ки атрофро аз кунҷи дигар бубинад ва дарк кунад.
Хурдсолон: бозиҳое, ки барои инкишоф мусоидат менамоянд
Инҳоянд баъзе бозиҳое, ки шояд ба кӯдаки Шумо маъқул шаванд:
- Қуттиҳои картонӣ, сатилҳо ё пуфакҳо ашёи беҳтарин барои бо онҳо давидан, сохтан, тела додан ё кашола кардан мебошанд.
- Бо бӯр расм кашидан, бо тасмаҳои резинӣ ҷаҳидан, рақс кардан, чапакзанӣ ва пой задан ба оҳанги мусиқӣ, тела додани қуттиҳо.
- Халқаҳо, қуттиҳо ё болиштҳо барои часпида баромадан, доштани мувозинат, чархзанӣ, алвонҷ хӯрдан мувофиқанд.
- Бозиҳо бо иваз кардани либос барои рушди хаёлот ва қобилияти эҷодкорӣ мувофиқ мебошанд.
- Дар майдончаҳои калони кӯдакон, боғҳо ва майдонҳои монеадор бозӣ кардани кӯдак, ки дар он ҷо кӯдак хазида, қувваашро санҷида ва чолокиро машқ карда метавонад, ба рушди ҷисмонӣ мусоидат мекунад.
Мусиқии дӯстдоштаи кӯдаки худро пахш кунед, бигзор вай суруд хонад, садоҳо ва ритми гуногунро тақлид кунад. Бо кӯдаки худ суруд хонед, рақс кунед ва дар зери мусиқӣ кафкӯбӣ кунед.
Кӯдакони синни томактабӣ: бозиҳо барои рушд
Инҳоянд чанд маслиҳатҳое, ки ба рушди рӯҳӣ ва ҷисмонии кӯдаки синни томактабии Шумо мусоидат мекунанд:
- Шишачаҳои холӣ, қошуқҳои чӯбӣ, тубакчаҳо, чӯбчаҳо, коғаз, сатилҳои пластикӣ, дегҳо ва либосҳои кӯҳна барои бозии озоди эҷодӣ мувофиқ мебошанд.
- Пазлҳои оддӣ ва бозиҳое, ки дар он бояд мувофиқат ё фарқиятро пайдо кунад, ба беҳтар шудани хотира ва диққатнокии кӯдаки Шумо кӯмак мекунанд.
- Қалам, кайчи, коғази ранга ва сафед, ширеш, маҷаллаҳои кӯҳна ё брошюраҳо – ин ҳама чизест, ки ба Шумо барои коллаж кардан ва рушди хаёлот ва қобилияти эҷодкорӣ лозим аст.
- Моделсозӣ аз пластилин (худсохт ё харидашуда), хамири намакин ё гили полимерӣ малакаҳои хуби моториро инкишоф медиҳад.
- Барои ташкил кардани концерти раксӣ як-ду дег ва тобадон кифоя аст.
- Тубҳоро партофтан, ғелондан ва лагад задан мумкин аст.
Агар фарзанди Шумо бозӣ кардан нахоҳад
Ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдаки Шумо бозӣ кардан намехоҳад - масалан, вақте ки ӯ муддати тӯлонӣ бо ҳамон як кор машғул аст, хаста ё дилгир мешавад, ё ин метавонад вокуниш ба вазъиятҳои стресс дар хона ё атроф бошад. Ин боиси ташвиш нест.
Бо вуҷуди ин, Шумо бояд аз мутахассис, педиатр ё мураббии фарзандатон кӯмак пурсед, агар:
- Кӯдаки хурдсоли Шумо бозиҳои оддии якҷоя, аз қабили аҷи-аҷи бозӣ намекунад;
- Кӯдаки хурдсоли Шумо танҳо ба як бозича шавқ дорад ё бо бозича танҳо як кореро анҷом медиҳад - масалан, ӯ доимо ба чархзанонидани чархҳои мошини бозича шавқ дорад, ба ҷои он ки мисли кӯдакони дигари ҳамин синну сол мошинчаро дар гирду атрофи хона чарх занонад;
- Кӯдаки синни томактабии Шумо ба бозӣ кардан бо дигар кӯдакон ё бозиҳои вонамуд шавқ надорад. Аммо фаромӯш накунед, ки баъзе кӯдакон шармгин ҳастанд ва ё суст ба чизе шавқ пайдо мекунанд, инчунин кӯдакон метавонанд афзалиятҳои гуногуни бозӣ дошта бошанд.