Ҳавасмандгардонии рушди иҷтимоию эҳсосотӣ: 24 - 36 моҳ.
«Кӯдак беш аз пеш ба машғулиятҳои муштарак бо дигар кӯдакон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Бозиҳо бештар мураккабтар ва гуногун мешаванд. Бозиҳои фикри ва нақшофарӣ ба рушди тафаккур, забон, муносибат бо дигар одамон ва шахсиятҳо такони иловагӣ мебахшанд. Эҳсосоти ӯ бештар инкишоф меёбад.»
Body
Аҳамияти бозӣ бо ҳамсолон
- Вақти барои бозӣ бо ҳамсолон бештар мешавад. Ихтилофи тасодуфӣ ва ноумедӣ ногузир аст. Тавассути таҷрибаи худ, кӯдак ниёзҳои шахсиро беҳтар дарк мекунад ва онҳоро бо ниёзҳои дигарон ҳамоҳанг месозад. Қобилияти ҳамдардӣ ва эҳсосоти дигаронро пай бурдан ва қабул кардан инкишоф меёбад.
- Имконияти тамос бо кӯдакони дигаррро фароҳам оваред. Кӯдакистон, утоқҳои бозӣ, боғҳои фароғатӣ, инчунин ташрифи дигар оилаҳо бо кӯдакони хурдсол - дар ҳаёти фарзанди шумо воқеаҳои муҳим мебошанд.
- Агар фарзанди шумо шармгин бошад, ӯро руҳбаланд кунед ва пурсабр бошед. Ба ӯ фишор надиҳед, ба кӯдак вақт диҳед, то ки аз уҳдаи кор барояд.
- Агар фарзанди шумо ноором ва ба қадри кофӣ эҳтиёткор набошад, дар наздаш бошед. Ҳангоми зарурат амал кунед. Дастурҳои возеҳ (равшан) ва пай дар пай диҳед.
Мустақилият
- Ҳавасманд кардани мустақилият барои ташаккули шахсияти фарзандатон муҳим аст. Амалҳои мустақили худидоракунанда ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихорро ба вуҷуд меоранд. Шумо дар наздаш барои нишон додан, дастгирӣ кардан ва ситоиш кардан ҳастед.
- Аз машғулиятҳои ҳаррӯза истифода баред, то ки фарзанди худро ба мустақилияти бештар ташвиқ кунед. Риояи гигиенаи шахсӣ, хӯрокхурӣ, либоспӯшӣ - имкониятҳои беҳтарин мебошанд.
- Ба кӯдак имконият диҳед, ки барои шумо ягон амалеро иҷро кунад, ягон чизеро ба шумо биёрад. Нишон диҳед, ки ин барои шумо муҳим аст, фарзанди худро барои кори иҷронамудааш ситоиш кунед.
- Кӯшишҳои кӯдаконро эътироф намуда дастгирӣ кунед, ҳатто агар онҳо муваффақ нашаванд. Кӯдак ноумед намешавад ва дафъаи оянда ин амал осонтар хоҳад буд.
Ҳамкорӣ
- Кӯдак аз хоҳишҳои худ бештар огоҳӣ пайдо мекунад. Вай метавонад барои ноил шудан ба он чизе, ки мехоҳад суботкор бошад ва ҳамзамон эҳсосоти гуногуни манфӣ ва рафтори номатлуб нишон диҳад. Шояд шумо дар ин ҳолат худро нотавон ҳис кунед ё хашмгин шавед. Бидонед, ки фарзанди шумо низ чунин эҳсосот хоҳад дошт.
- Ба он чизе, ки кӯдаки шумо мегӯяд, гӯш кунед. Ба хоҳишҳои фарзандатон аҳамият дода фаҳмишро нишон диҳед. Фаҳмонед, ки чӣ кор кардан мумкин аст ва иҷозат дода шудааст ва чӣ кор кардан манъ аст. Вақте ки фарзандатон ба ҳамкорӣ омода аст, ӯро ситоиш кунед. Шумо метавонед ҳамчун мукофот, чизеро, ки ба кӯдак писанд аст, пешниҳод намоед.
- Ба кӯдак бигӯед, ки шумо ҳиссиёти ӯро мефаҳмед, эҳсосоте, ки дар кӯдак шинохтед ба ӯ номбар кунед ва фаҳмонед, ки бо кадом сабаб хоҳиши ӯ иҷро карда намешавад.
- Дар бораи амали кӯдак шарҳи манфӣ ё хашмгин надиҳед. Фаҳмиш ва оромиро нишон диҳед. Рӯшан бошед, тавзеҳоти кӯтоҳ ва пайдарпайро диҳед. Оромии шумо ва қоидаҳои равшан ба кӯдак дастгирии бузург мебошад.