Ғашкунӣ. Чаро он рӯй медиҳад ва чӣ гуна ба он аксуламал нишон додан мумкин аст
Ғашкунӣ чист?
Дар ҳаёти ҳар як волидайн дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки ӯ бо ғашкунии фарзандаш рӯбарӯ мешавад.
Ғашкунӣ - як аксуламалҳои равшани эҳсосотие мебошад, ки дар натиҷаи ҳаяҷони шадиди асабоният ба вуҷуд меояд. Кӯдак қобилияти худидоракунӣ ва назорат кардан аз болои худро аз даст дода то гирифтани овозаш дод мезанад, худро ба рӯи фарш мепартояд, даступо мезанад ва ҳангоми ором кардан, ӯ метавоад калонсолонро занад ё газад.
Ғашкунӣ метавонад бо тарзҳои гуногун зоҳир шавад ва ба муддати номуайян давом кунад. Ғашкунӣ ҳамеша дар ҳузури ақаллан як тамошобин ташкил карда мешавад. Чунин намоиши рафтор дар мавриди беаҳамиятии калонсолон ва фаъолона иштирок накардани онҳо хеле тезтар паст шуда, бемаънӣ мегардад. Ғашкуниро метавон ба се марҳила тақсим кард:
Аввал - марҳилаи овозӣ мебошад. Кӯдак гиря мекунад, дод мезанад, нола мекунад, бо садоҳои баланд таваҷҷӯҳи атрофиёнро ба худ ҷалб мекунад.
Дуюм - моторӣ ё ҳаракатӣ аст. Кӯдак бозичаҳо ё ашёи дигарро мепартояд, ба рӯи фарш меафтад ва дар болои он печутоб хӯрда дасту пой мекӯбад. Агар Шумо дар ин лаҳза кӯдакро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ором карданӣ бошед, ӯ метавонад занад, газад ё гурезад. Хавфи ин марҳила дар он аст, ки кӯдаке, ки назорати бадани худро аз даст додааст, метавонад тасодуфан захмӣ шавад.
Сеюм- марҳилаи боқимонда аст. Тӯфон гузашт ва хастагии ҷисмониву эҳсосӣ боқӣ мемонад. Кӯдак дигар дод намезанад, балки ором гиря мекунад, сахт оҳ мекашад ва нола мекунад, ӯ метавонад ба ҳиккак задан шурӯъ намояд. Дар ин марҳила Шумо метавонед кӯдакро ба оғӯш кашед, ӯро итминон диҳед, аммо ба Шумо лозим нест, ки ба ӯ бо овози баланд изҳори пушаймонӣ намоед - ин танҳо хуруҷро тӯлонӣ мекунад ва ба пурра ба худ омадани кӯдак халал расонад. Ҳама муҳокимаҳо ва шарҳҳо бояд дертар, яъне то паст шудани эҳсосот мавқуф гузошта шаванд.
Чаро ғашкуниҳо рӯй медиҳанд
Ғашкуниҳо аксар вақт дар кӯдакони хурдсол пайдо мешаванд. Дар ин давра, малакаҳои иҷтимоӣ ва эҳсосии онҳо нав ба ташаккулёбӣ оғоз карда истодаанд ва ба онҳо дар вақти ифода кардани эҳсосоти қавӣ калимаҳо намерасанд. Кӯдакро эҳсосот фаро гирифта, ӯ мехоҳад чизеро ба Шумо расонад ва ӯ интизори дарк кардан ва дахолат кардан аст. Ӯ намедонад, ки чӣ гуна ҳиссиёти худро баён намояд ва ҳиссиёт ӯро асабӣ карда оташи хашмро дар онҳо ба вуҷуд меорад.
Дар кӯдакони калонсол низ ғашкунӣ пайдо мешавад. Пайдоиши ғашкунӣ дар онҳо метавонад бо ҳанӯз дарёфт накардани усулҳои мувофиқтари изҳор намудан ва идоракунии эҳсосот вобастагӣ дошта бошад.
Дар поён сабабҳои ғашкунӣ дар кӯдакони хурдсол ва ҳам кӯдакони калонтар оварда шудаанд:
- Миҷоз. Ин таъсир мерасонад, ки кӯдакон ба ҳодисаҳои ногувор то чӣ андоза зуд ва сахт муносибат мекунанд. Кӯдаконе, ки ба осонӣ хафа мешаванд, эҳтимоли баланди ба Ғашкунӣ гирифтор шуданро доранд.
- Бӯҳрони синусолӣ - давраи кӯтоҳ, вале пурталотум аст. Он метавонад бо камолоти шахсӣ ва психологии кӯдак, ки барои ба даст овардани мустақилият кӯшиш мекунад, якрав мешавад, ҳудуди он чизеро, ки иҷозат дода шудаасттаҳқиқ мекунад ва волидонро тақлид кардан мехоҳад, алоқаманд бошад.
- Нороҳатии ҷисмонӣ. Гуруснагии аз ҳад зиёд ё ташнагӣ, гармӣ ё хунукӣ, хастагӣ ё аз ҳад зиёд ҳаяҷон метавонад боиси пайдоиши ғашкунӣ гарданд.
- Эҳсоси нотавонӣ дар вазъиятҳое, ки кӯдакон аз ӯҳдаи онҳо баромада наметавонанд. Масалан, кӯдак мехоҳад аз амалҳои худ натиҷаеро ба даст орад (қалъа созад, дарахт кашад), аммо ин корро карда наметавонад. Бояд дарк намуд, ки дар чунин лаҳзаҳо ӯ воқеан хеле ғамгин мешавад ва ин мушкилот тамоми андешаву эҳсоси як одами хурдсолро фаро мегирад.
- Номунтазамии волидайн, ки метавонад бо талабҳои зиддиятнок ва бемантиқ нисбат ба кўдак ифода шавад. Дар мавриди вуҷуд надоштани ягон системаи возеҳ ва фаҳмо кӯдак дар гумроҳӣ ва нофаҳмӣ қарор мегирад, ки ӯ роҳи халосиро дар зоҳиркунии Ғашкунӣ пайдо мекунанд.
- Муҳофизати аз ҳад зиёд. Вақте ки волидайн дар ғамхории худ дар нисбати кӯдак ҳадди муайян намегузоранд ва бо меҳру муҳаббати худ ӯро «бӯғӣ» мекунанд, кӯдак нисбат ба амалҳои мазкур муқобилият нишон медиҳад. Ғашкунӣ аслиҳаи асосии кӯдак мегардад.
Чӣ тавр эҳтимолияти пайдоиши ғашкуниро дар кӯдакон паст кардан мумкин аст
Барои кам кардани эҳтимолияти ғашкунӣ, Шумо метавонед амалҳои зеринро ба анҷом расонед:
- Стрессро кам кунед. Кӯдакони хаста, гурусна ва аз ҳад зиёд ба ҳаяҷономада эҳтимолияти ба ғашкунӣ гирифтор шуданашон бештар аст.
- Ба зуҳуроти эҳсосии кӯдак диққат дода ҳиссиёти ӯро назорат кунед. Шумо метавонед тахмин кунед, ки кай ӯро изтиробҳои сахт интизоранд ва бо кӯдаки худ дар бораи он чизе, ки рӯй дода истодааст, сӯҳбат кунед. Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки эҳсосоти худро дарк намуда, бо изтироб мубориза баранд. Шумо инчунин метавонед кӯшиш кунед, ки фикри ӯро ба дигар самт баред.
- Сабаби ғашкуниро муайян кунед. Масалан, вақте ки Шумо ба мағоза меравед, фарзанди Шумо метавонад ба ғашкунӣ гирифтор шавад. Кӯшиш кунед, ки тартиби рӯйдодҳоро тағйир диҳед ё корҳои худро тавре ба нақша гиред, то аз пайдоиши ғашкунӣ канорагирӣ кунед. Масалан, пас аз он ки кӯдак каме хобид ва каме ғизо истеъмол кард, Шумо метавонед ба мағоза равед.
- Бо кӯдаки худ дар бораи эҳсосотҳо сӯҳбат кунед. Вақте ки ӯ бо изтироби қавӣ мубориза мебарад, ӯро даъват кунед, ки ин эҳсосот ва сабаби пайдоиши онро номбар кунад. Масалан: " Ту бозичаро бинобар кор накардаи он хашмгин шуда партофтӣ?”
Чӣ тавр бо ғашкуниҳо дар кӯдакон мубориза бурдан мумкин аст
Новобаста аз он ки Шумо барои пешгирӣ кардани онҳо чӣ кор мекунед, ғашкуниҳо рӯй медиҳанд. Баъзе ғояҳо барои мубориза бурдан бо ғашкуниҳо ҳангоми руй додани онҳо:
- Оромиро нигоҳ доред (ё ки чунин вонамуд кунед!). Агар лозим бошад, як лаҳзаи вақтро барои худ ҷудо кунед. Оромона сухан гӯед, бошуурона ва оҳиста амал кунед.
- Эҳсосоти фарзанди худро баён кунед. Масалан: "Вақте ки яхмос аз конусаш меафтад, хеле рӯҳафтода мешавӣ, ҳамин тавр не?". Ин метавонад ба фарзанди Шумо кӯмак кунад, ки Шумо эҳсосоти худро дарк кунад ва фаҳмад, ки Шумо дар бари ӯ ҳастед ва ба ӯ ҳамдардӣ мекунед.
- Мунтазир бошед, ки ғашкуиаш гузарад.Ба кӯдак наздик бошед, аммо кӯшиш накунед, ки ӯро ором кунед ё диққаташро ба дигар ҷо ҷалб кунед. Агар Шумо он лаҳзаро дарёб накунед ва ғашкунӣ аллакай оғоз шуда бошад, ором будан ва устувор мондан муҳим аст.
- Агар Шумо дарк накунед, ки маҳз чӣ ба ғашкунӣ оварда расонд, кӯшиш кунед, ки саволҳои асоснок диҳед: «Ту тарсидӣ? Туро ранҷонад? Нӯшидан мехоҳӣ?"
- Ҳангоми ҷорӣ кардани қоидаҳо ва маҳдудиятҳои муайян устувор ва ором бошед. Агар Шумо баъзан дар мавриди ғашкунӣ ба фарзандатон он чизеро, ки ӯ мехоҳад, диҳед ва баъзан надиҳед, он гоҳ рафтори бад метавонад афзоиш ёбад.
Ғашкунӣ дар кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ
Шумо метавонед ҳамаи маслиҳатҳои дар боло зикршударо истифода баред, то ғашкуниро дар кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ идора намоед.
Дар ин синну сол кӯдакон дарк мекунанд, ки амали онҳо оқибатҳои муайян дорад. Ин фаҳмиш метавонад ба Шумо дар истифодаи оқибатҳои рафтори кӯдакатон кӯмак расонад.
Муҳим аст, ки боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо ногаҳон Шумо ғашкунии кӯдаки худро дастгирӣ намекунед ё тақвият намедиҳед. Масалан, агар кўдак аз порақанд нахаридани Шумо ғаш кунад ва Шумо баъд аз он ба ӯ порақанд харед, ин гуна рафтори зид ғашёро тақвият медиҳад. Агар Шумо ба сари фарзандатон дод занед ё илтимос кунед, ки ҳангоми хашмгин шуданаш ором шавад, ин таваҷҷӯҳи Шумо низ метавонад, вазъиятро мушкилтар кунад. Ғашкунӣ метавонад ҳамчун роҳи ҷалби таваҷҷӯҳи Шумо хизмат кунад.
Агар фарзанди Шумо ноҷуриҳои инкишоф, аз ҷумла аутизм дошта бошад, он гоҳ дар онҳо метавонад зуд-зуд ва ба таври вазнин ғашкунӣ пайдо шавад. Барои паст кардани ин рафтор, барои кӯмак ба мутахассисон муроҷиат кунед.
Чӣ тавр бо ғашкунӣ мубориза бурдан мумкин аст
Ғашкуниҳо метавонанд хеле хастакунанда бошанд ва боиси пайдоиши стресс шаванд. Эҳтимол Шумо фикр кунед, ки бояд фавран ба ғашкунӣ хотима диҳед, аммо рафтори боғаразона на ҳамеша амали дуруст мебошад.
Якчанд ғояҳо дар бораи чӣ гуна оромиро нигоҳ доштан:
- Стратегияи кӯмак ба худ ва фарзандатонро дар мавриди ғашкунӣ коркард намоед. Нақшаи муайян тартиб диҳед, ки чӣ гуна Шумо дар ҳама гуна вазъият ғашкуниро ҳал мекунед. Таваҷҷӯҳ кунед, ки нақшаи худро ҳангоми ба амал омадани ғашкунӣ кунед.
- Далелеро қабул кунед, ки Шумо аз болои эҳсосот ва рафтори фарзандатон назорати мустақим надоред. Танҳо Шумо метавонед кӯдаки худро бехатар нигоҳ доред ва рафтори ӯро идора кунед, то ки дар оянда ғашкунӣ камтар шавад.
- Дарк кардан муҳим аст, ки барои ба амал омадани тағйирот вақт лозим аст. Ба кӯдаки Шумо зарур аст, ки барои пурра нест шудани ғашкунӣ амалҳои зиёдеро анҷом диҳад. Ташаккул додани малакаҳои худтанзимкунӣ ва татбиқи онҳо - вазифаи доимӣ мебошад.
- Гумон накунед, ки фарзанди Шумо қасдан ин корро мекунад ё мехоҳад Шуморо хафа кунад. Аксар вақт кӯдакон малакаҳои заруриро барои мубориза бурдан бо вазъият надоранд.
- Ҳисси ҳаҷвро нигоҳ доред. Аммо ба ҳоли кӯдак нахандед, зеро ин метавонад ӯро боз ҳам бештар нороҳат кунад.
- Агар шахсони дигар ба Шумо нигоҳи норозиёна дошта бошанд, ба онҳо аҳамият надиҳед. Эҳтимол, вақти зиёде гузаштааст, ки онҳо кӯдаки хурдсол надоранд, чӣ будани кӯдаки хурдро фаромӯш кардаанд ва ё фарзанд надоранд.
Худро ҳамчун волидайн барои зуд-зуд гирифтор шудани кӯдакатон ба ғашкунӣ гунаҳкор ё маҳкум накунед. Дар хотир дошта бошед, ки ғашкунӣ дар ҳамаи кӯдакон дида мешавад. Ба ҷои ин, диққат диҳед, ки Шумо бо ин рафтор чӣ гуна муносибат мекунед. Ва дар хотир нигоҳ доред, ки Шумо танҳо инсон ҳастед ва қисми тарбияи волидон – ин омӯзиши ҷорӣ мебошад.