Аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон омадан: наврасон ва кӯдакони калонсол

Муҳити ҳавасмандкунандае, ки дар он бозӣ кардан ва тадқиқ кардан мумкин аст, ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки омӯзад ва инкишоф ёбад. Аммо баъзан шумораи машғулияти аз ҳад зиёд метавонад, ба дилгиршавии зиёд оварда расонад ва аз ин сабаб барои фарзанди Шумо муҳим аст, ки вақтро инчунин дар муҳити ором низ гузаронад. Муҳимтар аз ҳама – ёфтани мувозинат байни машғулиятҳои фаъол ваоромона барои фарзандатон мебошад.
Body
Ҳаяҷони аз ҳад зиёд чист?

Ҳаяҷони аз ҳад зиёд вақте рӯй медиҳад, ки ба кӯдак эҳсосоти изтироб, ҳиссиёти нав, садо ва фаъолиятҳои гуногун нисбат ба он, ки ӯ қобилияти ҳазм кардаро дорад, бештар ба миён меояд.

Масалан, кӯдаки навзод пас аз омадани меҳмонон ва ӯро ба оғуш гирифтани шумораи зиёди онҳо,  метавонад хеле ноором шавад. Кӯдаки синни томактабӣ метавонад пас аз як ҳодисаи муҳим, ба монанди рӯзи таваллуд, ғаш кунад. Кӯдаки синни мактабӣ метавонад, бинобар пас аз мактаб боз дар гуруҳи дарозмуддат истодан ва пас аз он боз ба  машқи шиноварӣ рафтан инҷиқӣ кунад.

Кӯдакони аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон омада монда мешаванд ва метавонанд худро аз ҳад зиёд хаста эҳсос кунанд. Вақте ки чунин воқеа рӯй медиҳад, кӯдак бояд вақтро дар оромӣ ва дар муҳити шиносу ором гузаронад.

Аломатҳои аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон омадан

Агар кӯдаки навзод ё калонтари Шумо аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон ояд, ӯ метавонад:

  • хашмгин ё хаста бошад;
  • бештар гиря кунад;
  • хашмгин менамояд ё аз Шумо руй мегардонад;
  • ларзад;
  • муштҳои худро фишорад, дастҳоятшро афшонад ё занад.

Агар кӯдаки синну солаш калонтар ё кӯдаки синни томактабӣ аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон омада бошад, ӯ метавонад:

  • хаста, хашмгин ва озурда ба назар расад;
  • гиря карда эҳсосоти худро бо калима тасвир карда наметавонад;
  • бо ашк ё хашм худро ба фарш партояд;
  • ба Шумо мегӯяд, ки вай дигар коре кардан намехохад;
  • аз иҷрои корҳои оддӣ, ба монанди бастани камарбанди бехатарӣ даст кашад.

Шумо зуд мефаҳмед, ки фарзанди Шумо аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон меояд.

Чӣ тавр тавозуни машғулиятҳои фаъол ва оромро ёфтан мумкин аст

Дар панҷ соли аввали ҳаёти кӯдак мағзи сари вай аз ҳарвақта дида фаъолтар ва тезтар инкишоф меёбад. Изтиробе, ки фарзанди Шумо дар синни бармаҳал мегирад – аз чизҳоест, ки ӯ мебинад, мешунавад, ламс мекунад, бӯй мекунад ва мечашад – ҳамаи ин мағзи сарашро ангезиш дода, миллионҳо алоқаҳои асабиро барқарор мекунад.

Ин маънои онро дорад, ки фарзанди Шумо дар муҳити ҳавасмандкунанда ба бисёр машғулиятҳои гуногун, имкониятҳои фаровон барои бозӣ кардану омӯзиш ва инчунин имкониятҳои амалӣ кардани чизҳои омӯхтааш ниёз дорад.

Аммо ин маънои онро надорад, ки Шумо бояд ҳар рӯз дар назди фарзанди худ бозичаҳоро ларзонед ё кӯдакро аз мактаб гирифта, ба машғулиятҳои беруназмактабӣ баред. Кӯдакони хурд ва кӯдакони калонтар низ бояд  вақти худро дар оромӣ, дар муҳити пешбинишавандаву шинос гузаронанд.

Ба фарзандатон худро дар муҳити ором хушҳол намудан ва омухтани муҳити атроф ба тавр ва суръати худ манфиатовар хоҳад буд. Ин кӯдакро ба худмашғулдиҳӣ, фаҳмидаи оне, ки дар кадом вақт ба ӯ хомӯшӣ лозим аст ва чӣ тавр ба худ ёфтани машғулиятҳое, ки ӯ худро беҳтар ҳис карда метавонад, меомӯзонад .

Тифлон: ҳангоми ба ҳаяҷон омадан чӣ бояд кард

Вақте Шумо мебинед, ки кӯдакатон аз ҳад зиёд хаста шудааст, ӯро ба ҷои хомӯше баред, ки ӯ ором шавад - масалан, ӯро дар кат хоб кунонед. Агар Шумо бо кӯдаки худ сайру гашт кунед, ӯро ба аробача шинонда болояшро бо курпа ё курпаи сабук пӯшонед.

Парпеч кардани кӯдакони навзод ва хурдсол ба онҳо кӯмак мекунад, ки ором шаванд, зеро парпеч кардан эҳсосоти ҷисмониро кам мекунад. Агар Шумо ҳангоми иҷро намудани корҳои ҳаррӯзаи худ кӯдакро бо слинг ё монанди он ба баданатон наздик баста коратонро иҷро намоед, ин ба оромии рӯҳии фарзандатон кӯмак мекунад.

Кӯдакони хурдсол ва кӯдакони синни томактабӣ: ҳангоми ба ҳаяҷон омадан чӣ бояд кард

Ба манзури Шумо якчанд маслиҳатҳо оид ба чӣ гуна муносибат кардан бо вазъияте, ки агар фарзанди хурдсол ё синни томактабии Шумо аз ҳад зиёд ба ҳаяҷ омада бошад, пешниҳод мегардад:

  • Худро ором нигоҳ доред. Ҳолати Шумо ба кӯдак низ таъсир мерасонад.
  • Садо ва фаъолиятро дар атрофи кӯдак кам кунед, телевизор ё ягон манбаи садоро хомӯш кунед ва бо кӯдак ба утоқи ӯ равед ё дар ҳолати ором шудан ба ӯ наздик шавед.
  • Бо истифода бурдан аз калимаҳо ба фарзандатон барои тасвир кардани эҳсосоте, ки ӯ тавассути рафтор баён мекунанд, кӯмак расонед. Метавонед бигӯед: "Мебинам, ки ту ғамгин ҳастӣ", "Мебинам, ки хаста ҳастӣ".
  • Бо фарзандатон оромона нишинед ва кори таскинбахше кунед. Шумо метавонед афсона хонед, бо ӯ бихобед, сурудҳои ором бихонед ва ё танҳо пушташро сила кунед. Вақте ки ӯ ором мешавад, ба ӯ вақт диҳед, ки танҳо бозӣ кунад.
  • Агар фарзанди Шумо гӯяд, ки ӯ ба ягон чизе машғул шудан  намехоҳад, аз ӯ пурсед, ки дар ин машғулият чӣ барои ӯ маъқул нест. Вақте сӯҳбатро оғоз куед, ки ӯ ором шуда бошад.

Мушкилоти рафторро, дар мавриди аз ҳад зиёд дар ҳаяҷон ё дар ҳолати стресс будани фарзандатон метавонад қариб ҳамеша тавассути тағйир додани муҳити атрофи кӯдак ҳал кунед.

Кӯдакони синни мактабӣ: ҳангоми ба ҳаяҷон омадан чӣ бояд кард

Дар ин синну сол кӯдаконро ором кардан мумкин аст. Якчанд маслиҳатҳое, ки ба Шумо кӯмак намуда метавонанд:

  • Ба фарзандатон калимаҳо гӯед, то эҳсосотеро, ки онҳо тавассути рафторашон баён мекунанд, тасвир кунанд. Метавонед бигӯед: «Мебинам, ки ту ғамгинӣ», «Мебинам, ки ту хаста ҳастӣ».
  • Агар ӯ хаста бошад ё аз сабаби аз ҳад зиёд дилгир шудан инҷиқӣ кунад,  оромона ба ӯ пешниҳод кунед, ки ба ҷои ором биравад. Масалан, ӯ метавонад дар ҳуҷраи худ китоб бихонад ё мусиқӣ гӯш кунад.
  • Бо фарзандатон дар бораи  машғулиятҳои қобили таваҷҷӯҳаш сӯҳбат кунед. Агар ӯ ҳис кунад, ки машғулиятҳо барои ӯ хеле зиёданд, шояд ба ӯ лозим меояд, ки дар бораи даст кашидан аз баъзеи онҳо фикр кунад.
  • Дар бораи машғулиятҳое фикр кунед, ки ба фарзанди Шумо дар бартараф кардани стресс ва шиддатнокшавӣ кӯмак мекунанд ва шояд коре, кунед ки Шумо ва фарзандатон якҷоя онро иҷро карда метавонед.

Дар ҷадвали ҳарҳафтаинаи Шумо бояд вақти кофӣ барои иҷрои вазифаи хонагиатон, вақт барои бо оилаатон гузаронидан, вақт барои бо дӯстон сӯҳбат кардан ва танҳо бо худ будан ҷудо шуда бошад.

Тақсимоти оптималии сарборӣ 

Ба саволи он ки чӣ қадар сарборӣ оптималӣ мебошад, ҷавоби дурусти дақиқ вуҷуд надорад, зеро ҳар як кӯдак дорои хусусиятҳои инфиродӣ мебошад. Кӯдакони гуногун метавонанд дараҷаҳои гуногуни ҳаяҷонро идора кунанд.

Вобаста аз оне, ки фарзанди Шумо мехоҳад ва чӣ гуна амал мекунад, ҳамчун да роҳнамо қабул кунед ва амал кунед, аммо дар хотир доред, ки барои ҳама чиз меъёр муҳим аст.

Агар Шумо кӯдаки навзод ё кӯдаки хурдсол дошта бошед, тавсия дода мешавад, ки ғайр аз вақти  хоб, ҳар рӯз вақт ҷудо кунед, то ӯ ба таври бехатар бозӣ кунад ва ё истироҳат намояд.  

Ба кӯдаки синни мактабии Шумо иштирок кардан дар як ё ду чорабинии беруназмактабӣ воқеан ҷолиб хоҳад буд. Варзиш, мусиқӣ ва дигар маҳфилҳо метавонанд як роҳи олии инкишоф додани малакаҳо, пайдо кардани дӯстони нав ва корҳои шавқовар бошанд. Аммо агар барои корҳои беруназмактабӣ вақти зиёд сарф карда шавад, пас барои истироҳат кардану бозиҳои мустақил бо мақсади истироҳат ва фароғат кардан, вақт  боқӣ намемонад.

Машғул намудани худ - як маҳорати муҳими ҳаёт аст. Бо рӯҳбаланд кардани ӯ, Шумо ба фарзандатон кӯмак мерасонед, ки ӯ ба як шахси мустақил табдил ёбад.