Хондан ва нақл кардани ҳикояҳо ба кӯдакони хурдсол ва кӯдакони калонтар

Хондани китоб ва нақл кардани ҳикояҳо ба кӯдак ба инкишофи тахайюлот мусоидат мекунад, нутқ ва эҳсосотро меомӯзад, инчунин пайванди байни шуморо мустаҳкам мекунад. Шумо на ҳамеша бояд китоб хонед, вале метавонед китобҳои суратдорро тамошо кунед, суруд хонед ё ҳикояҳо нақл кунед. Тавсия дода мешавад, ки ба кӯдак ҳар рӯз ҳадди аққал як китоб хонед ё як ҳикоя нақл кунед.
Body
Чаро хондан барои кӯдакони хурдсол муҳим аст

Ҳар рӯз нақл кардани ҳикояҳо, сӯҳбат ва сурудхонӣ ба инкишофи кӯдаки Шумо мусоидат мекунад.

Бо кӯдакон хондани ҳикояҳо барои калонсолон низ муфид аст. Вақти махсусе, ки Шумо якҷоя китоб мехонед, барои мустаҳкам кардани муносибатҳои байни шумо кӯмак мекунад.

Ба фарзанди худ бо овози баланд хонданро дар синни барвақт оғоз кунед. Ба фарзандатон дар рӯи даст будан, гӯш кардани овози Шумо, шунидани қофия ва эҳсоси оҳанг, инчунин дидани расмҳо маъқул мешавад.

Ҳикояҳо ва сурудҳо

Хондан – ин ягона роҳи кӯмак дар инкишофи нуқт ва баланд бардоштани саводнокии кӯдак нест.

Шумо метавонед ҳикояҳои худро эҷод кунед ё ҳикояҳои оилавиро нақл кунед. Тавассути сурудҳо, ҳикояҳо ва сӯҳбатҳо фарзанди Шумо калимаҳоро меомӯзад ва малакаҳои нутқро инкишоф медиҳад.

Хондан ба кӯдак бо забонҳои дигар

Шумо метавонед ба кӯдак бо ҳар забоне, ки барои Шумо гап задан осонтар бошад, китоб хонед, суруд хонед ва ҳикояҳо нақл кунед.

Парешон нашавед, агар забони муошират дар кишвари Шумо, забони модарии фарзанди Шумо набошад. Сатҳи хуби донистани забони аввал заминае хоҳад буд, ки ба фарзанди Шумо дар оянда омӯхтани забони дуюмро осонтар месозад.

Шумо метавонед бо кӯдак ба ҷои хондани калимаҳо, дар бораи расмҳои китоб сӯҳбат кунед. Шумо метавонед якҷоя ҳикояҳо эҷод созед.

Ба кӯдак кадом вақт китоб хондан, суруд хондан ва ҳикоя нақл кардан лозим аст

Шумо метавонед пеш аз хоб, ҳангоми оббозӣ, вақти нишастан дар болои тубакча, дар мошин, боғи фароғатӣ, аробача, гаҳвора/катча, дар вақти интизор будани навбати худ ба ягон ҷой ва ғайра ба кӯдак китоб хонед ё ҳикоя нақл кунед. Шумо метавонед китобҳоро як ҷузъи ҳаёти ҳаррӯзаи худ созед - онҳоро бо худ ба ҳама ҷо баред, то мутолиа кунед ва аз он лаззат баред.

Ҳангоми ҳикоя нақл кардан ба аксуламали кӯдак диққат диҳед ва агар ин ба кӯдак маъқул нашавад, бас кунед. 

Агар Шумо китобе надошта бошед ё ҳикоя эҷод карда натавонед, хавотир нашавед. Роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки Шумо ва фарзандатон метавонед ба ҳамдигар ҳарфҳоро номбар кунед, калимаҳоро хонед ва расмҳоро нишон диҳед. Масалан, Шумо метавонед тамошо кунед:

  • бастабандӣ ҳангоми дар хона ё дар мағоза будан, махсусан банду басти маҳсулоти озуқа;
  • либос — дар футболка чӣ навишта шудааст? Ранги вай чӣ хел аст?
  • лавҳаҳо дар мағозаҳо ё ҳангоми сафар дар нақлиёт;
  • номгӯи хӯрок дар тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо – ба кӯдакони калонтар тамошои меню ва фикр кардани он, ки онҳо чӣ хӯрдан мехоҳанд, писанд хоҳад буд.
Маслиҳатҳо барои хондани китоб бо тифлон ва кӯдакони хурдсол
  • Ҷадвал тартиб диҳед ва кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз як китоб хонед. Гаҷетҳои худро хомӯш кунед, барои хондан ҷои бароҳат ва ором пайдо кунед. Кӯдаконе, ки ба онҳо китоб мехонанд, майлу рағбати худашон китоб хонданро доранд!
  • Ҳангоми хондани китоб кӯдакро ба худ наздик ё дар зонуи худ нигоҳ доред, то ӯ чеҳраи Шумо ва китобро дида тавонад.
  • Овозҳои хандаоварро истифода баред - шӯхӣ кунед ва лаззат баред!
  • Хониши китобро "интерактивӣ" кунед - бозистед ва ба монанди ин гӯед: "Ба фикри ту баъд чӣ мешавад?" ё «Гурбаро мебинӣ? Кӣ дар хона гурба дорад?”. Кӯдакро ба ин раванд ҷалб кунед, ӯро ҳавасманд кунед, ки дар бораи расмҳо нақл кунад ва калимаҳо ва ибораҳои шиносро такрор кунад.
  • Бигзор кӯдак ҳангоми калонтар шуданаш худаш китоб интихоб кунад ва барои такрор ба такрор хондани китобҳои дӯстдоштаи ӯ омода шавед!

Агар Шумо фарзандони калонтар дошта бошед, онҳо метавонанд ба кӯдакони хурдсол китоб хонанд ё Шумо метавонед ҳамаатон якҷоя китоб хонед. Бо навбат савол додан ва гӯш кардани ҷавоб - малакаҳои муҳимест, ки ба фарзандатон ҳангоми ёд гирифтани хондан кӯмак мекунанд.

Ҳатто агар танҳо якчанд дақиқа китоб хонед, он инчунин таъсирбахш хоҳад буд - Шумо на ҳамеша бояд китобро то охир хонед.

Кадом китобҳоро бо кӯдак хондан лозим аст

Китобҳои зиёде мавҷуданд ва донистани он ки аз чӣ бояд оғоз кард, душвор аст.

Чун қоида, ба кӯдакони хурдсол бештар китобҳо, сурудҳо ва ҳикояҳое, ки қофия, ритм ва такрорҳо доранд, маъқул мебошанд.

Китобҳоеро интихоб кунед, ки барои фарзанди Шумо мувофиқ мебошанд ва ба завқи доимо тағйирёбандаи онҳо муносиб бошанд.

Барои фаҳмидани он, ки чӣ метавонад барои фарзандатон мувофиқ бошад, Шумо метавонед мақолаҳои зеринро хонед:

  • Хондани китоб ба кӯдакон аз таваллуд
  • Хондани китоб ба кӯдакон аз 12 моҳагӣ
  • Хондани китоб ба кӯдакони хурдсол
  • Хондани китоб ба кӯдакони синни томактабӣ

Агар Шумо на ҳамеша китобҳои нав харида тавонед, Шумо метавонед бо дӯстоне, ки фарзандони ҳамсинну соли фарзандатонро доранд, мубодилаи китоб ташкил кунед.