Ташриф ба китобхона бо кӯдакони аз 3 то 6 сола
Китобхона: чаро он барои кӯдакон муфид аст
Ташриф ба китобхона бо фарзанди худ як роҳи олиест барои ташвиқ кардани муҳаббат ба китоб ва мутолиа.
Шумо метавонед китобҳои беҳтарини кӯдаконаро бепул гиред. Китобхонаҳо китобҳои аудиоӣ, китобҳо дар ду забон, китобҳои электронӣ ва маҷаллаҳо пешниҳод мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки Шумо интихоби калони он чизеро, ки хондан мумкин аст, доред – ва он ба Шумо ҳеҷ арзише нахоҳад дошт.
Фарзанди Шумо худаш ба интихоби китоб шавқ пайдо мекунад. Кормандони китобхона метавонанд китобҳоеро тавсия диҳанд, ки ба Шумо ва фарзанди Шумо писанд меоянд.
Дар китобхонаҳои бачагона дар рӯзҳои таътили мактаббачагон вохӯриҳои дӯстдорони китоб, чорабиниҳо ва барномаҳо ташкил карда мешаванд.
Барои ташриф ба китобхона чӣ лозим аст
Бифаҳмед, ки китобхонаи маҳаллии Шумо дар куҷост! Ба шӯъбаи маорифи маҳаллии худ занг занед ё аз интернет ҷустуҷӯ кунед.
Агар Шумо дар деҳот ё ноҳияи дурдасти кишвар зиндагӣ кунед, фаҳмед, ки дастрасии мобилӣ ё фосилавӣ ба китобхона мавҷуд аст.
Дар якчанд китобхонаҳои наздик номнавис шавед, бифаҳмед, ки кадом китобхона интихоби хуби китобҳои бачагонаро дорад. Баъзе китобхонаҳо метавонанд аз дигарон бештар ба Шумо маъқул шаванд.
Вақте ки Шумо ба китобхона номнавис мешавед, бо кормандон вохӯред, онҳо ба Шумо мегӯянд, ки фарзанди Шумо чанд китобро гирифта метавонад ва кай баргардонидан лозим аст.
Чӣ тавр аз ташрифи китобхона бештар фоида гирифтан мумкин аст
- Пеш аз рафтан ба фарзандатон фаҳмонед, ки китобхона чист. Ба ӯ гӯед: «Дар он ҷо мо метавонем баъзе китобҳоро интихоб кунем ва онро барои хондан гирем. Вақте ки мо онҳоро мутолиа кардем, мо онҳоро бармегардонем, то каси дигар низ бихонад. Китобхонаҳо бояд ором бошанд. Ин ҷоест, ки давидан ё дод задан мумкин нест."
- Дар хона машқ кунед, то бо овози паст хонед, гӯё ки Шумо аллакай дар китобхона ҳастед.
- Бахши бачагонаи китобхонаро пайдо кунед ва фарзанди худро ба тамошои китобҳо даъват кунед. Ба ӯ каме вақт диҳед, то ӯ оромона ҳама чизеро, ки ба ӯ маъқул аст аз назар гузаронад.
- Аҳамият диҳед, ки фарзанди Шумо ба кадом китобҳо таваҷҷӯҳ дорад ва дар бораи китобҳое, ки ӯ ба он менигарад, сӯҳбат кунед. Масалан, "Ту ба ин китоб таваҷҷӯҳ зоҳир кардӣ, ба фикри ту он дар бораи чӣ бошад?"
- Паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста, чанд китобро якҷоя хонед. Ба мувофиқа расида, якҷоя қарор диҳед, ки кадомашро мегиред, кадомашро бошад гашта ба раф мегузоред.
Вақте ки кӯдак китобҳои гуногун мехонад, ин ҳама як ҷузъи раванди таълим аст. Фарқ надорад, ки баъзе аз китобҳои интихобкардаи фарзанди Шумо хеле душвор мебошанд ё он қадар ҷолиб нестанд, ки онҳо фикр мекунанд. Метавонед онҳоро баргардонед ва дафъаи дигар китоби дигар гиред.
Ҷолиб гардонидани ташриф ба китобхона барои кӯдакони синну соли гуногун
Дар аксари китобхонаҳо вохӯриҳои хонандагони ҷавон баргузор мешаванд, ки дар он корманд ё ихтиёриён китоберо интихоб карда, ба гурӯҳи кӯдакони хурдсол мутолиа мекунанд. Агар дар чунин вохӯриҳо кӯдакон каме садо баланд кунанд ва сӯҳбат кунанд, ин муқаррарӣ аст, ин гуна машғулиятҳои гурӯҳӣ барои кӯдакони хурдсол муфид аст.
Кӯдакони калонтар китобҳоеро интихоб мекунанд, ки дар онҳо чизи дӯстдоштаашон ҳаст, ба мисли сагбачаҳо, балет ё вулқонҳо. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ тавр феҳристро барои ҷустуҷӯи китобҳо дар мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ ё муаллифи дӯстдошта истифода барад.