Хониши якҷоя бо кӯдакон
Барои чӣ якҷоя бо кӯдак китоб хондан муҳим аст
Ҳикояҳо, муошират ва сурудхонии ҳаррӯза бо якдигар ба инкишофи ҳаррӯзаи кӯдаки Шумо мусоидат менамояд.
Шумо кӯдакатонро бо садоҳо, калимаҳо, забонҳо, ҳарфҳои чопӣ ва дар охир бо арзишмандии китоб ва он кайфияте, ки аз он мегиред, шинос намоед. Ҳамаи ин ёрӣ мерасонад, ки дар кӯдаки Шумо малакаҳои ибтидоии хондану навиштан такмил ёфта инчунин дар маврди каме калонтар шуданаш ба ӯ дар азхуд кардани хониши мустақилона кӯмак мерасонад.
Хондани афсонаҳо инчунин тасаввуроти кӯдакро такмил дода дар дарк намудани муҳити атроф ба ӯ кӯмак мерасонад.
Хониши якҷоя бошад – ин вақти пурқимматест, ки дар байни Шумо ва кӯдаки Шумо алоқаи устувор барқарор мешавад.
Шумо метавонед ба китобхонӣ чи қадар барвакт, яъне кадом вақте ки мехоҳед оғоз намоед – чӣ қадар барвақт бошад, ҳамон қадар хуб аст. Дар мақолаи мо дар барои афсонахонӣ ба кӯдакон ва инчунин такмил додани малакаҳои хондану навиштанро ба таври муфассал дарёфт мекунед, ки ин кӯмак мерасонад, аз чӣ оғоз намоед.
Китоб хондан бо кӯдак
Дар ин синну сол ва дар ин марҳила асоси хониши якҷоя бо кӯдакатон – ин ҳаловат бурдан аз китобхонӣ, вақтгузаронии махсус бо кӯдак ва намунаи ибрат шудан дар китобдӯстии онҳо мебошад.
Инак, якчанд маслиҳатҳое, ки ба Шумо ва хонандаи нави Шумо дар бораи муфид будани китобхонӣ кӯмак мерасонанд:
- Ба кӯдак дар интихоби китоб кӯмак расонида, баъдан тарзи нигоҳ доштани китоб ва варақгардон намудани онро пурсед.
- Бигзор кӯдаки Шумо калимаеро, ки ба ӯ шинос аст аз дохили ҳикоя хонад. Инчунин кӯшиш кунед, ки ист кунед ва ба ӯ имконият диҳед, ки ҷумларо аз паси шумо такрор карда ба охир расонад.
- Аз кӯдакатон хоҳиш кунед, ки расми дар аксбударо номбар кунад.
- Якҷоя қофияҳои кӯдакона ва сурудҳои хурсандонаро сароед.
Ва ин маслиҳатҳои умумӣ дар мавриди хондан ва нақл кардани афсонаҳо ба бештари кӯдакони хурд муфид аст:
- Хонданро ба машғулияти ҳаррӯзаи худ табдил дода кӯшиш намоед, ки ҳар рӯз як китоб хонед. Як ҷои мувофиқро барои хониш интихоб кунед – масалан, роҳаткурсии калону мувофиқ барои ҳардуи Шумо, ки дар назди ҷевони китоб ҷойгир карда шудааст.
- Чуноне амал кунед, ки китобхонӣ ва нақл намудани афсонаҳо вақти истироҳат ва хурсандии кӯдаки Шумо шавад ва кӯдаки Шумо онро бо беқарорӣ интизор шавад. Рӯзҳое ҳастанд, ки кӯдак китоб хондан намехоҳад ва ин муқаррарӣ мебошад. Хонданро танҳо ҳангоми завқ доштан ӯ оғоз кунед.
- Гаджетҳоро хомӯш карда барои хондан ҷои ором ёбед, то ки кӯдак фикрашро парешон накарда овози шуморо гӯш кунад.
- Дар вақти хондан кӯдакро ба зонуи худ наздиктар шинонед, то ки ӯ чеҳраи Шумо ва китобро дида тавонад.
- Бигзор кӯдаки Шумо дар раванди хониш иштирок намояд. Аз ӯ хоҳиш наомед, ки калимаҳову қисмҳои ба ӯ шиносро такрор карда оид ба расмҳои дар саҳифаҳои китоб буда нақл намояд. Садоҳои хандаовар бароред – бозӣ карда ҳаловат баред!
- Агар кӯдак хоҳад, имкон диҳед, ки китоб интихоб кунад. Ӯ метавонад муаллифон ва рассомони дӯстдошта дошта бошад. Омода бошед, ки китобҳои нав ба наву дӯстдоштаи кӯдаки худро хонед!
Бо кӯдак чӣ бояд хонд
Он қадар китобҳо бисёр ҳастанд, ки донистани он ки аз кадомаш оғоз кардан, душвор аст.
Ба кӯдакони хурдсол китобҳое маъқул аст, ки қофия, назм ва такрори хуб доранд – ҳамаи инҳо барои омӯзиши кӯдакон кӯмак мекунанд. Агар китобҳо барои кӯдак мувофиқ бошанд, пас ӯ дилгир намешавад.
Кӯдакон махсусан дӯст медоранд:
- китобҳои дорои расм ва садоҳои ҳайвонот;
- китобҳо дар мавзӯи дӯстдоштаи онҳо, аз ҷумла китобҳои дорои мошинҳо, мошинҳои боркаш, афсонаҳо, ҳайвоноти хонагӣ, ситораҳо ва сайёраҳо, мусиқӣ, қалъаҳо, уқёнусҳо, маликаҳо ё қатораҳо. Шумо медонед, ки ба фарзандатон чи маъқул аст;
- китобҳо дар бораи бозиҳое, ки кӯдак дар бораи онҳо медонад;
- китоб - бозичаҳо - дар ин синну сол ба кӯдакон китобҳои дорои унсурҳои ҳаракаткунанда маъқуланд.
Агар китобхонаи маҳаллии Шумо кушода бошад, Шумо метавонед бо фарзандатон ба он ҷо равед ва барои хониши хонагӣ китоб гиред.