Хондан ба кӯдак ва хониш бо кӯдак

Хондан — яке аз усулҳои инкишофи нутқи кӯдак мебошад. Ин яке аз усулхои мукаммалтарини барангехтани инкишофи кӯдак мебошад, ки инро тадқиқотҳои илмӣ исбот кардаанд. Хондан ба кӯдак кӯмак мекунад, ки номи ашёҳо, машғулиятҳо, рӯйдодҳои атрофи ӯ, изтироб, эҳсосот ва ғайраро омӯзад.
Body

Афсонаву достонҳо ба кӯдак имконият медиҳанд, ки воқеаи бо ӯ руйдодаро дарк ё таҳлил карда рафтори қаҳрамонҳо, инчунин сабабу оқибатҳои ин рафторро фаҳмад. Ҳикояҳо ба кӯдак имконият медиҳанд, ки робитаҳои мантиқӣ барқарор кунанд, сӯҳбат кунанд ва тасаввур кунанд - раванд ё охири афсонаро тағйир диҳад ва ғайра.

Вақте ки мо дар бораи китобхонӣ ба кӯдакон сухан меронем, мо одатан дар бораи китобхонӣ пеш аз хоб сӯҳбат мекунем. Шахси калонсол китобро гирифта бо овози баланд мехонад. Кӯдак метавонад дар ин фаъолият иштирок кунад ё иштирок накунад ва ин амал асосан барои ором кардани кӯдак нигаронида шудааст. Овози дилнишини волидайн, наздикӣ ва меҳрубонӣ дар ин фаъолият бешубҳа ба наздик шудан бо кӯдак мусоидат мекунад.

Хондан бо кӯдак - амали дигар аст

Барои иҷро намудани ин амал кӯдак бояд бедор ва омода бошад, то ки дар раванди хониш фаъолона иштирок кунад, хонишро оғоз кунад ва равандро роҳбарӣ намояд.

Китобхонӣ бо кӯдак бояд дар рӯзе ташкил карда шавад, ки худи кӯдак ин машғулиятро интихоб намуда ба он омода бошад. Кӯдак китобро худаш интихоб мекунад ва чун дар раванди бозӣ, муҳим аст, ки ба кӯдак имкон диҳед, то ӯ раванди мутолиаи китобро худаш роҳбарӣ кунад. Усулҳои иштирок намудани кӯдакро қадр кардан, эътироф кардан ва ҳавасманд гардонидан, таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб намудан, диққаташро ба самти худ кашидан, тавассути бозӣ бо калимаҳову расмҳо имкониятҳоро барои ҷустуҷӯ намудан ва омӯзиш фароҳам овардан, муҳим мебошад.

Шумо метавонед бо фарзандатон дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷо китоб хонед

Ҳангоми сайругашт кардан ё ба назди духтур рафтан бо худ китоб гиред. Бигзор китобҳо аз рӯзҳои аввали ҳаёт барои кӯдак дастрас бошанд - онҳоро дар ҷое гузоред, ки ӯ онҳоро дастрас кунад ва бигзор онҳо дар ҳар як ҳуҷраи хона мавҷуд бошанд. Дар хотир доред, ки 15 дақиқаи мутолиа бо кӯдак - ҳаҷми муҳими "сершавии забонӣ" барои азхуд намудани таҷриба ва инкишофёбии кӯдаки Шумо мебошад!