Гузаронидани вақт дар назди оинаи нилгун: саволҳо барои муайян намудани он, ки оё истифодаи гаджетҳо ба саломатӣ зарар мерасонад?
Вақт барои тамошои оинаи нилгун ва истифодабарии гаджетҳо: тарзи ҳаёти солим
Кӯдакони то 2-сола набояд аз гаджетҳо истифода баранд ва танҳо сӯҳбатҳои видеоие, ки барои дар тамос будан бо наздикон мусоидат мекунанд, истисно мебошанд ва ба ҳар ҳол дар ин синну сол вақти дар назди оинаи нилгун сарфшавандаро маҳдуд намудан тавсия дода мешавад. Барои кӯдакони синни томактабӣ гузаронидани вақти кӯтоҳ дар назди оинаи нилгун метавонад як ҷузъи муқаррарии ҳаёт гардад.
Аз ҳама муҳимтарин – таъмин намудани ду чизи асосӣ:
- Дар тартиби рӯзи кӯдакони хурдсол бояд машғулиятҳои солим ва шавқовар, аз ҷумла иҷрои машқҳои ҷисмонӣ, китобхонӣ, бозии хаёлӣ ва муошират бо оила ва дӯстон ворид намоед.
- Вақте ки кӯдакон гаджетҳоро истифода мебаранд, онҳо бояд мундариҷаи босифатро тамошо кунанд ё истифода баранд.
Ва дар бораи хоб фаромӯш накунед! Тарзи ҳаёти солим ва мутавозин барои кӯдакон хоби кофиро талаб мекунад.
Рӯйхати саволҳои санҷишӣ оид ба гузаронидани вақт дар назди оинаи нилгун
Ин саволҳо ба Шумо кӯмак мекунанд, ки оё истифодаи гаджетҳо барои кӯдаки синни томактабии Шумо мутавозин ва солим ҳастанд ё не.
Кӯдаки Шумо:
- ба таври кофӣ мехобад?
- аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим аст?
- ба боғча ё мактаб меравад?
- бо аъзоёни оила ва дӯстон ҳам онлайн ва ҳам дар ҳаёти воқеӣ муоишрат мекунад?
- завқи гуногун дорад?
- ҳангоми истифодаи гаджетҳо ҳаловат мебарад ва меомӯзад?
- мундариҷаи босифатро истифода мебарад?
Агар Шумо ба аксари ин саволҳо ё ҳамаи ин саволҳо ҷавоби мусбат диҳед, пас метавонед бигӯед, ки кӯдак гаджетҳоро бидуни зарар ба саломатии худ истифода мебарад.
Хавотир шудан оиди гузаронидани вақт дар назди оинаи нилгун
Бо мурури замон аз худ пурсед, ки оё Шумо дар назди экран вақти худро аз ҳад зиёд сарф намекунед? Муҳимаш - ба инкишоф, ҳолати эҳсосӣ ва фарогирии завқи фарзанди худ диққат дода ба сӯиистифода аз гаджетҳо роҳ надиҳед.
- Чӣ тавр мо метавонем гаджетҳоро ба таври солим ва мутавозин истифода барем?
- Мундариҷаи сифат чист?
- Бартариҳои эҳтимолии гаджетҳо кадомҳоянд?
- Чӣ гуна мо мушкилот ва хатарҳои марбут ба гузаронидани вақт дар назди оинаи нилгун идора мекунем?