Бозичаҳое, ки барои кӯдакони хурдсол пешбинӣ нашудаанд
Баъзе намуди бозичаҳо барои кӯдакони хурдсол пешбинӣ нашудаанд, зеро онҳо қисмҳои майда доранд ё аз маводҳое сохта шудаанд, ки метавонанд ба саломатии кӯдак хатарнок бошанд ва аз ин рӯ, дар солҳои аввали ҳаёти ӯ аз онҳо худдорӣ кардан лозим аст.
Body
- Бозичаҳои дорои тасмаҳои дароз ва бандакҳо метавонанд ба гардани кӯдак печанд.
- Бозичаҳое, ки аз ҳад баланд садо медиҳанд, метавонанд ба шунавоии кӯдаки шумо осеб расонанд. Агар шумо бозичаҳоеро харед, ки садо мебароранд, боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо танзимгари овоз доранд ва онро ба садои паст монед.
- Кӯдакон метавонанд пуфакҳои пуфнашударо ба осонӣ фурӯ баранд ё қисмҳои пуфакҳои кафидаро нафас гиранд, ки ин боиси гулӯгир ё нафасгир шудани кӯдак мегардад.
- Агар бозичаҳо бо батареяҳо таъмин бошанд, батареяҳо бояд аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ дошта шаванд ва танҳо калонсолон бо онҳо кор баранд. Ҷойгиркунии нодуруст ё истифодаи намудҳои гуногуни батареяҳо метавонад боиси аз ҳад зиёд гарм шудан ё заҳида баромадани онҳо гардад, инчунин хатари сӯхтан ё заҳролудшавиро ба вуҷуд оранд. Бо ҳамин сабаб кӯдак набояд бо бозичае, ки бо батарея кор мекунад, хоб кунад.
- Агар кӯдак батареяро фурӯ барад ё шумо гумон кунед, ки ӯ онро фурӯ бурдааст, фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кунед (103).
- Фурӯ бурдани бозича бо оҳанрабо метавонад боиси мушкилоти ҷиддии саломатӣ гардад ва фурӯ бурдани беш аз як оҳанрабо метавонад марговар бошад, зеро он боиси басташавӣ ё осеби деворҳои рӯда мегардад, чунки оҳанрабоҳо ба ҳамдигар ҷалб мешаванд.
Агар кӯдак як ё якчанд оҳанрабо / қисмҳои бозичаи оҳанрабо доштаро фурӯ барад, ё агар шумо гумон кунед, ки ӯ онҳоро фурӯ бурдааст, фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кунед (103).