Иваз намудани фаъолият – ба кӯдакон дар гузаштан ба фаъолияти дигар ёрӣ мерасонем

Ба кӯдакон аз як машғулият ба машғулияти дигар гузаштан шояд душвор бошад, махсусан агар онҳо машғулиятеро дӯст доранд ва нахоҳанд, ки онро тарк намоянд. Машғулиятҳои ҳаррӯза метавонанд дар ин кор кӯмак кунанд, зеро вақте ки онҳо медонанд, ки чиро бояд итизор шуд, қабули тағйирот осонтар хоҳад буд Пайдарҳамӣ ва пешгӯишавии рӯйдодҳо ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки ҳодисаҳои руйдода истодаро фаҳмад ва ба он омодагӣ бинад.
Body
Тағйири фаъолият чист?

Тағйир додани фаъолият дар назар дорад, ки фарзанди Шумо бояд кореро, ки ҳоло анҷом дода истодааст, бас кунаду ба кори дигар шурӯъ кунад. Инҳоянд баъзе мисолҳои тағйир додани фаъолиятҳо:

  • бас кардани бозӣ ва омодагӣ ба берунбароӣ 
  • ғундоштани бозичаҳо пеш аз хоб
  • Хомӯш кардани телевизор ё компютер;
  • Ба охир расонидани оббозӣ ва баромадан аз ҳаммом.

Кӯдаки Шумо дар давоми рӯз якчанд маротиба аз як амал ба амали дигар мегузарад. Аммо, ин на ҳама вақт осон аст, хусусан вақте ки кӯдак аз фаъолияташ лаззат мебарад ва намехоҳад онро анҷом диҳад.

Маслиҳатҳо оиди банақшагирии иваз намудани фаъолият

Тартиби пешбинишавандаи рӯз, одатан ба кӯдакон кӯмак мерасонад, то ки дар иваз намудани фаъолияте, ки ҳамарӯза ба амал меояд, мутобиқ шаванд. Кӯдакон тағиротро осонтар қабул мекунанд, агар фаъолият барои онҳо пешгӯишаванда бошад, на ин ки ногаҳонӣ.

Якчанд маслиҳат оид ба нақшаи тағйир додани фаъолияти фарзанди Шумо:

  • Ба ӯ фаҳмонед, ки пеш аз анҷом додани ягон кор чиро интизор шудан лозим аст - омода шудан ба наҳорӣ кардан ё берун рафтан.
  • Шумо метавонед ба ҷои он, ки як нафар аъзои оиларо ҳар рӯз дар фосилаи муайяни вақт банд намоед, реҷаи ҳаррӯзаи оилавиро, ки ба таври назаррас нишон медиҳад, тартиб диҳед. Масалан, рӯзи душанбе кӯдаки калонӣ пас аз дарс ба машқ меравад ва кӯдаки хурдӣ ба расмкашӣ меравад. Барои кӯдакони хурдсол истифода бурдани тасвирҳои оддӣ ё аксҳои ҳодисаҳоро истифода мумкин аст.
  • Фикр кунед, ки оё фарзанди Шумо барои осон кардани корҳои ҳаррӯза ба дониш ва малакаҳои иловагӣ ниёз дорад. Масалан, агар Шумо ба кӯдак зуд пӯшидани пойафзолро омӯзонед, ин барои тайёрии ба кӯча баромадан осонтар мешавад. Ё шояд ба кӯдак рӯйхати дастнавис ё визуалии корҳое лозим аст, то ӯ пешакӣ ҷузвдони худро ҷамъоварӣ намояд.

Интихоби лаҳзаи дуруст

Тағйир додани фаъолият - барои ҳар як кӯдак як ҳодисаи ногузири ҳаррӯза аст. Агар Шумо лаҳзаро дуруст интихоб кунед, он гоҳ тағйир додани фаъолият барои ӯ осонтар мешавад:

  • Пеш аз он ки кӯдакатонро ба хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ даъват намоед, интизор шавед, ки ӯ. пазлашро ҷамъоварӣ намояд. Вақте ки Шумо нисбат бо амалҳои анҷомдодаи кӯдаки худ бодиққат бошед, тағир додани фаъолият барои ҳардуи Шумо осонтар мешавад.
  • Кӯдакро огоҳ кунед, ки чӣ рӯй медиҳад. Масалан: "Ту панҷ дақиқаи дигар дорӣ. Пас аз ин мо ба хона меравем» ё «Ду маротиба дигар аз теппа мефароем ва баъд аз он ба хона меравем».
  • Агар ба фарзанди Шумо дар байни фаъолиятҳо тағйирдиҳии онҳо душвор бошад ба  ӯ каме вақти бештар диҳед – ин барои аз нав танзим кардани кӯдак осон аст.
Имконияти интихоб

Шумо наметавонед ҳамеша ба фарзандатон имконияти  интихоб кардани машғулияти ояндаро диҳед, ҳатто дар ин ҳолат Шумо метавонед ба ӯ роҳҳои алтернативии онро пешниҳод кунед. Инак якчанд ғоя:

  • Ба кӯдак имкони интихоби амалеро диҳед, ки ҷузъи тағйири фаъолият аст. Масалан: «Мо ҳоло ҳама чизро ҷамъ карда ба назди мошин меравем. Ту метавонӣ як бозичаро бо худ гирӣ. Интихоб кун, ки ту бо худ чиро мебарӣ ё ба ту дар интихоби он кӯмак расонам?
  • Шумораи муайяни интихобҳоро пешниҳод кунед. Масалан, вақте ки фарзанди Шумо либос мепӯшад, на ҳама чизи дар ҷевонаш буда, балки бигзор вай аз ду либос якеро интихоб кунад! Танҳо дар мавриди он, ки кӯдак нахоҳад интихоб кунад Шумо метавонед ин амалро анҷом диҳед.  
  • Амалеро анҷом надиҳед, ки метавонад дар кӯдак эҳсосеро бедор кунад, ки ӯ амали заруриро дар вақташ иҷро накунад. Масалан, вақте ки Шумо мегӯед, ки: "Оё ту ҳоло бозичаҳои худро ҷамъ мекунӣ?", дар ин вақт Шумо интихоби худро пешниҳод мекунед. Ба ҷои ин, бигӯед: "Лутфан ба ҷамъоварии бозичаҳо шурӯъ кун".
Иваз намудани Тағйироти  фаъолиятро чӣ тавр мусбат кардан мумкин аст

Вақте ки Шумо ба чизҳои мусбӣ диққат медиҳед,  онҳо метавонад ба кӯдаки Шумо, барои гузаштан ба амале, ки ӯ хоҳиши иҷро кардани онро надорад, кӯмак расонад:

  • Дар бораи чӣ тавр онро ҷолиб намудани ин амалҳо фикр кунед. Масалан: " Канӣ кӣ тезтар то мошин рафта мерасад?" ё "Биё, дар роҳи ба хона рафтан бозӣ кунем - кӣ бештар сагҳоро мебинад ва ҳисоб мекунад?"
  • Он амалеро, ки фарзанди Шумо иҷро кардан намехоҳад, бо он амале, ки ба фарзанди Шумо маъқул аст, пайваст намоед, масалан, "Аввал бозичаҳоро меғундорем, баъд ягон чиз мехӯрем".
  • Ягон чизи мусбатро нишон диҳед, ки кӯдак метавонад пас аз иваз кардани фаъолияташ интизор шавад. Масалан: "Агар мо ҳоло ба хона равем, мо пеш аз нисфирӯзӣ вақт дорем, ки дар роҳи оҳан бозӣ кунем."
  • Кӯдаки худро барои он, ки итоаткорона фаъолияташро иваз намуд, ситоиш кунед. Таъкид кунед, ки вақте ки Шумо ҳамчун як гурӯҳ амал мекунед, ин чӣ қадар хуб аст.
Агар мушкилот ба миён ояд

Агар фарзанди Шумо дар мавриди ҷой доштани зарурият қатъ кардани кореро, ки ба ӯ маъқул аст, ноумед шавад, ин амали муқаррарӣ мебошад. Шумо метавонед ноумедии ӯро ҳамчун имконият барои изҳор намудани эҳсосот истифода бурда нишон диҳед, ки чӣ гуна ӯ ҳиссиёти худро бо калимаҳо баён кунад, масалан, "Ман медонам, ки ту барои он хафа ҳастӣ, ки барои иҷро кардани боз як бозии дигар вақт надорӣ".

Аммо, агар фарзанди Шумо инҷиқӣ кунад ё хашмгин шавад, эҳтиёт шавед, ки ин рафторро тасодуфан ташвиқ накунед ва ба ӯ иҷозат диҳед, ки он чизеро, ки мехоҳад, иҷро кунад. Нишон диҳед, ки гӯё ӯро дарк мекунед, аммо устувор ва мустаҳкам бошед. Бо нармӣ талаб кунед, ки фарзандатон он чизеро, ки Шумо мехоҳед, иҷро кунад.