«То занг дарёб»: бозии ҳаррӯзаи пагоҳирӯзӣ

Омода кардани кӯдакон ба мактаб ё берун аз хона метавонад душвор бошад. "То занг дарёб" - як бозии ҳаррӯзаи пагоҳирӯзӣ аст, ки ба Шумо дар гуфтушунид бо фарзандатон ва ҳама чизро сари вақт иҷро кардан кӯмак мекунад.
Body
«То занг дарёб»

Ба кӯдаки Шумо бозии "То занг дарёб" маъқул мешавад, зеро дар вақти бозӣ кардан кӯдак барои он мукофот мегирад, ки ӯ ҳама корҳои пагоҳирӯзиро иҷро карда, сари вақт омода шудааст.

Вақте ки Шумо ин бозиро ба реҷаи пагоҳирӯзии худ дохил мекунед ва онро бо фарзанди худ бозӣ мекунед, ӯро таъриф кунед - ин ба раванди фаъолият кӯмак мекунад. Вақте ки кӯдаконро барои рафтори хуб ё иҷрои он чизе, ки аз онҳо интизор шудан имконпазир аст, ситоиш мекунанд, бо эҳтимоли зиёд онҳо минбаъд низ чунин рафтор мекунанд.

Чӣ кор кардан лозим аст, ки бозӣ машғулияти ҳаррӯза шавад

1. Моҳияти бозиро фаҳмонед

Ба кӯдак фаҳмонед, ки Шумо мехоҳед бозиеро бо номи "То занг дарёб" иҷро кунед, ки ба омодашавӣ дар субҳгозҳон кӯмак мерасонад. Ягон чизро ҳамчун занг интихоб кунед (масалан, соати зангдор) ва онро ба фарзандатон нишон диҳед. Шумо метавонед соати зангдорро дар соати деворӣ ё телефони мобилии худ истифода баред.

2. Реҷаи пагоҳирӯзиро якҷоя ба нақша гиред

Бо фарзандатон дар бораи он сӯҳбат кунед, ки чӣ тавр ҳардуи Шумо реҷаи пагоҳирӯзии худро беҳтар кардан мехоҳед. Дар бораи «вақти тайёршавӣ» сӯҳбат намоед - фарзанди Шумо бояд дар он вақт ба мактаб рафтан омода бошад.

Рӯйхати корҳоеро тартиб диҳед, ки якҷоя бо Шумо фарзандатон бояд ҳар субҳ анҷом диҳад. Агар Шумо кӯдакони хурдсол дошта бошед, пас метавонед рӯйхатро худатон нависед, аммо аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки ба Шумо барои кашидани расм барои ҳар як ҷузъи рӯйхат кӯмак кунанд. Фаҳмонед, ки кӯдакон чӣ корҳоро бояд мустақилона анҷом диҳанд ва Шумо дар кадом корҳо ба онҳо кӯмак хоҳед кард.

Рӯйхати фаъолиятҳо метавонад чунин бошад, масалан:

  • Субҳона;
  • Либоспӯшӣ;
  • Дандоншӯӣ, шустани рӯй ва шона кардани мӯйҳо;
  • Ҷамъ кардани ҷуздон;
  • Пӯшидани куртка, кулоҳ ва пойафзол.

Пас аз он ки Шумо рӯйхатеро, ки ҳардуятон мувофиқед, тартиб медиҳед, онро дар ҷое ҷойгир кунед, ки фарзанди Шумо ҳар субҳ онро аз назар гузаронад.

3. Муайян кунед, ки кадом оқибатҳо ва мукофотҳо мешаванд

Ба кӯдак фаҳмонед, ки агар ӯ сари вақт омода бошад, чӣ мешавад ва агар ӯ сари вақт омода нашавад.

Лавҳачаи оддӣ тартиб диҳед, ки дар он Шумо пешравиҳоро бо аломати ишора ё қоғасчаспакҳо назорат карда метавонед. Шумо метавонед муайян кунед, ки барои гирифтани мукофот ба фарзанди Шумо чанд “ишора” ё коғазчаспакҳо  лозим аст. Дар аввал барои гирифтани ҷоиза ба Шумо танҳо як аломат ё коғазчаспак лозим аст.

Ягон мукофоти махсусро барои он, ки кӯдак ягон фармоишро пеш аз занг иҷро мекунад, интихоб кунед. Якҷоя кор кардан бо модар ё падар аксар вақт мукофоти хубтарин хоҳад буд.

Придумайте какие-то адекватные последствия за то, что ребенок не будет готов. Например, ему можно не разрешить посмотреть телевизор, или он должен будет отправиться спать на 10-15 минут раньше.

Барои омода нашудани кӯдак, ягон оқибати воқеӣ фикр карда бароед. Барои мисол ӯро барои тамомшои телевизор иҷозат намедиҳанд, ё ин ки ӯ 10-15 дақиқа пештар бояд хоб биравад.

4. Бозиро санҷида бароед

Дар пагоҳирӯзии якум, вақте ки Шумо бозии "То занг дарёб"-ро оғоз мекунед, вақтченкунакро (таймер) муқаррар кунед ва бигзор фарзандатон мустақилона ба он омода шавад. Бигӯед, ки Шумо "соати зангдор" - ро фурӯзон кардед ва ҳоло ҳама чиз танҳо аз ӯ вобаста аст.

Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди Шумо мустақил аст ва масъулият ҳис мекунад. Ӯро таъриф карда рӯҳбаланд кунед - масалан, "Ту хуб кор мекунӣ!" ё "Давом деҳ!". Аммо аз хотиррасон намудан ё дастур додан оид ба иҷрои амал худдорӣ намоед – ин Шуморо танҳо ба вазъияте мерасонад, ки кӯдак бо Шумо баҳс мекунад ё боиси гиряи ӯ мегардад.

Агар фарзанди Шумо то лаҳзаи садо додани занг тамоми корҳоро анҷом дода бошад, ӯ ғолиб хоҳад шуд ва дар аломати худ "ишоравӣ" ё коғазчаспак мегирад.

Агар дар вақти садо додани занг, кӯдаки Шумо тайёр набошад

Акнун дар мавриди тайёр набудани кӯдак ва гузаштани вақт:

  • Оромона ба кӯдак гӯед, ки соат занг зад ва ба ӯ ёрӣ расонед.
  • Ба кӯдак хотиррасон кунед, ки ӯ пагоҳ бори дигар кӯшиш кунад.
  • Пас аз он хотиррасон кунед, ки оқибате, ки Шумо фикр кардед, ногузир аст.

Аз кӯдак хоҳиш кунед, ки рӯйхатро мустақилона тафтиш кунаду, ҳоҷати ҳар бор хотиррсон намудани ӯ нашавад. Ин кӯмак мекунад, ки ӯ нисбатан мустақилтар шавад. Дар ин маврид Шумо худатон камтар хашмгин мешавед.

Давраҳои дигари бозии «То занг дарёб»

Дар мавриде, ки ҳама чиз дар давоми як ё ду ҳафта хуб мегузарад, тадриҷан дар тӯли 3-4 ҳафтаи оянда ба кӯдак камтар мукофот диҳед. Ба фарзанди Шумо лозим меояд, ки барои гирифтани мукофот ду, се, чор ва баъд панҷ рӯз пайдарпай ҳамаи корҳоро дарёб кунад (ҳар дафъа мукофот бояд каме аҳамиятноктар бошад). Сипас, мукофотҳоро барои кӯдак ба таври ногаҳонӣ (сюрприз) диҳед. Вай намедонад, ки кай ба мукофот сохиб мешавад — ин бо мурури замон руй медиҳад.

Бо мурури замон, кӯдак ёд мегирад, ки барои ӯ "пеш аз занг" дарёб кардан осон аст. Ҳатто вақте ки кӯдак одат карда бошад ва мунтазам дар вақташ омода бошад ҳам, ӯро таъриф кунед, то ҳавасмандии ӯ боқӣ монад.