Фаъолиятҳои гуворо пеш аз хоб

Нуқтаҳои асосӣ. Реҷаи мусбии пеш аз хоб ба кӯдак кӯмак мекунад, ки тақрибан 20 дақиқа пеш аз хоб ором шавад. Реҷаи пеш аз хоб иҷроиши ҳамон як фаъолиятҳоро ҳар шаб дар назар дорад. Ин фаъолиятҳо метавонанд оббозӣ, тоза кардани дандонҳо ва хонданро дарбар гиранд. Агар фарзанди Шумо дертар аз вақти дилхоҳи Шумо хоб равад, ин амалҳоро ҳар рӯз каме пештар оғоз кунед ва оҳиста-оҳиста ба вақти дилхоҳатон наздик шавед.
Body
Фаъолиятҳои гуворо пеш аз хоб: ин чист ва чӣ фоида дорад?

Реҷаи мусбии пеш аз хоб дар назар дорад, ки тақрибан 20 дақиқа пеш аз хоб фарзанди Шумо якҷанд машғулиятҳои ҷолибро иҷро мекунад.  

Реҷаи хуби пеш аз хоб ба шумо кӯмак менамояд фарзандатонро ором кунед, то ин ки ӯ барои хоб рафтан омода шавад. Он инчунин ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки одатҳои хуби пеш аз хобро дар ҳоли ҳозир ва оянда инкишоф диҳад.

Бе реҷаи дурусти хоб, хоб рафтани кӯдак метавонад душвор бошад.

Агар барои Шумо муҳим бошад, ки кӯдаки навзод ё хурдсоли Шумо пеш аз хоб ором шавад, реҷаи мусбӣ метавонад кӯмак кунад. Агар Шумо стратегияҳои рафторӣ, аз ҷумла оромкунии назоратшаванда ё расму оини махсусро  истифода баред, мутахассисони соҳаи саломатии кӯдакона қариб ҳамеша реҷаи мусбии пеш аз хобро тавсия медиҳанд.  

Реҷаи мусбии пеш аз хоб чӣ гуна аст?

Реҷаи пеш аз хоб метавонад якчанд фаъолиятҳоро дарбар гирад. Гап дар сари он аст, ки ҳар шаб тақрибан 20 дақиқа пеш аз хоб ҳамон як амалҳоро бо тарзи якхела бояд иҷро кунед.

Аксарияти фаъолиятҳои пеш аз хоб корҳои муқаррарӣ, аз ҷумлаи оббозиву шустани дандонҳо ва инчунин машғулиятҳои ором ва ҷолиб, аз ҷумла хондани китоб ё нақл кардани афсонаҳоро дарбар мегиранд. Мақсади ҳамаи ин нигоҳ доштани фазои ором ва мусбат бо истифода аз таваҷҷӯҳи мусбат ва таъриф мебошад.

Ин як мисоли реҷаи пеш аз хоб, ки Шумо метавонед пас аз хӯроки шом ва оббозӣ кардан ҷорӣ намоед:

  • Кӯдаки Шумо 15-20 дақиқа оромона бозӣ мекунад - ин метавонад хониши якҷоя бо  Шумо бошад.
  • Шумо ва фарзандатон ба хонаи хоб меравед.
  • Шумо пеш аз хоб кӯдакро ба оғӯш мегиред ва мебӯсед.
  • Шумо кӯдакро ба рахти хоб мегузоред.

Дар охири “давраи мусбии” 20 дақиқаина ба фарзандатон шаби хуш гӯед. Агар кӯдак кӯшиш кунад, ки эътироз ё инҷиқӣ кунад, қатъӣ амал кунед. Оромона ва меҳрубонона гӯед, ки вақти хоб расидааст ва сипас дарҳол ҳуҷраро тарк кунед.

Оғози кор: интихоби вақти хоб

Дар аввал муайян кунед, ки барои кӯдаки Шумо кадом вақт барои хоб рафтан беҳтарин ба ҳисоб меравад - барои кӯдакони хурдсол, ин вақт аксаран аз соати 19:00 то 20:00 мебошад.

Аммо, агар Шумо кӯшиш намоед, ки реҷаро барои ором кардани кӯдаки худ таҳия кунед, беҳтар аст аз он вақте оғоз намоед, ки одатан кӯдаки Шумо хоб меравад. Ин эҳтимолияти онро, ки реҷаи хоб рафтан ба вақти хоби одатии фарзандатон алоқаманд мешавад, зиёд мегардонад. Масалан, агар Шумо донед, ки фарзандатон дар ниҳоят тақрибан соати 21:00 хоб меравад, аз ҳамон вақт ҳамчун вақти тахминӣ барои хоб рафтан оғоз кунед.

Иваз намудани вақти хоби воқеии кӯдак ба вақти хоби дилхоҳи шумо

Тақрибан як ҳафта пас аз муқаррар намудани реҷаи мусбии пеш аз хоб, Шумо метавонед тадриҷан кӯдаки худро барвақтар хоб равонед.

Ин амал ҳар ду рӯз тақрибан 15 дақиқа пештар  хоб рафтанро дарбар мегирад. Шумо метавонед ин корро то он даме, ки вақти хоби беҳтарин барои фарзандатон фаро мерасад, давом диҳед.

Масалан, фарзанди шумо соати 21:00 хоб меравад, аммо Шумо мехоҳед, ки ӯ соати 20:00 хоб равад. Барои ин чӣ бояд кард:

  1. Соати 20:45 кӯдакро  хобонед.
  2. Ин корро ду рӯз пай дар пай иҷро кунед.
  3. Дар ду рӯзи оянда вақти хобро ба соати 20:30 иваз кунед.
  4. Раванди тадриҷан “иваз кардан”-ро то он даме, ки фарзанди Шумо дар вақти дилхоҳатон хоб меравад, идома диҳед.

Ин метавонад чанд ҳафта тӯл кашад, аммо реҷаи мусбат пеш аз хоб ба Шумо кӯмак мекунад, ки  кӯдак оромтар шавад, шабҳо Шуморо камтар нороҳат созад ва имкон медиҳад муносибататон боз ҳам мустаҳкамтар гардад.