Хоб бо ҳамроҳи кӯдак
Муҳит барои хоб: чӣ барои тифлон бештар бехатар аст?
Барои кӯдаки шумо аз ҳама беҳтар дар як ҳуҷра бо шумо будан, дар кати кӯдакона, дар паҳлӯи бистари шумо, дар давоми соли аввали ҳаёт ё ҳадди аққал дар шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдак, хоб кардан аст.
Хоби якҷоя: оиди ин чӣ фикр бояд кард
Хоби якҷоя - вақте ки волидон кӯдакони худро бо ҳамроҳии худ мехобонанд.
Хоби якҷоя бо зиёд шудани хатари марги ногаҳонии кӯдакон (ХМНК), аз ҷумла синдроми марги ногаҳонии кӯдакон (СМНК), ки дар баъзе ҳолатҳо бо марг анҷом меёбад, алоқаманд аст. Аммо волидон бо чанд сабаб фарзандашонро ҳамроҳи худ хобонидан афзалтар медонанд.
Масалан, баъзе волидоне, ки бо ҳамроҳи тифлашон хоб мераванд, меҳисобанд, ки ин ҳолат ба эҳсосоти бехатарии кӯдак кӯмак мерасонад. Ба онҳо тамоси наздики бадан маъқул буда, худро хуб ва лаззатбахш ҳис мекунанд ва боварӣ доранд, ки ин барои муносибати онҳо бо кӯдакон хуб аст.
Илова бар ин, баъзе волидон барои он якҷоя хоб мераванд, ки ин ҳолатро бештар амалӣ меҳисобанд. Синамакконӣ ва ҳаракати шабона осонтар мешавад. Баъзе падару модарон меҳисобанд, ки ин ҳолат барои беҳтар кардани синамакконӣ мусоидат мекунад.
Омилҳое, ки хатари хоби якҷояро баланд мегардонанд
Хоби якҷоя ҳамеша метавонад хатари марги ногаҳонии кӯдаконаро баланд кунад.
Хоби ҳамроҳ метавонад ин хатарро боз ҳам баланд кунад, агар:
- шумо хеле хастаед ё худро бад ҳис мекунед;
- шумо ё ҳамсари шумо маводи мухаддир, машрубот ё ҳама гуна дорувории седативиро истифода мебаред, ки онҳо боиси хоби сахт мешаванд;
- шумо ё ҳамсари шумо тамоку мекашед;
- фарзанди шумо солим нест;
- кӯдаки шумо аз се моҳа хурд, ё бармаҳал таваллуд шудааст ва ё аз аксари кӯдакон ҳангоми таваллуд хурдтар буд.
Хоб рафтан бо тифли навзод дар диван ё курсӣ ҳамеша хатарнок аст. Кӯдаки худро ба муҳити бехавфи хоб монед, агар шумо фикр кунед, ки ҳангоми нигоҳ доштани фарзандатон дар болои даст дар курсӣ ё диван хобатон мебарад.
Паст кардани хатари ХМНК, аз ҷумла СНМК ва садамаҳои марговар
Лутфан дастури моро оид ба коҳиш додани хатари ХМНК, аз ҷумла СМНК ва садамаҳои марговарро аз назар гузаронед.
Боз ҳам, мо қатъиян тавсия медиҳем, ки шумо дар як ҳуҷра бо фарзандатон зиндагӣ кунед, дар кати кӯдакона ва дар паҳлӯи бистаратон хобонед. Аммо, агар фарзанди шумо бо ягон сабаб бо шумо якҷоя хоб кунад, дар поён баъзе хулосаҳо ва корҳое, ки шумо метавонед барои коҳиш додани хатари СМНК анҷом диҳед оварда шудааст.
- Кӯдакатонро бо тахтапушт хобонед (ҳеҷ гоҳ дар шикам ё паҳлӯ нахобонед).
- Боварӣ ҳосил кунед, ки рахти хоб тоза ва мустаҳкам аст.
- Болишт ва ҷойпӯшро аз кӯдакатон дур нигоҳ доред. Боварӣ ҳосил кунед, ки болишт ва ё ҷойпӯши шумо рӯи фарзандатонро намепӯшонад. Истифодаи “халтачаи хоб»-ро (спальный мешок) барои тифлатон андеша кунед, то фарзанди шумо бо калонсолон дар як болин хоб накунад.
- Болопӯши сабукро истифода баред.
- Ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро ҳангоми хоби якҷоя набандед ё парпеч накунед.
- Катро аз девор дур кунед, то ки кӯдак дар байни кат ва девор дар намонад.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандатон аз ҷойгаҳ намеафтад. Ҷои аз ҳама бехавф дар паҳлӯи кати калон, дуртар аз канори он аст.
- Кӯдакро дар паҳлӯи яке аз волидон ҷойгир кунед, ҳеҷ гоҳ дар байни ду калонсол ё дар назди дигар кӯдакон ва ё сагу ҳайвоноти хонагӣ нагузоред. Кӯдаки шумо метавонад ғелад ё ки аз ҳад зиёд гарм шавад.
Ҷойгоҳ ва мушкилоти дигар ҳангоми хобидани якҷоя
Баъзан волидайн кӯдакро ба сабаби он, ки бедор мешавад ва ё шабона дар ташвиш аст, ҳамроҳ мехобонанд. Барои баъзе оилаҳо ин амал хуб кор мекунад. Барои дигарон, ин метавонад дар муддати кӯтоҳ кор кунад, аммо баъдан боиси мушкилот бо хобонидани кӯдак дар оянда гардад. Илова бар ин, рахти хоби волидайн барои кӯдак хатарнок буда метавонад.
Агар дар байни ҳамсарон созиш набошад ё ҳангоми хоби якҷоя шиддат вуҷуд дошта бошад, хобидани якҷоя метавонад мушкилот ба бор орад.
Ниҳоят, ин метавонад мушкилие бошад, ки волидон мехоҳанд, ки фарзандашон пеш аз он ки кӯдак ба ҳаракат оғоз кунад, дар кати алоҳида хобад. Бисёре аз волидоне, ки бо фарзандони худ хоб мекунанд, гузориш медиҳанд, ки кӯдакон одатан дар синни 2-3-солагӣ ҷойгоҳи шахсии худро мехоҳанд. Бо вуҷуди ин, ин метавонад тӯл кашад ва баъзан волидон мехоҳанд, ки хоби якҷояро нисбат ба фарзандашон пештар бас кунанд.
Агар шумо яке аз ин мушкилотро аз сар гузаронед, якҷоя хобидан барои шумо ва фарзандатон беҳтарин усул нест. Роҳҳои дигари хобонидани кӯдак вуҷуд доранд.