Хоби кӯдакон: 2-12 моҳа

Большинство детей в возрасте до шести месяцев все еще нуждаются в кормлении и помощи в ночное время. По мере взросления младенцы нуждаются в меньшем количестве сна. Больше всего они спят по ночам. Другие явления, такие как ползание и тревога разлуки, могут повлиять на сон и успокоение детей старше шести месяцев.
Body

Хоби кӯдак дар давраи аз 2 то 12 моҳагӣ чӣ гуна тағйир меёбад.

Вобаста ба рушди кӯдакон:

  • камтар хоб мераванд
  • дар давраи байни хоб бештар бедоранд
  • шабонарузӣ бештар хоб  мераванд ва кам  бедор мешаванд
  • дар умум ба хоб камтар эҳтиёҷ доранд

2-3 моҳа: аз хоби кӯдак чиро бояд интизор шуд

Дар ин синну сол кӯдакон ҳам рӯзона ва ҳам шабона камтар хоб мераванд. Онҳо тахминан 16 соат дар ҳар як 24 соат хоб мераванд.

Кӯдакон давра ба давра хоб мераванд, ки он 40 дақиқа давом мекунад. Ҳангми ҳушёрхобӣ кӯдакон ҳаракат мекунанд ва овоз мебароранд ва дар вақти  хоби чуқур сахт хоб мераванд.

Тахминан баъд аз 2-3 моҳ реҷаи хоби шабона ва рӯзона инкишоф меёбад. Ин маънои онро дорад, ки кӯдакон чун қоида дар вақти шабонарузӣ бештар хоб мераванд.

2-3 моҳа: аз хоби кӯдак чиро бояд интизор шуд

Пас аз тахминан 3 моҳ хоби кӯдакон ба давраҳои дарозтари ҳушёрхобӣ, хоби чуқур ва хоббинӣ иваз мешавад. Ин тағйиротҳо метавонанд маънои бедоршавии камтар ва барқароршавиро дар вақти хоб дошта бошанд.

Дар ин синну сол кӯдакон мунтазам дар шаб бештар хоб мераванд – масалан, тахминан 4-5 соат.

Кӯдакон ҳанӯз ҳам дар ҳар 24 соат тақрибан 16 соат ба хоб ниёз доранд.

3-6 моҳагӣ: аз хоби кӯдак чиро интизор шудан мумкин аст

Дар ин синну сол кӯдакон бояд 14-16 соат дар ҳар 24 соат хоб раванд.

Кӯдакон метавонанд ба реҷаи 2-3 маротибагии хоби рӯзона, бо давомнокии то ду соат ҳар як тояш гузаранд. 

Хоби шабона бошад дар ин синну сол дарозтар мешавад. Масалан, дар шаш моҳагӣ кӯдакон шаб метавонанд 6 соатӣ хоб раванд.

Эҳтимол, ки фарзандатон шаб аққалан як маротиба бедор мешавад.

6-12 моҳагӣ : аз хоби кӯдак чиро интизор шудан мумкин аст

Бо синну сол кӯдакон камтар хоб мекунанд. Вақте, ки кӯдаки Шумо як сола мешавад, эҳтимол, ки талабот ба хоб барои ҳар 24 соат, 12-16 соатро ташкил диҳад.

Хоби шаб

Тахминан аз шашмоҳагӣ барои аксар тифлон хоби аз ҳама дароз ба шаб рост меояд.

Аксар тифлон тайёранд, ки аз соати 18:00 то 20:00 хоб раванд. Одатан ба онҳо аз 30 дақиқа камтар барои хоббарӣ кифоя аст, аммо тақрибан ба 1 нафар кӯдак аз 10 кӯдакон вақти зиёдтар лозим меояд.

Дар ин синну сол давраи хоби кӯдак ба давраи хоби калонсолон наздиктар мешавад, ин маънои онро дорад, ки ӯ камтар дар шаб бедор мешавад. Ҳамин тавр фарзанди Шумо метавонад шаб Шуморо бедор накунад ё ин, ки камтар бедор шавад.

Дар ҳашт моҳагӣ аксар кӯдакон метавонанд аз сари нав бе кӯмаки падару модар хоб раванд. Дигарон бошанд, ҳоло ҳам бедор мешаванд, агар ба онҳо барои хоббарӣ кӯмак лозим шавад, ё ин ки онҳо ҳоло ҳам шири синаро истеъмол  мекунанд.

Хоби рӯзона

Дар ин синну сол кӯдакон ҳоло ҳам 1-2 маротиба дар давоми рӯз хоб мераванд. Ин хоб одатан 1-2 соат давом дорад. Баъзе кӯдакон бештар хоб мераванд, лекин аз як чор ҳиссаи  кӯдакон аз як соат камтар хоб мераванд.

Реҷаи хоб чӣ тавр ба калонсолон таъсир мерасонад

Аксар падару модари кӯдакон дар синну соли то  шаш моҳа ҳоло ҳам шаб бедор мешаванд, то ин ки фарзандашонро хӯронанд ва ором кунанд. Барои аксарон ин ҳолат баъд аз шаш моҳагӣ низ идома меёбад.

Баъзе падару модарон ин ҳолатро муқаррарӣ меҳисобанд, то он вақте, ки онҳо дастгирии кофӣ доранд ва онҳо имкон доранд, ки дар дигар вақт низ хоб раванд. Барои дигарон бошад, шабона бедоршавӣ ба муҳлати зиед ба ҳаёти оилавии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Сифати хоб ба саломатӣ ва табъи Шумо таъсир расонда метавонад. Аз сабаби лоғаршавӣ эҳтимол аст, ки дар давоми рӯз, барои Шумо ба кӯдак  таваҷҷуҳи мусбӣ додан душвор мешавад. Муносибати Шумо бо кӯдак, вақт ва таваҷуҳ,  ки дар давоми рўз Шумоба ӯ   људо менамоед, метавонад ба сифат ва шумораи хоби кӯдак таъсир расонад.

Ин давраи хобе мебошад, ки на ба Шумо ва на ба фарзанди Шумо мувофиқ аст, бинобар ин онро бояд тағйир дод.

Агар шумо аз хоби фарзандатон нигарон бошед, стратегияҳое ҳастанд, ки шумо метавонед онҳоро барои тағйир додани шакли хоби фарзандатон истифода баред. Агар шумо ин стратегияҳоро санҷида бошеду, муваффақ нашудаед ё мушкилот шуморо ғамгин мекунанд, ба мутахассисон муроҷиат кунед. Роҳҳое ҳастанд, ки  имкон медиҳанд,  чӣ қадаре, ки ба онҳо лозим аст,аз хоб сер кунанд.

Аксари кӯдакони то шаш моҳа ҳанӯз шабона ба хӯрок ва кӯмак ниёз доранд. Вақте, ки онҳо калон мешаванд, кӯдакон ба хоб камтар ниёз доранд. Бештар аз ҳама онҳо шабона мехобанд. Падидаҳои дигар, аз қабили гаваккашӣ ва изтироби ҷудошавӣ метавонанд ба хоб ва оромии кӯдакони аз шаш моҳа боло таъсир расонанд.

Языки кроме английского

  • Арабский (PDF: 134кб)
  • Дари (PDF: 122кб)
  • Карен (PDF: 83кб)
  • Персидский (PDF: 123кб)
  • Упрощенный китайский (PDF: 152кб)
  • Вьетнамский (PDF: 102кб)