Чӣ гуна хобро бояд танзим кард: барои волидайн

Хоб — мавзӯи асосӣ барои бештари волидон аст. Чи қадар Шумо мехобед? Оё ин кофӣ аст? Якчанд машварат ба волидон барои беҳтар намудани хоб.
Body

Хоб дар рӯзҳои аввали таваллуди кӯдак

Агар Шумо пештар ягон вақт давраҳои хоби нороҳатро аз сар нагузаронида бошед, пас Шумо метавонед аз таъсири норасогии хоб ба ҳаёти худ ниҳоят дар таҳлука афтед. Волидайни ҷавон бештар иброз медоранд, ки онҳо фикр намекарданд, ки бехобӣ то ин дараҷа бад аст.

Талаб карда мешавад, ки бояд ба кӯдак реҷаи хоб таъин карда шавад ва то вақте, ки ин ҳолат ба роҳ монда нашавад, Шумо бо масъалаҳои хоб  ва истироҳат рӯбарӯ мешавед. Дар ҳафтаи аввали ҳаёт ҷудо намудани вақт барои хоби иловагӣ осон нест.

Чӣ қадар бояд хобид

Барои хоби бароҳати шахсони калон 7-8 соат дар давоми шабонарӯз талаб карда мешавад, вале вобаста аз хусусиятҳои муайяни инфиродӣ ин нишондод аз 5 то 10 соат кӯтоҳ ё дароз шуда метавонад.

Ба Шумо лозим меояд, ки бештар хобед, агар:

  • Шумо пагоҳирӯзӣ бо душворӣ аз хоб хезед ё доимо хоболудӣ ҳис кунед.
  • Шумо наметавонед фикратонро ҷамъ кунед.
  • Табъи Шумо хуб нест, асабӣ ҳастед, беҳолед ва ҳисси ваҳм доред.
  • Ба таври ногаҳонӣ дар муддати кӯтоҳи вақт дар давоми шабонарӯз мехобед.

Чунон, ки ба кӯдак барои саломат буданаш хоб зарур аст, Шумо низ барои фаъолияти хуб ва ҳаловат бурдан аз иҷрои ӯҳдадориҳои ваолидайнӣ бояд ба қадри кофӣ бихобед. Ноил шудан ба ин ва худро хушбахту ором ҳис кардан бо шарофати истироҳати хуб ба даст меояд. Ба ғайр аз ин, кӯдак ҳолати Шуморо дарк мекунад, бинобар ҳамин ҳам дар вақти хуб будани рӯҳияи Шумо ӯ низ худро хуб ҳис мекунад. 

Чӣ гуна аз хоб сер шудан ва худро нисбатан истироҳаткарда ҳисобидан мумкин аст

Дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак аз хоб сер шудан метавонад душвор бошад. Миқдори хоб бо дараҷаи муайян аз чӣ гуна будани кӯдаки Шумо вобаста мебошад. Аммо барои хуб шудани сифати хоб Шумо бояд баъзе амалҳоро иҷро намоед.

Пеш аз хоб

Ин маслиҳатҳо метавонанд ба аз хоб сер шудани Шумо кӯмак расонанд:

  • Тартиби ягона ва як тартибро пеш аз хоб нигоҳ доред.
  • Усулҳои беаҳамиятӣ кардан ва ором шуданро пеш аз хоб ёбед – масалан китоб хонед, мусиқии ором гӯш кунед ё усулҳои оромкунанда, ба монанди нафаси чуқурро истифода баред.
  • Пеш аз хоб чой, қаҳва, нӯшокиҳои ташнашикану энергетикӣ, шоколад ва дигар ангезандаҳои асабиро истеъмол накунед. Онҳо истироҳат ва хобро душвор намуда ба сифтаи хоб таъсир мерасонанд.
  • Экранҳо, аз ҷумла телевизор, телфонҳои мобилӣ ва планшетҳоро истифода набаред.

Дар бистар

Пас аз рӯзи дароз эҳтимол ором шудан, фикрро як тараф гузошта хоб рафтан душвор бошад. Агар ба Шумо хоб рафтан, ё бедор нашуда хоб рафтан душвор бошад, кӯшиш кунед, ки безобита ва осабӣ нашавед. Ба ҷои ин ба худ хотиррасон кунед, ки дар бистар ором ва бароҳат хобидан ин меъёр аст.

Агар ин ёрӣ нарасонад, пас хеста фикрҳои худро дар коғаз нависед. Баъдан мумкин аст, ки аз нав кӯшиши хобидан намоед.

Дар давоми рӯз

Вақт ҷудо намуда, Шумо худро беҳтар эҳсос мекунед. Дар мавриди ҳатто панҷ дақиқа аз хоб сер нашудан, китобҳои хонда, сайругашт дар назди хонаву тамошо ба Шумо эҳсосоти истироҳатро медиҳанд.

Норасогии хобро бартараф карда мешавад, бинобар ҳамин ҳам ба худ дар давоми рӯз ба қадри имкон вақт барои истироҳат ҷудо кунед. Инчунин мумкин аст, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ барои ҷуброн кардани бехобиҳо дар давоми ҳафта беҳтар бихобед. 

Фаъолнокии ҷисмонӣ ва ғизои солим ба Шумо ерӯи бештар медиҳад, бинобар ин барои машқҳои ҷисмонӣ ва ғизои солим вақт ҷудо кунед.

Тартиби рӯз

Ба қадри имкон нигоҳубини кӯдакро бо ҳамсари худ (барои он, ки ҳардуятон истироҳат карда тавонед), аъзоёни оила ё дӯсти худ бо навбат анҷом диҳед.

Агар Шумо барои нигоҳубини кӯдак шабона бонавбат бедор шавед, хеле хуб аст. Барои модароне, ки сина мемаконанд каме ин мушкил буда метавонад. Дар ин маврид беҳтар аст, ки дар вақти хоб будани кӯдак модар низ каме хоб равад. Дар рӯзҳои истироҳат бонавбат пагоҳирӯзӣ ё дар давоми рӯз тӯлонитар бихобед.

Агар Шумо барои корҳои барои нисбатан муҳими худ нерӯ сарф намоед, он гоҳ аҳволи Шумо дар давоми рӯз хуб мешавад, гарчанде, ки Шумо бегоҳирӯзӣ монда ҳам шавед. Мисол ба ҷойи тоза кардани хонаҳо Шумо метавонед бо кӯдакон бозӣ кунед ё бо аъзоёни оилаву дӯстон вақт гузаронед.

Баъзе уҳдадориҳои ҳамарӯзаро қатъ кардан мумкин нест, вале дар мавриди монда будани Шумо корҳои оддӣ низ ба назари Шумо душвор мешаванд. Корҳои хонаро мумкин аст, ки ба қисмҳо ҷудо намуда қадам ба қадам иҷро намуд. Дар ин маврид онҳо ба назаратон осон менамоянд ва Шумо худро дар ҳар як қадами иҷрокардаатон таъриф карда метавонед. Баъзан корҳои хонагӣ метавонанд новобаста аз муҳимияти худ ба таъхир гузошта шаванд.

Барои кам кардани асабоният интизориҳои худро камтар кунед. Баъзан мо нақшаҳои иҷроашавада мекашем. Масалан, мо фикр мекунем, ки бо кӯдакон бозӣ мекунем, кор мекунем, дар чорабиниҳои боғчаи кӯдакона ё мактаб ширкат варзида метавонем, хӯроки бомаззаро барои шом омода мекунем, ҷомашӯи мекунем ва илова бар ин ба толори варзишӣ меравем.

Баъзан Шумо қобилияти иҷро намудани ҳамаи корҳои банақшагирифташударо доред. Вале ягон рӯз ё ҳатто ҳафта Шумо норасогии энергияро ҳис мекунед ва кӯшиш мекунед, ки ҳаҷми кори худро тағйир диҳед – ин амали Шумо табиист. Бо дигар волидайн ҳамсуҳбат шуда, Шумо мефаҳмед, ки дар ҳаёти онҳо низ чунин давраҳо вуҷуд доранд.  

Агар Шумо бо тамоми қувва кӯшиш кунед, ки аз уҳдаи корҳои ҳаррӯза бароед ва дар баробари ин Шумо норасогии хобро эҳсос менамоед, метавонед баро кӯмак ба оила ва дӯстонатон муроҷиат кунед. Агар Шумо эҳсос намоед, ки норасогии вақти хоб боиси дигаргуншавии ҳолати равониву эҳсосӣ мегардад, хуб мешавад агар бо табиб машварат намоед.