Кори дастаҷамъонаи волидайн: чаро ин муҳим аст
Оид ба фаъолияти муштараки волидайн
Кори дастаҷамъӣ – ин мувофиқати равишҳои Шумо дар тарбияи фарзандон, қабули қарорҳои муштарак ва дастгирии мутақобила мебошад.
Сухан дар бораи ҳамоҳангсозии чунин масъалаҳо, ба монанди вақти хоб, ғизо ва интизом, инчунин иҷрои якҷояи вазифаҳои ба хонаю оила алоқаманд меравад. Ба ин нигоҳубини кӯдак, корҳои хона ва таъмини даромади оила мансуб мебошанд.
Чаро кори дастҷамъонаи волидайн барои кӯдакон муҳим аст
Тарзи муоширати модар ва падар бо ҳамдигар ба кӯдакон таъсири калон мерасонад.
Вақте ки волидон худро ҳамчун як даста ҳис мекунанд ва ҳама чизро якҷоя иҷро мекунанд, кӯдакон худро бехатар, бароҳат ва ором эҳсос менамоянд, онҳо намунаи муоширати боэҳтиромонаро мебинанд ва ташаккули муносибати солимро меомӯзанд.
Кӯдаконе, ки дар шароити муноқишаи шадиди байни волидон зиндагӣ мекунанд, бо эҳтимоли зиёд ба мушкилот дар рафтор ва инкишоф дучор мешаванд.
Чаро кори дастаҷамъона барои волидон муҳим аст
Вақте ки Шумо ва ҳамсаратон ҳамчун як даста амал мекунед, худро хушбахттар ва эътимодноктар ҳис мекунед, аз иҷрои вазифаи волидайн ва ҳаёти оилавӣ қаноатманд мешавед, инчунин барои гузаронидани вақт бо оилаатон хоҳиши зиёд пайдо мекунед.
Барои он ки Шумо ва ҳамсаратон як дастаи воқеӣ ташкил кунед, Шумо бояд дар бораи якдигар, худ ва муносибататон ғамхорӣ зоҳир намоед.
Махсусан, вақте ки Шумо солим ҳастед, стрессро бартараф карда метавонед ва худатонро эҳтиёт мекунед. Шумо барои дастгирии ҳамсаратон нерӯи бештар пайдо мекунед ва бо ӯ ва фарзандонатон муносибати хуб ба роҳ мемонед. Илова бар ин, Шумо аз нақши волидайнии худ бештар фараҳ мегиред.
Маҳорати кори дастаҷамъонаи волидайн
Барои як даста будан баъзе малакаҳо метавонад кӯмак расонанд, аз ҷумла:
- ҳалли мушкилот – дарёфти роҳҳои ҳалли вазъиятҳое, ки Шумо роҳи баромадан аз вазъиятро пайдо карда наметавонед;
- идоракунии низоъ – ҳалли ихтилофот тавассути саъю кўшишҳои муштарак ба таври мусбат;
- қобилияти гуфтан ва гӯш кардан – муошират, ки ба наздикшавӣ ва таҳкими муносибатҳо мусоидат мекунад;
- дастгирии мутақобила – пайдарҳамӣ ва мувофиқа дар масъалаҳои тарбияи фарзандон;
- қабули ҳамдигар – қабули тафовути ҳамдигар ва эътирофи арзиши ин тафовутҳо.
Кори дастаҷамъонаи волидон пас аз ҷудошавӣ
Баъди чудошавӣ кори якҷояи волидайн боз ҳам муҳимтар ва баъзан душвортар мешавад. Аксар вақт ба Шумо лозим меояд, ки бисёр чизҳоро дар хотир нигоҳ доред - аз ҷумла ҷадвали вохӯриҳо бо кӯдак, тартиби иштирок дар маҷлиси падару модарон ва ташриф ба маркази саломатӣ.
Агар дар байни Шумо ва ҳамсари собиқатон ихтилофе ба вуҷуд ояд, муҳим аст, ки онро бо хушӣ, кордонӣ ва эҳтиромона ҳал кунед. Кӯдак бо дидани он, ки калонсолон чӣ гуна ихтилофҳоро ҳал карда метавонанд, малакаҳои арзишманд пайдо мекунад.
Агар Шумо кӯдакро дар танҳои тарбия кунед, ба Шумо лозим нест, ки ҳама чизро худатон мустақилона анҷом диҳед. Агар Шумо касеро пайдо кунед, ки ба он такя карда метавонед, барои Шумо осонтар хоҳад буд. Инҳо метавонанд аъзоёни оила, хешовандон ва дӯстон бошанд.