Мубориза бо изтироб: маслиҳат ба волидон

Ба ташвиш омадан дар бораи кӯдак ва ё ба он ки дар ояндаи наздик волидайн мешавед ҳолати ғайриоддӣ нест. Агар Шумо камтар хавотир шавед, Шумо аз нақши волидайн будан лаззат мебаред.
Body
Мубориза бурдан бо изтироб: чаро ин муҳим аст

Ташвиш кашидан ва нигарон шудан дар бораи тарбияи фарзандон - як  чизи муқаррарӣ аст.

Мушкилот вақте ба миён меояд, ки изтироб ва ташвиш аз ҳад зиёд шавад. Дар ин ҳолат, онҳо ба саломатӣ ва ҳаёти ҳаррӯза зараровар буда, метавонанд ба Шумо барои ба таври дилхоҳ волидайн шудан монеъ шаванд.

Бинобар ин бо ташвиш мубориза бурдан хеле муҳим аст.

Аломатҳои ҳолати пуризтироб

Баъзе аломатҳои маъмулии изтироб инҳоянд:

  • ташвиш накашидан душвор мебошад;
  • эҳсоси изтироб;
  • душворӣ дар бароҳат будан ё хоб рафтан;
  • мушкилот дар тамаркуз;
  • ҳолати афсурдагӣ;
  • тез шудани тапиши дил;

Агар яке аз ин нишонаҳо баъзан пайдо шаванд, ин ҳолати муқаррарӣ мебошад. Аммо агар Шумо бисёре аз ин нишонаҳоро дошта бошед ва тарзи зиндагии муқаррарӣ бурда натавонед, шояд вақти он расидааст, ки роҳҳои бартараф кардани изтироби худро ҷустуҷӯ кунед.

Чӣ тавр бо изтироб мубориза бурдан мумкин аст: маслиҳатҳо барои ҳар рӯз

Агар Шумо вазъият ё мушкилоте дошта бошед, ки боиси нигарониатон гарданд, Шумо метавонед амалҳои зеринро иҷро кунед:

  • Пеш аз аксуламал нишон додан нисбат ба вазъият, барои ором шудан ба худ вақт ҷудо кунед. Масалан, агар кӯдак аз боғчаи кӯдакон баромада гӯяд, ки касе ӯро хафа мекунад, Шумо метавонед ба ҳаяҷон афтед. Ба ҷои он ки дарҳол бо мураббия вохӯред, ба хона рафта, бо кӯдак сӯҳбат кунед. Агар рӯзи дигар изтироб бартараф нашавад, бо мураббия вохӯрӣ ташкил кунед.
  • Кӯшиш кунед, ки фикратонро танҳо ба вазъияти мушкил равон кунед ва боқимондаи корҳоро баъдтар анҷом диҳед. Масалан, агар фарзанди Шумо ҳарорати баланд дошта бошад, диққати худро ба паст кардани ҳарорат равона кунед ва ба табиб муроҷиат намоед. Шумо метавонед бо хариди хӯрокворӣ ё ҷомашӯӣ баъдтар машғул шавед.

Якчанд қадамҳои оддӣ барои мубориза бо изтироб:

  • Дар бораи эҳсосоти худ бо ягон кас - ҳамсар, аъзои оила ё дӯсти наздик сӯҳбат намоед.
  • Дар майдончаи бозӣ бо волидайни дигар кӯдаконе, ки дар ҳамин вазъият буданд маслиҳат пурсед.
  • Шумо метавонед эҳсосоти худро дар рӯзнома нависед. Эҳтимол Шумо метавонед дар он чизе, ки шуморо ғамгин мекунад, ягон мунтазамиро бинед.
  • Барои бароҳат будан машқҳои нафаскашӣ иҷро кунед.

Агар ин маслиҳатҳои оддӣ дар бартараф кардани изтироби Шумо кӯмак накунанд, Шумо бояд барои гирифтани кӯмаки ихтисоснок муроҷиат кунед.