Муносибати солим байни волидон
Шумо волидайн шудед: муносибат чӣ гуна метавонад тағйир ёбад
Аксари ҳамсарон ҳангоми волидайн шудан дар муносибатҳои худ ба дигаргуниҳо дучор мешаванд.
Барои бисёриҳо, таваллуди кӯдак дар муносибат тағйироти мусбӣ меорад. Масалан, шумо шояд сатҳи нави сифатан дигари робитаро байни худ эҳсос кунед. Бо вуҷуди ин, шумо метавонед баъзе душвориҳоеро эҳсос кунед, ки пеш аз волидайн шудан дар муносибатҳои шумо набуд.
Камхобӣ, вақти кам барои сӯҳбат ва ҳамроҳ будан ҳангоми таваллуди кӯдак метавонад ба муносибатҳо зарар расонад.
Ин тағирот ва мушкилотро дар он ифода кардан мумкин аст, ки шумо бештар бо чизе розӣ намешавед ё ҳис мекунед, ки чизе нодуруст рӯй дода истодааст. Шояд шумо барои ҳалли мушкилоте, ки ба миён меоянд, нерӯ надошта бошед.
Муоширати ошкоро бо якдигар барои нигоҳ доштани тарзи муқаррарии зиндагӣ ва мутобиқ шудан ба тағирот кӯмак мекунад. Ин равиш ба таҳкими муносибатҳои байни шумо, инчунин бо дӯстон ва хешовандон кӯмак мекунад.
Муносибатҳои солим: маслиҳат барои волидон
Ба якдигар гӯш диҳед
Гӯш кардан – муҳимтарин маҳорати муоширати шумост. Он ба шумо ва ҳамсаратон имкон медиҳад эҳсос намоед, ки шуморо мешунаванд, мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд.
Якдигарро бодиққат гӯш карда, шумо метавонед нуқтаи назар ва эҳсосоти ҳамдигарро беҳтар дарк кунед. Агар шумо хоҳед, ки ҳамсаратон ба шумо гӯш диҳад, шумо бояд омода бошед, ки нуқтаи назари ӯро оид ба ягон масъалаҳо бишнавед.
Барои ба ҳамсаратон нишон додан, ки шумо воқеан ба гапи ӯ гӯш медиҳед, шумо бояд аз корҳои кардаистодаатон фориғ шавед ва тамоми таваҷҷӯҳи худро ба он равона кунед, ки ӯ чӣ мегӯяд.
Бо додани саволҳои кушода, ба мисли "Ту дар бораи ин чӣ фикр дорӣ...?", ҳамсаратонро ба сӯҳбат ташвиқ кунед. Бо шарофати онҳо, муҳокима муфассалтар хоҳад шуд. Барои санҷидани он, ки то чӣ андоза шумо маънои гуфтаҳоро дуруст фаҳмидаед, онро бо суханони худ такрор кунед.
Ва дар хотир доред, ки агар шумо баъдан чӣ гуфтанро фикр кунед, шумо хуб гӯш намедиҳед. Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, ки ба суханони ҳамсаратон диққат диҳед.
Ба ҳамсаратон дар бораи эҳсосоти худ нақл кунед
Ҳамсари шумо фикратонро хонда наметавонад! Вақте ки шумо дар бораи ноумедиҳо ва тарсу ҳаросҳои худ, лаҳзаҳои шодӣ ва хурсандии худ сухан мегӯед, барои ӯ фаҳмидани он, ки шумо чиро эҳсос мекунед, осонтар мешавад.
Гуфтаҳои ба истилоҳ "Ман" нисбат ба гуфтаҳои "Ту" осонтар пазируфта мешаванд, ки шояд ба назар танқид намоянд. Аз ин рӯ, вақте ки шумо дар бораи мушкилот гап мезанед, чунин тасвияҳояро истифода баред: "Ман худро танҳо ҳис мекунам аз он ки мо якҷоя кам вақт мегузаронем." Ин хел гуфтан беҳтар аст назар ба "Ту бо ман дигар вақт намегузаронӣ".
Ҳангоми нигохубини доимии кӯдак лахзае барои сухбат пайдо кардан душвор аст. Шояд шумо бояд барои ин вақти махсус ҷудо кунед.
Тағйиротро қабул кунед
Шумо метавонед тағиротро дар муносибат ҳамчун марҳилаи нав қабул кунед, на нокомӣ. Бояд сӯҳбат намуд, ки ҳардуи шумо ин марҳилаи навро чӣ гуна қабул мекунед ва чӣ гуна бо он мубориза мебаред.
Агар маълум гардад, ки дар марҳилаи нав бо вақтгузаронии якҷоя мушкилот вуҷуд дорад, кӯшиш кунед, ки вақтро барои якҷоя будан пешакӣ ба нақша гиред.
Ҳалли муноқишаҳо
Вақте ки шумо тағиротро эҳсос мекунед, шумо ихтилофи назарҳо хоҳед дошт. Дар ин бора сӯҳбат намуда, шумо метавонед нуқтаи назари якдигарро хубтар фаҳмед. Доштани ихтилофҳо чизи муқаррарӣ аст.
Агар шумо нуқтаи назари дигарро қабул кунед ва нуқтаи назари худро шарҳ диҳед, мухолифат коҳиш меёбад. Барои фаҳмидани мавқеи ҳамсаратон аз маслиҳатҳои самараноки гӯш кардан, ки дар боло зикр шудаанд, истифода баред. Ҳамлаҳои ҷавобӣ вазъиятро боз ҳам бадтар мекунанд.
Кӯшиш кунед қарорҳое қабул кунед, ки барои ҳардуи шумо муфид бошанд, хусусан вақте ки сухан дар бораи тарбияи фарзандон меравад. Муҳим аст, ки волидон дар як сатҳ бошанд, зеро чизҳое ба монанди реҷаи рӯз, интизом ва вақти хоб кори дастаҷамъиро талаб мекунанд.
Пас аз волидайн шудан, ба ҳамдигар наздик бимонед
Хушмуомилагии оддӣ, аз қабили пурсидан, ки рӯзи ту чӣ гуна гузашт, ба нигоҳ доштани робитаи ҳардуи шумо кӯмак мекунад. Ҳатто амалҳои хурди ғамхорӣ нисбати ҳамдигар хеле муҳиманд. Ин метавонад пешниҳоди як пиёла чой ё истироҳат кардан пас аз рӯзи вазнин бошад.
Барои якҷоя будан каме вақт ҷудо кунед
Вақте, ки шумоён дар танҳоӣ мегузаронед, ба шумо имкон медиҳад, ки сӯҳбат кунед, наздик шавед, аз висоли ҳамдигар лаззат баред ва муносибатҳоро мустаҳкам намоед.
Вақте ки имконият пайдо мешавад, шумо метавонед корҳои зеринро иҷро кунед:
- доя пайдо карда, рӯзона ё бегоҳӣ ба ҷои дилписанд равед – хӯроки шом хӯрдан, сайру гашт кардан, ба кинотеатр рафтан;
- дар хона як шоми махсус ташкил кунед, масалан, пас аз хоб рафтани кӯдакон хӯроки шом ё тамошои филм;
- ба хотир овардани машғулиятҳои дӯстдоштаи худ пеш аз волидайн шудан ва дар бораи он фикр кардан, ки чӣ тавр шумо метавонед ба онҳо баргардед, ҳатто агар он ҳоло каме фарқ кунад.
Бо банақшагирии чунин чорабиниҳо шумо эҳтимолияти ба амал омадани онҳоро зиёд мекунед.
Идора намудани муносибатҳои худ
Барои ин дигаргуниҳоеро, ки дар хаёти шумо ба амал меоянд, ошкоро муҳокима кунед. Аз ҷумла, таассуроти шумо дар бораи нақшҳои нави худ ва чӣ гуна шумо онҳоро мебинед.
Вақте ки одамон соҳиби фарзанд мешаванд, метавонанд мушкилоти марбут ба таҷрибаи кӯдакии худ дошта бошанд. Бо муҳокимаи ин масъалаҳо, шумо метавонед беҳтар фаҳмед, ки онҳо ба корҳое, ки шумо ҳамчун волидон иҷро мекунед ва мегӯед, чӣ гуна таъсир мерасонанд. Агар вазъият душвор гардад, эҳтимол лозим ояд барои дастгирӣ, масалан ба равоншинос, муроҷиат намоед.