Қадамҳои ҳалли мушкилот барои волидон

Бартараф кардани мушкилот яке аз роҳҳои дарёфти ҳалли инноватсионии вазъиятҳои душвор аст.
Body

Чаро ҳалли мушкилот муҳим аст

Чӣ тавр волидайн бо мушкилот ё ихтилофот дар муносибат рафтор мекунанд, ба кӯдакон таъсир мерасонад.

Бо ҳалли мусбат ва созандаи мушкилот Шумо кӯдаконро аз оқибатҳои муноқиша муҳофизат мекунед. Вақте ки Шумо ва ҳамсаратон барои ёфтани роҳи ҳалли мушкилот якҷоя кор мекунед, муносибатҳои оилавӣ хушбахттар, солимтар ва мустаҳкамтар мешаванд.

Вақте ки Шумо ва ҳамсаратон мушкилотро ҳал мекунед, яъне:

  • Шумо бо душвориҳо мубориза мебаред, на аз онҳо канорагирӣ мекунед;
  • бо эхтиром ва пурсаброна гап мезанед ва гӯш мекунед;
  • роҳҳои ҳалли ба ҳардуи Шумо мувофиқро пайдо мекунед;
  • худро хамчун ҳамфикр эҳсос мекунед.

Ин усул ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки малакаҳои муҳими ҳаётиро омӯзанд.

Қоидаҳои асосии ҳалли мушкилот

Пеш аз он ки Шумоён ҳалли мушкилотро оғоз кунед, хуб аст, ки қоидаҳои асосиро муқаррар намоед. Беҳтар аст, ки Шумо ва ҳамсаратон онҳоро якҷоя тартиб диҳед.

Қоидаҳои асосӣ метавонанд инҳо бошанд:

  • Ҳар кадоми Шумо дар вақти дилхоҳ метавонед муҳокима кардани масъаларо пешниҳод кунед.
  • Ҳар яки Шумо метавонед сӯҳбатро рад кунед ва онро ба вақти дигар гузаронед - на бештар аз як рӯз пас аз мушкилотро ба муҳокима гузоштан.
  • Агар муҳокима тезу тунд шавад, ҳар яки Шумо метавонед таваққуф кунед, то ором шавед.
  • Масъалаҳоро дар вақти лозима дар ҷои лозима ҳал кунед. Хусусан вақте ки кӯдакон дар гирду атроф нестанд, вақте ки Шумо барои муҳокима вақти зиёд доред ва дигар корҳои таъҷилӣ надоред, масалан, пухтани хӯроки шом, ва вақте ки ҳардуи Шумо ором ҳастед.
  • Бодиққат гӯш кунед, то бифаҳмед, ки шахси дигар ба Шумо чӣ гуфтан мехоҳад.
  • Розӣ шавед, ки Шумо дар ҳузури одамони бегона мавзӯъҳои баҳсбарангез намеоред ё беэҳтиромӣ нахоҳед кард.
  • Дар хотир доред, ки агар яке аз Шумо мушкилот дошта бошад, ҳардуи Шумо онро доред.

Ҳалли масъала: алгоритм

1. Мушкилотро муайян кунед

Дар бораи мушкилот равшан ва мушаххас сӯҳбат кунед:

  • Тавсиф кунед, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, чанд вақт давом дорад ва ба кӣ таъсир мерасонад. Масалан: "Ман ҳис мекунам, ки дар се ҳафтаи охир мо бештар аз пештара ҷангу ҷанҷол кардем."
  • Таваҷҷӯҳро ба мушкилот равона кунед, на ба шахс. Масалан: «Мо доимо кори хонаро иҷро мекунем ё кӯдаконро ба машқи варзиш мебарем. Мо муддати дароз бо ҳам истироҳат накардаем. Ин ба муносибатҳои мо таъсир мерасонад."
  • Саҳми худро дар пайдо шудани мушкилот ба гардан гиред. Масалан: «Медонам, ки баъзан худам якум шуда ҷанҷол мекардам».
  • Мушкилотро ба таври бетараф тавсиф кунед, бидуни айб ба касе. Барои ин, онро дар шакли савол тартиб диҳед. Масалан: "Оё мо метавонем муҳокима кунем, ки чӣ тавр барои худ вақт пайдо кунем?"

2. Он чизеро, ки ҳар яки Шумо чӣ мехоҳед, муайян кунед

Он чизеро, ки барои ҳар яки Шумо муҳим аст, аниқ кунед. Барои муайян кардани мавқеъҳо саволҳо диҳед. Масалан:

  • Чаро ин хеле муҳим аст?
  • Чаро Шумо инро мехоҳед / чаро ин ба Шумо лозим аст?
  • Чаро Шумо дар изтироб/ташвиш/хавотир?
  • Чаро Шумо инро намехоҳед/ба Шумо даркор нест?
  • Барои чӣ ин чиз даҳшатнок аст?

Ҳадафи Шумо аниқ фаҳмидани он чизе, ки ҳар яки Шумо мехоҳед. Сабр кунед ва ба ҷавобҳои ҳамдигар бодиққат гӯш кунед.

3. Ҳуҷуми зеҳнӣ

Ҳамаи роҳҳои имконпазири ҳалли масъаларо нависед. Инҳоянд чанд маслиҳат барои оғози ҳуҷуми зеҳнӣ:

  • Бо навбат ақидаҳоро пешниҳод кунед.
  • Кӯшиш кунед, ки ҳарчи бештар ақидаҳоро пешниҳод кунед, ҳатто агар баъзеи онҳо беасос ба назар мерасанд. Камаш 8—10 фикру ақида пешниҳод кунед.
  • Ҳама ақидаҳоро нависед. Дар акси ҳол касе, ки андешааш пазируфта нашуд, метавонад хиҷолат кашад ва дигар чизе пешниҳод накунад.
  • Ба муҳокимаи ақидаҳо танҳо пас аз шунидани ҳамаи вариантҳо шурӯъ кунед.

4. Вариантҳоро арзёбӣ кунед ва якеро интихоб кунед

Ҳама роҳҳои ҳалли имконпазиреро, ки Шумо ҳангоми ҳуҷуми зеҳнӣ пайдо кардаед, баррасӣ кунед ва рӯйхатро ба як банд маҳдуд кунед, ки воқеан дар амал татбиқ карда мешаванд. Инҳоянд чанд маслиҳат:

  • Ақидаҳоеро, ки ҳардуи Шумо фикр мекунед, ки кор намекунанд, хат занед.
  • Агар касе аз Шумо фикр кунад, ки ақида метавонад кор кунад, дар рӯйхат монед.
  • Бартарӣ ва нуқсонҳои ҳар як ақидаеро, ки дар рӯйхат гузоштаед, номбар кунед. Аввалан манфиатҳоро баррасӣ кунед - кӯшиш кунед, ки дар ҳар як ақида ҷиҳати мусбатро пайдо кунед.
  • Мухтасар бошед, то ки барои муҳокимаи ҳамаи ақидаҳо аз рӯйхат, вақти кофӣ бошад.
  • Ҳама ақидаҳоеро, ки баръало нуқсонҳои бештар аз бартарӣ доранд, хат занед.
  • Вариантҳои боқимондаро аз рӯи ҷадвали аз 1 (на чандон хуб) то 10 (хеле хуб) баҳо диҳед.
  • Ҳалли масъалаеро интихоб кунед, ки Шумо ва ҳамсари Шумо барои кӯшиш кардан розӣ ҳастед. Ин ҳатман варианти афзалиятнок барои Шумо нахоҳад буд, аммо он бояд барои Шумо бароҳат бошад.

Агар Шумо роҳи ҳалли масъаларо наёбед, қадами ҳуҷуми зеҳниро такрор кунед ва кӯшиш намоед, ки ақидаҳои дигарро ёбед.

Барои пайдо кардани ақидаҳои нав, Шумо метавонед ба дӯстон ё аъзоёни оила, ки ба онҳо боварӣ доред, муроҷиат кунед. Аммо аввал, аз ҳамсари худ пурсед, ки оё ӯ муқобил нест. Шояд ӯ намехоҳад баъзе масъалаҳои мухолифро таблиғ кунад.

Агар ин кор накунад, маслиҳат кунед, ки аввал ҳалли масъалаи Шумо пешниҳодкардаро дида мебароед, ва дафъаи оянда бошад – ҳалли пешниҳодкардаи ҳамсари Шумо.

5. Ҳалли масъаларо дида бароед

Қарори худро дар амал татбиқ намуда, дар бораи чизҳои зерин мувофиқа кунед:

  • Кӣ, чӣ кор, кай ва дар куҷо инро иҷро мекунад?
  • Чӣ рӯй медиҳад, агар мо он чизеро, ки бо ҳам мувофиқа карда будем, иҷро накунем?
  • Оё мо бояд пайгирӣ кунем, ки ҳалли мо то чӣ андоза хуб кор мекунад?
  • Кай мо самаранокии ҳалли масъаларо дида мебароем?

Агар қарор ба кӯдакон дахл дошта бошад, онҳо метавонанд, агар имкон бошад, дар татбиқи амалии он иштирок кунанд.

6. Таҳлил

Пас аз вақти муайян, натиҷаҳои қарори худро таҳлил кунед. Саволҳои зерин барои арзёбии натиҷаҳо кӯмак хоҳанд кард:

  • Оё қарор самаранок аст?
  • Чӣ кор кард? Чӣ кор накард?
  • Чӣ кор кардан мумкин аст, то ин раванд осонтар пеш равад?

Агар ифоқаи ба даст омада кор кунад, ҳардуи Шумо пай хоҳед бурд, ки ихтилофҳо камтар мешаванд. Агар не, ба худ саволҳои зеринро диҳед:

  • Оё қабули қарор оқилона буд?
  • Ҳар яки мо ҳам медиҳем ва ҳам мегирем?
  • Оё қоидаҳо ва масъулиятҳо барои ҳардуи мо равшан буданд?
  • Агар шартнома вайрон карда шуда бошад, оё оқибатхо ба назар гирифта шуда буданд ва оё онхо мантиқианд?
  • Оё масъалаҳои дигаре ҳастанд, ки Шумоён бояд пеш аз он ки роҳи ҳалли он ба кор андохта шавад, муҳокима кунед?

Шояд ба Шумо лозим меояд, ки раванди ҳалли мушкилотро дубора оғоз кунед, то роҳи ҳалли беҳтаре пайдо кунед.

Одатан, агар мушкилот бо муваффақияти гуногун ҳал карда шавад - метавонад 1-2 ҳафта тӯл кашад, пеш аз он ки ҳама чиз беҳтар шавад.

Кӯмак

Агар кор бо мушкилот Шумо ё ҳамсари Шуморо рӯҳафтода ё хашмгин кунад, Шумо метавонед бо равоншиноси оилавӣ тамос гиред. Мутахассис барои муайян кардани сабабҳои муноқиша ва пайдо кардани роҳҳои амалии ҳалли мушкилот кӯмак мерасонад.

Хуб мебуд агар Шумо ва ҳамсаратон якҷоя дар машварати мутахассис иштирок кунед. Агар ҳамсари Шумо иштирок кардан нахоҳад, ба ҳар ҳол барои кӯмак Шумо худатон мустақилона муроҷиат кунед.