Ҳалли ихтилофот байни волидон
Муноқиша чист?
Муноқишаҳо метавонанд аз ихтилофоти хурд байни Шумо ва ҳамсари Шумо то ҷанҷол ва задухӯрдҳо бошанд. Инчунин, низоъ метавонад шакли сукути золимона, хашм, муносибати ҷангҷӯёна дошта бошад.
Баъзан муноқиша бо ҳамсар метавонад зуд ҳал шавад. Дар ҳолатҳои дигар, ёфтани роҳи ҳал душвор буда метавонад.
Ба амал омадани муноқишаҳо дар муносибат муқаррарӣ аст. Муҳим он аст, ки Шумо онҳоро чӣ гуна бартараф мекунед.
Чаро ҳалли муноқишаҳо барои оилаҳо муҳим аст?
Ҳалли созандаи низоъ барои Шумо, муносибати Шумо ва фарзандонатон хуб аст.
Манфиатҳо барои Шумо ва муносибати Шумо
Вақте ки Шумо ва ҳамсари Шумо ихтилофотро муҳокима мекунед ва роҳҳои ҳалли барои ҳардуи Шумо хубро кор карда мебароед, Шумо худро беҳтар, хушбахттар ва дастгиршуда ҳис мекунед. Муносибатҳои Шумо мустаҳкамтар мешаванд.
Манфиатҳо барои кӯдакон
Муноқишаҳо як қисми ҳаёт мебошанд. Вақте ки кӯдакон мебинанд, ки Шумо барои ҳалли вазъиятҳои муноқиша якҷоя кор мекунед, онҳо малакаҳои арзишманди ҳаётӣ, аз қабили қобилияти гуфтушунид ва ҳалли самараноки мушкилотро меомӯзанд. Инчунин барои кӯдакон муҳим аст, ки донанд, ки Шумо дар бораи ихтилофоти ақидаҳо хушбин ҳастед.
Муноқишаҳои зуд-зуд ё доимӣ бо зуҳуроти хашм ва зӯроварӣ ба кӯдакон ҳам дар мӯҳлати кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддат таъсири сахт мерасонанд. Идоракунии муноқишаҳо ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии низоъҳо кӯмак мекунад.
Маслиҳатҳо оид ба ҳалли низоъ
Нагузоред, ки кӯдаконатон дар бораи мушкилоти Шумоён огоҳ бошанд
- Дар назди кӯдакон аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед.
- Дар паси дарҳои баста баҳсҳои тезу тундро анҷом диҳед.
- Мушкилотро ҳангоми набудани кӯдакон муҳокима кунед: вақте ки онҳо хобанд, дар мактаб ё дар назди бибию бoбo.
Бигзор кӯдакон бубинанд, ки Шумо мушкилотро созанда ҳал мекунед
- Бо навбат гап занед ва гӯш кунед.
- Хушмуомила ва боэҳтиром бошед.
- Кӯшиш кунед, ки эҳсосот ва нуқтаи назари ҳамсари худро фаҳмед. Ба Шумо шарт нест, ки розӣ шавед, муҳим аст, ки кӯшиш кунед, ки фаҳмед.
- Эҳсосоти худро бо ҳамсаратон мубодила кунед.
- Тасаввур кунед, ки ҳамсари Шумо ҳам мисли Шумо мехоҳад мушкилотро ҳал кунад.
- Кӯшиш кунед, ки мушкилотро ҳал кунед ва роҳҳои ҳалли гуногунро фикр кунед.
Ба кӯдакон фаҳмонед, ки онҳо мушкил нестанд
- Фикр накунед, ки кӯдакон бояд аз мушкилоти Шумо огоҳ шаванд. Баъзе мушкилот танҳо барои гӯшҳои калонсолон мебошанд.
- Ба кӯдакон фаҳмонед, ки ҷанҷол ё муноқиша байни Шумо ва шарики Шумо ба хотири онҳо нест ва калонсолон ҳатман ҳама чизро ҳал мекунанд.
- Ба кӯдакон бигӯед, ки Шумо роҳи ҳалли масъаларо меҷӯед.
- Ба ҳамсари худ ташвиқ кунед, ки вақтро бо кӯдакон ба таври шавқовар ва гуворо гузаронад.
Таваҷҷӯҳ ба муносибати мусбат бо кӯдакон
- Бо фарзандони худ дар машғулиятҳои шавқовар вақт гузаронед.
- Дар лаҳзаҳои гуворо ба кӯдакон таваҷҷӯҳ кунед, ҳангоми рафтори хубашон таърифу дастгирӣ кунед.
- Кӯдаконро ба оғӯш гиред, ба онҳо бигӯед, ки онҳоро дӯст медоред - меҳрубон бошед.
- Бо кӯдакон дар бораи чизҳое, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд, чӣ кор мекунанд ва чӣ эҳсос мекунанд, сӯҳбат кунед.
- Диққатро аз фаъолияти худ ба кӯдакон равона кунед, вақте ки онҳо ба кӯмак ниёз доранд, вақте ки онҳоро гӯш кардан ё сӯҳбат кардан лозим аст.
Агар Шумо ба зӯроварии хонаводагӣ дучор шавед, ба телефони боварӣ занг занед, кӯмак пурсед ва барои таъмини амнияти худ ва фарзандони худ ҳар кори заруриро анҷом диҳед.
Чӣ гуна муноқишаҳои байни волидон ба кӯдакон таъсир мерасонанд
Агар волидайн зуд-зуд ҷангу ҷанҷол кунанд ва барои ҳалли ихтилофот кор накунанд, низоъҳо барои кӯдакон зарароваранд. Ҳар қадаре, ки волидайн ҷанҷол кунанд, ҳамон қадар ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонанд. Муноқишаҳои ҷиддӣ ва зуд-зуд метавонанд хатари мушкилоти эмотсионалӣ, рафторӣ ва иҷтимоиро зиёд кунанд.
Ҳамин тариқ, вокуниш ба муноқишаи волидайн дар кӯдакони хурдсол метавонад дар хашм ё рафтори бад ифода карда шавад. Кӯдакони синни мактабӣ эҳтимоли беитоатӣ доранд ва дар мактаб душворӣ мекашанд. Кӯдакони калонсол метавонанд бо мушкилоте мисли депрессия, изтироб, худбаҳодиҳии паст ва худнобоварӣ дучор шаванд.
Низоъ махсусан хавфнок аст, агар он бо рафтори хашмгин, таҳдид ё ҷанҷол нисбати кӯдак дар ҳузури ӯ барпо шавад. Зӯроварии ҷисмонӣ байни ҳамсарон метавонад ба кӯдакон бештар зарар расонад. Кӯдаконе, ки дар муҳити зӯроварии ҷисмонӣ ба воя мерасанд, эҳтимоли зиёд ба мушкилоти шахсӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданро дар вақти калонсолӣ доранд.
Муноқиша чист?
Муноқишаҳо метавонанд аз ихтилофоти хурд байни Шумо ва ҳамсари Шумо то ҷанҷол ва задухӯрдҳо бошанд. Инчунин, низоъ метавонад шакли сукути золимона, хашм, муносибати ҷангҷӯёна дошта бошад.
Баъзан муноқиша бо ҳамсар метавонад зуд ҳал шавад. Дар ҳолатҳои дигар, ёфтани роҳи ҳал душвор буда метавонад.
Ба амал омадани муноқишаҳо дар муносибат муқаррарӣ аст. Муҳим он аст, ки Шумо онҳоро чӣ гуна бартараф мекунед.
Чаро ҳалли муноқишаҳо барои оилаҳо муҳим аст?
Ҳалли созандаи низоъ барои Шумо, муносибати Шумо ва фарзандонатон хуб аст.
Манфиатҳо барои Шумо ва муносибати Шумо
Вақте ки Шумо ва ҳамсари Шумо ихтилофотро муҳокима мекунед ва роҳҳои ҳалли барои ҳардуи Шумо хубро кор карда мебароед, Шумо худро беҳтар, хушбахттар ва дастгиршуда ҳис мекунед. Муносибатҳои Шумо мустаҳкамтар мешаванд.
Манфиатҳо барои кӯдакон
Муноқишаҳо як қисми ҳаёт мебошанд. Вақте ки кӯдакон мебинанд, ки Шумо барои ҳалли вазъиятҳои муноқиша якҷоя кор мекунед, онҳо малакаҳои арзишманди ҳаётӣ, аз қабили қобилияти гуфтушунид ва ҳалли самараноки мушкилотро меомӯзанд. Инчунин барои кӯдакон муҳим аст, ки донанд, ки Шумо дар бораи ихтилофоти ақидаҳо хушбин ҳастед.
Муноқишаҳои зуд-зуд ё доимӣ бо зуҳуроти хашм ва зӯроварӣ ба кӯдакон ҳам дар мӯҳлати кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддат таъсири сахт мерасонанд. Идоракунии муноқишаҳо ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии низоъҳо кӯмак мекунад.
Маслиҳатҳо оид ба ҳалли низоъ
Нагузоред, ки кӯдаконатон дар бораи мушкилоти Шумоён огоҳ бошанд
- Дар назди кӯдакон аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед.
- Дар паси дарҳои баста баҳсҳои тезу тундро анҷом диҳед.
- Мушкилотро ҳангоми набудани кӯдакон муҳокима кунед: вақте ки онҳо хобанд, дар мактаб ё дар назди бибию биби.
Бигзор кӯдакон бубинанд, ки Шумо мушкилотро созанда ҳал мекунед
- Бо навбат гап занед ва гӯш кунед.
- Хушмуомила ва боэҳтиром бошед.
- Кӯшиш кунед, ки эҳсосот ва нуқтаи назари ҳамсари худро фаҳмед. Ба Шумо шарт нест, ки розӣ шавед, муҳим аст, ки кӯшиш кунед, ки фаҳмед.
- Эҳсосоти худро бо ҳамсаратон мубодила кунед.
- Тасаввур кунед, ки ҳамсари Шумо ҳам мисли Шумо мехоҳад мушкилотро ҳал кунад.
- Кӯшиш кунед, ки мушкилотро ҳал кунед ва роҳҳои ҳалли гуногунро фикр кунед.
Ба кӯдакон фаҳмонед, ки онҳо мушкил нестанд
- Фикр накунед, ки кӯдакон бояд аз мушкилоти Шумо огоҳ шаванд. Баъзе мушкилот танҳо барои гӯшҳои калонсолон мебошанд.
- Ба кӯдакон фаҳмонед, ки ҷанҷол ё муноқиша байни Шумо ва ҳамсари Шумо ба хотири онҳо нест ва калонсолон ҳатман ҳама чизро ҳал мекунанд.