Дандонбарорӣ - чӣ гуна ба кӯдак кӯмак кардан мумкин аст

Барои волидайн пайдоиши дандони аввал – худаш як ид мебошад! Аммо ин ҳодиса метавонад боиси стресс ва шабҳои бехобӣ низ гардад. Дар баъзе кӯдакон, дандонҳо бе мушкилӣ мебароянд, вале дар баъзе кӯдакон пайдоиши дандони аввал бо гиряи зиёд ва як қатор эҳсосот ҳамрадиф аст.
Body

Дандонбарорӣ одатан дар синни 3 - 6 моҳагӣ оғоз меёбад. Баъзе кӯдакон бо дандон таваллуд мешаванд, вале баъзеи дигарашон танҳо дар давраи роҳ рафтанашон дандони аввали худро мебароранд.

Ҳангоми дандонбарорӣ рафтори кӯдак тағйир меёбад: ӯ асабонӣ мешавад, ноором мешавад, шабона аз хоб бедор мешавад, дастонашро дар даҳон мекунад, аз истеъмоли ғизои сахт даст мекашад, милки дандонҳояш варамноку сурх ва дардманд шуда, зиёд хориҷшавии оби даҳон ба назар мерасад, наҷосати тунук (на дарунравӣ) пайдо шуда, баъзан каме баланд шудани ҳарорати бадан (на бештар аз 38 дараҷа) ба назар мерасад.

Чӣ тавр ба кӯдак дар чунин мавридҳо кӯмак кардан мумкин аст:

  • Хунук кардани милки дандонҳо – дандонхилоли дар яхдон хунуккардашударо истифода баред. Онро дар қисми яхдори яхдон нигоҳ надоред, зеро дандонхилоли яхкардашуда метавонад ба кӯдак осеб расонад. Дандонхилолҳо одатан аз резин ё пластики махсус сохта мешаванд ва шаклу тарҳҳои гуногуни барои кӯдакон мувофиқ доранд. Ҳамеша аз дандонхилолҳои сертификатдоштаи истеҳсолкунандагони бонуфуз истифода баред.
  • Маҳси милки дандонҳо - дастони худро бо собун ва об (на камтар аз 20 сония) хуб шӯед ва бо ангушти ишорат милки дандони кӯдаки худро маҳс кунед. Илова бар ин, Шумо метавонед гелҳо ё моеъҳои гуногунро барои молидан ба милки дандони кӯдакон ва барои маҳси милки дандонҳо харидорӣ намоед. Дар таркиби чунин гелҳо гиёҳҳои шифобахш, кислотаи гиалуронӣ ё анестетикҳои ҷузъӣ мавҷуд мебошанд. Онҳоро мувофиқи дастурҳои истеҳсолкунанда  мувофиқи синну соли кӯдак истифода баред.

Зиёд хориҷ шудани луоби даҳон метавонад боиси сурхшавӣ ё пайдоиши доначаҳо дар атрофи лабҳои кӯдак гардад, ки метавонад ба сироятшавӣ оварда расонад. Барои пешгирии ин ҳодиса рӯйи кӯдаки худро мунтазам шӯед, атрофи лабҳоро хушк кунед ва малҳами муҳофизатии нейтралӣ молед. Ҳангоми хоб ба зери сараш матоъи пахтагӣ гузошта, онро зуд-зуд иваз кунед, то рӯй ва рухсораҳои кӯдакатон ҳамеша хушк бошад.

Нороҳатии вобаста ба дандонбарорӣ муваққатӣ буда, дар ин давра кӯдаки Шумо махсусан ба меҳрубонӣ, таваҷҷӯҳ ва муҳаббати Шумо ниёз дорад.