Тартиби баромадани дандонҳои ширӣ
Якумин шуда дандончаи мобайни поёнӣ, ки “якумин” ном дорад, мебарояд.
Пас аз баромадани дандонҳои марказии поёнӣ (дар 6-10 моҳагӣ) дандонҳои марказии болоӣ (дар 8-12 моҳагӣ), пас аз он дандонҳои болоии паҳлӯӣ ё “дуюмин” (дар 9-13 моҳагӣ) баромада, баъдан дандонҳои паҳлӯии поёнӣ (дар 10-16 моҳа), дандонҳои пеши болоӣ ё “чорумин” (дар синни 13-19 моҳа), дандонҳои пеши поёнӣ (дар 14-18-солагӣ) ва сипас дандонҳои ба истилоҳ “сеюмин” ё “ашк”, дар аввал дар ҷоғи боло (дар синни 16-22 моҳагӣ) ва баъд аз он дар ҷоғи поён (17-23 моҳагӣ) мебароянд.
Дандонҳои ашк одатан боиси пайдо шудани нороҳатӣ дар кӯдак гардида дар мавриди баромадани онҳо гиря ва дардмандӣ мушоҳида карда мешавад.
Пас аз дандонҳои ашк дандонҳои пешу поёнии дуюм ё “панҷумин” (дар синни 23-31 моҳагӣ) ва баъд аз он дандонҳои пешу болоии дуюм (дар синни 25-31 моҳагӣ) мебароянд.
Дандонҳои ширӣ на танҳо “ивазкунандаи” дандонҳои доимӣ мебошанд, балки барои инкишофи дурусти кӯдак хеле муҳим ҳастанд. Онҳо ғизоро бурида, пора мекунанд ва барои ҳазм кардан тайёр менамоянд, ки имкон медиҳад ҳамаи маводҳои ғизоии бо хӯрок якҷоя ба организм воридшуда истифода бурда шаванд. Дандонҳои ширӣ ба инкишофи нутқи кӯдак ва талаффуз кардани калимаву садоҳои алоҳида таъсир мерасонанд.
Инкишофи дурусти дандонҳо ва ҷоғ инчунин барои намуди зоҳирии эстетикӣ дар ҳаёти минбаъда низ муҳим мебошад.