Нигоҳубини дандонҳои кӯдакон

Дар мавриди баромадани дандонҳои аввалин бо истифода аз докаи пахтагини мулоим ё чӯткаи мулоими вобаста ба синну сол дандонҳои кӯдакро бо об ду маротиба шӯед. Агар Шумо дандонҳои кӯдакро мунтазам тоза намоед ва ба ӯ нӯшокиву ғизоҳои ширин надиҳед, бо ин амал Шумо пайдоиши кариесро пешгирӣ менамоед. Дар мавриди 6 моҳа шудани кӯдак, ӯро ба назди духтури дандони кӯдакона баред.
Body

Тозакунии дандонҳо ва милки дандонҳо

  • Нигоҳубини дандонҳо то давраи дандонбарорӣ оғоз карда мешавад. Пас аз истеъмоли ғизо якчанд маротиба бо докаи мулоими пахтагии дар маҳлули физиологӣ таркардашуда оҳиста бо дастони тоза сатҳи милкҳои дандони кӯдакро тоза кунед.
  • Тозакунии дандонҳо танҳо баъд аз баромадани дандони аввалин ва пас аз қабули ғизо, дар давоми шабонрӯз 2 маротиба бо тоза кардани сатҳи берунӣ ва дохилии милки дандонҳо амалӣ карда мешавад. Барои ин докаи пахтагии мулоими намнок ё чӯткаи мувофиқ ба синну соли кӯдакро истфиода баред.
  • Дар ин синну сол чӯткаи дандоншӯӣ – ин бозичаест, ки барои кӯдак омӯхтани он шавқовар аст.

Ғизо барои дандони солим

  • Дандонҳо пас аз баромадан хатари гирифторшавӣ ва пӯсиданро (кариес) доранд.
  • Тозакунии ҳаррӯзаи дандонҳо низ кафолати солимии давомноки дандонҳо намебошанд. Инчунин ғизо ва усули ғизодиҳӣ низ муҳим мебошад. Агар кӯдак шири модар истеъмол намояд он гоҳ бо ин амал ҳам пӯсидани дандонҳо (кариес) ва ҳам вайроншавии шакли ҷоғ пешгирӣ карда мешавад.
  • Дар мавриде, ки дар синни 6 моҳагӣ Шумо ба ғизои кӯдак иловаҳо ворид мекунед, он гоҳ дар байни ғизодиҳӣ ба кӯдак каме моеъ нӯшонида метавонед.
  • Ба кӯдакатон нӯшокиҳои ширин ва ғизоҳои ширин надиҳед.
  • Нагузоред, ки кӯдакатон шишаи ширхӯрӣ дар даҳон бихобад. Дар мавриди хоб будани кӯдак барои тозакунии дандонҳо луоби даҳон кам хориҷ мешавад, ки боиси ҳосилшавии ҳалолати (пардаи) дандон мешавад ва ин боиси вайроншавии дандонҳо мегардад.
  • Агар кӯдак пистонак (пустышка) макад онро ба маҳлулҳои ширин тар накунед ва онро даҳонатон тоза накунед. Беҳтар аст, ки онро шуста безарар намоед. Бо мурури замон кӯдак дигар пистонак намемакад.  

Дар мавриди баромадани дандони аввалин (тақрибан дар синни 6 моҳагӣ) барои машварат гирифтан оид ба нигоҳубин ва ғизодиҳӣ ба табиби дандонпизишк муроҷиат намоед.