Шустани дандонҳо — машғулияти хурсандибахш
Тоза намудани дандонҳои кӯдак бояд дарҳол пас аз баромадани дандони аввалин иҷро карда шавад. Дар аввал Шумо метавонед онҳоро танҳо бо дока ва маҳлули физиологӣ тоза кунед ва дар мавриди пурра баромадани дандонҳо онҳоро бо чӯткаи хурд тоза кунед. Дандонҳои кӯдаки худро на камтар аз 2 маротиба дар давоми шабонарӯз, бе истифода аз хамираи дандоншӯи тоза кунед (беҳтараш пас аз хурокхӯрӣ).
Бо гузаштани соли аввали ҳаёт истифода бурдани миқдори ками хамираи кӯдаконаи нарми дорои фторидро оғоз намоед. Агар кӯдак онро фурӯ барад, ба ӯ зарар намерасонад. Чӯткаи дандоншӯи бояд ба синни кӯдак мувофиқ бошад (чӯтка бояд хурду мулоим, дорои муякчаҳои дарозиашон якхелаи рангашон равшан ва инчунин метавонад мусиқавӣ бошад).
Чи қадаре, ки чӯтка шавқовар бошад, ҳамон қадар шустани дандонҳо муваффақона мегузарад. Дар ин маврид ба кӯдак сароидани суруд, бозӣ кардан ва шӯхӣ кардан мумкин аст. Кӯдак ин амалро тақрибан дар 3 солагӣ аз худ мекунад, вале он вақт низ кӯмаки Шумо зарур аст.
Дандонҳоро бояд бо чӯтка, бонавбат, аз милки дандонҳо то сатҳи хоянда, аввал аз ҷониби забон, сипас аз ҷониби лунҷҳо ва баъдан сатҳи хояндаи онҳоро шустан лозим мебошад. Ба кӯдак гирифтани об ба даҳон, чайқонидани дандонҳо ва туф кардани моеъро омӯзонед. Тоза кардани забонро низ аз хотир набароред.
Ташрифи аввалини худро дар якҷоягӣ бо кӯдак ба назди даҳонпизишк тақрибан дар синни 6 моҳагӣ, вале на дертар аз синни яксолагӣ ба нақша гиред. Ба Шумо тавсияҳо оид ба риоя намудани гигенаи даҳон дода мешавад.
Кӯдак бо даҳонпизишки худ шинос мешавад ва барои ӯ ин тавассути бозӣ ва хурсандӣ таҷриба мегардад. Бо шарофати мунтазам рафтан ба назди даҳонпизишк бе зарурияти амалиётҳои дардовар, кӯдак эҳсос менамояд, ки рафтан ба назди “табиби дандон” – сабаби тарсидан ва гиря кардан нест. Барои ҳамин ҳам, агар дар дандони кӯдак кариес пайдо шавад, ӯ аз рафтан ба назди даҳонпизишк худдорӣ намекунад. Дандонро ба осониву бедард ва саривақт муолиҷа кардан имконпазир мешавад.
Гигиенаи ковокии даҳон ва дандонҳо барои дандонҳои якумини ширӣ муҳим мебошад, зеро бо риоя намудани гигиена мо метавонем то вақти пурра наафтидани онҳо ва баромадани дандонҳои асосӣ солимии онҳоро нигоҳ дорем.