Тоза кардани дандони кӯдакони хурдсол
Мунтазам тоза кардани дандон баробари пайдо шудани дандони аввал оғоз мешавад. Дандонҳоро дар як рӯз ду маротиба бо об ва чӯткаи дандоншӯӣ таҳти назорат ва ёрии волидон тоза кардан лозим аст. Барои кӯдакони аз 18 моҳа калонтар хамираи дандоншӯии дорои фтор буда низ метавонад истифода шавад.
Body
Пеш аз он ки дандони аввалини кӯдак барояд, милкҳои ӯро дар давоми рӯз якчанд маротиба бо докае, ки бо маҳлули физиологӣ тар карда шудааст, пок кардан лозим аст. Вақте ки дандони аввал пайдо мешавад, Шумо бояд онро бо чӯтка тоза кунед.
Тоза кардани дандони тифлон
- Кӯдакро тавре ҷойгир кунед, ки даҳони ӯро бинед ва кӯдак худро бехатар ҳис кунад; беҳтараш сарашро ба зонуи худ гузоред. Бо дасти озоди худ манаҳи ӯро доред ва сарашро ба баданатон хам кунед.
- Барои дидани дандонҳо лаби кӯдакро боло бардоред ва онҳоро бо ҳаракатҳои мулоим ва даврашакл тоза карданро оғоз кунед, кӯшиш кунед, ки ҳар як дандонро аввал аз берун ва баъд аз дарун тоза кунед.
- Дар аввал ин машғулият ба кӯдак ҷолиб нахоҳад буд, аммо барои он ки онро ба як ҷузъи ҳаёти ҳаррӯза табдил диҳед, онро лаззатбахш гардонед ва барои ин суруд хонед ё ба тифл бозича диҳед, ки бо он бозӣ кунад.
Тоза кардани дандони кӯдаки хурдсол
- Шумо инчунин дандонҳои кӯдаки хурдсолро тоза мекунед. Дар аввал, он танҳо вазифаи Шумо хоҳад буд; аммо вақте кӯдак ба шустани дандонҳои худ шавқ зоҳир мекунад, бигзор ин корро худаш кунад, аммо дар хотир дошта бошед, ки то синни мактабӣ ва дар мавриди баъзе кӯдакон бошад, аз ин ҳам зиёдтар ба ӯ кӯмак ва назорат кардан лозим меояд.
- Дар назди оина дар паси фарзандатон истед ё шинед, то ӯ фаҳмад, ки Шумо чӣ кор карда истодаед ва худро бехатар ҳис кунад.
- Бо дасти озоди худ манаҳи кӯдакро доред ва бигзоред, ки сарашро ба сӯи Шумо хам кунад.
- Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки даҳони худро кушояд ва бо ҳаракатҳои сабук ва даврашакл ба тоза кардани ҳар як дандон аз берун ва баъд аз дарун оғоз кунед. Сатҳи хоиданро бо ҳаракати мутақобила тоза кунед. Ҳамчунин, забони кӯдакро бо нармӣ тоза кунед.
- Пас аз тоза кардан, ба фарзандатон гӯед, ки хамираи дандоншӯиро туф кунад. Ба ӯ лозим нест, ки даҳони худро чайқонад.
- Ҳангоми тоза кардани дандонҳои фарзандатон бо сурудхонӣ ё сӯҳбат бо ӯ ин корро шавқовар кунед.
- Вақте ки фарзанди Шумо мустақилона тоза кардани дандонҳояшро оғоз мекунад, ба ӯ нигоҳ кунед, ки чӣ тавр ӯ ин корро мекунад ва дар ниҳоят тозакунии дандонҳои қафоро, ки ба онщо расида натавонист, анҷом диҳед.
Интихоби чӯткаи дандоншӯӣ
- Чӯткаҳои дандоншӯӣ барои кӯдакони синну соли гуногун мавҷуданд. Онхо нӯги тухмшакли хурд, хаси мулоими дарозиаш гуногун ва дастакҳои лағжишнашаванда доранд. Дастакҳо одатан ба таври шавқовар тарҳрезӣ шудаанд, то кӯдак шавқманд шавад.
- Пас аз истифода, чӯткаи дандоншӯӣ бояд шуста, дар ҳолати рост гузошта шавад ва дар ҳаво хушк шавад.
- Чӯткаи дандоншӯиро ҳар 3-4 моҳ ё камтар аз он иваз кунед, агар мӯйҳои чӯтка фарсуда шаванд.
Интихоби хамираи дандоншӯӣ
- Хамираи дандоншӯии кӯдакона бояд миқдори андаки фтор дошта бошад, зеро он дандонҳоро мустаҳкам карда, кариесро пешгирӣ мекунад.
- Хамираро метавонед дар охири соли дуюми кӯдак истифода баред, дар аввал ба миқдори кам, ба андозаи як донаи биринҷ, ва пас метавонед хамираи бештар, то андозаи нахӯд гиред.
Мунтазам тоза кардани дандонҳои кӯдаки Шумо бояд аз лаҳзаи пайдо шудани дандони аввал ҷузъи ҳаёти ҳаррӯза бошад.