Нигҳубини дандонҳои кӯдакони хурдсол

Агар дандонҳои кӯдаки худро дар як рӯз ду маротиба бо чӯткаи дандоншӯии мувофиқи синну сол ва хамираи дандоншӯии кӯдаконаи дорои фториди паст бишӯед ва инчунин аз истеъмоли нӯшокиҳову маҳсулоти ширин худдорӣ кунед ин пайдоиши кариесро пешгирӣ мекунад. Кӯдакон барои таъмини мунтазами гигиенаи ковокии даҳон ва дандонҳо ба кӯмак ва назорат ниёз доранд. Кӯдакро мунтазам ба назди табиби дандон баред.
Body

Нигоҳубини дандонҳо

Тозакунӣ

  • Кӯдакон бояд дандонҳои худро мунтазам бо чӯткаи дандоншӯии ба синну солашон мувофиқ ва хамираи дандоншӯии кӯдаконаи дорои фториди кам  шӯянд.
  • Дандонҳо бояд дар як рӯз ду маротиба, субҳ ва шом шуста шаванд. Миқдори ками хамираи дандоншуиро бо андозаи нахӯд истифода баред.
  • Дар баъзе мавридҳо кӯдаки Шумо мехоҳад дандонҳои худро худаш бишӯяд, ӯро таъриф кунед ва ба ӯ кӯмак кунед, ки чӣ тавр дуруст шустани дандонҳояшро дар ёд дорад. Вай дар аввал дандонҳои кунҷии худро хуб тоза карда наметавонад ва ба ҳар ҳол ба кӯмаки Шумо ниёз дорад.
  • Нишон диҳед, ки чӣ тавр риштаи дандонтозакуниро истифода бурдан лозим аст.
  • Ба фарзандатон омӯзонед, ки пас аз хӯрок даҳони худро бо об чайқонад, то боқимондаҳои ғизоро бишӯяд.

Ғизо

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди Шумо одатҳои ғизогирии солимро азхуд кардааст.
  • Ба ӯ нӯшокиҳои қанддор ё хӯрокҳои ширин пешниҳод накунед.
  • Дар мавриде, ки ӯ нӯшидан мехоҳад ба ӯ танҳо об диҳед. Шарбати меваҳои тару тозаро танҳо ҳангоми хӯрокхӯрӣ диҳед.

Рафтан ба назди дандонпизишк

  • Мунтазам аз давраи 6 - моҳагиро пур кардани кӯдак ба назди даҳонпизишк равед ва ин амал барои солим мондани дандонҳои кӯдак кӯмак расонида инчунин имконият медиҳад, ки кариеси дандонҳои кӯдак саривақт муайян карда шавад.

Ба назди дандонпизишк бояд мунтазам, як ё ду маротиба дар давоми сол рафтан лозим аст.