Муҳофизати дандонҳо аз кариес
Кариес чист?
Пӯсидани дандон метавонад дар синни хеле барвақт аз сабаби риоя накардани гигиенаи ковокии даҳон ва ғизои нодуруст рух диҳад. Барвақт пайдо шудани кариес дар шумораи зиёди дандонҳо, аксар вақт дар ҷоғи боло, кариеси даврашакл ва инчунин "синдроми шишачаи кӯдакона" номида мешавад. Дандон ба пӯсидан вақте оғоз мекунад, ки дар рӯи он лояи часпанда – лояи дандон ҷамъ мешавад. Дар он микроорганизмҳо аз шакари хӯрок ғизо мегиранд ва кислотаеро ба вуҷуд меоранд, ки дандонро вайрон мекунад. Дар рӯи дандон доғҳои қаҳваранг ё хати сафед дар қад-қади хати милк пайдо мешаванд. Милкҳо метавонанд сурх шаванд ва варам кунанд, ва дар ҳолатҳои вазнин онҳо обила мекунанд. Чунин дандони илтиҳоби музмин дошта метавонад боиси дард ва паҳншавии сироят гардад, ба ғизо, нутқ, инкишофи ҷоғҳо, афзоиш ва инкишофи умумии кӯдак таъсир расонад.
Ҳангоми пайдо шудани аввалин аломатҳои кариес кӯдакро барои муоина ва табобат ба дандонпизишки кӯдакон бурдан лозим аст. Ба таъхир гузоштани ташриф ба духтури дандон метавонад боиси мушкилоти зиёд гардад: дард ва нороҳатӣ, хатари нобудшавии дандонҳои ҳамсоя, зиёд шудани изтироб ҳангоми ташрифи навбатӣ ба духтури дандон, ихтилоли нутқ ва ғайра.
Муҳофизати дандонҳо аз кариес
Барои пешгирии кариес ба шумо лозим аст:
- Аз лаҳзаи баромадани дандони аввал дандонҳоро мунтазам шӯед.
- Дандонҳоро бо чӯткаи, ки ба синну соли кӯдак мувофиқ аст, шустан лозим аст.
- Дандонҳоро дар як рӯз ду маротиба, пас аз хӯроки саҳарӣ ва шом шустан лозим аст, ва аз соли дуюми ҳаёт бояд хамираи дандони фториди паст доштаро истифода баред.
Ғизои солим
- Барои ташаккул додани одатҳои ғизои солим дар фарзанди худ ва истеъмоли озуқавории бе иловаи шакар ё миқдори ками шакари табиӣ шароит фароҳам оред.
- Беҳтарин ғизо барои 6 моҳи аввали ҳаёт шири модар аст, ки онро ҳатто ҳангоми ворид кардани ғизои дигар ба парҳези кӯдак идома додан лозим аст.
- Кӯдаки худро бо шишача дар даҳонаш нахобонед. Ба ӯ аз пиёла нӯшаданро ёд диҳед. Шумо метавонед аллакай дар соли аввали ҳаёт оғоз кунед, вақте ки ӯ бо ду даст гирифтани ашёро ёд мегирад.
Одатҳои ғизои солим
Барои он ки кӯдак ба одатҳои ғизои солим одат кунад, зарур аст:
- ба фарзанди худ ҷои доимии хӯрокхӯрӣ таъмин намоед ва ӯ тахминан дар як вақт хӯрок хӯрад;
- ба кӯдак ҳангоми ташнагӣ об диҳед, на нӯшокиҳои ширин (агар шумо ба кӯдак иҷозат диҳед, ки шарбати мева нӯшад, онро бо хӯрок додан лозим аст);
- ба фарзандатон хӯрокҳое диҳед, ки барои дандон муфиданд ва ба хоидан ва ҷудо шудани оби даҳон мусоидат мекунанд (панир, сабзавоти бурида);
- мунтазам ба духтури дандон муроҷиат кунед (соле як ё ду маротиба, ҳатто агар ҳама дандонҳои кӯдак солим ба назар расанд).
Кариеси дандонҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст. Барои ин шумо бояд ба кӯдак шароит фароҳам оред, ки ӯ одатҳои тарзи ҳаёти солимро ташаккул диҳад ва дандонҳоро солим нигоҳ дорад. Кӯшиш кунед, ки худатон намунаи ибрат бошед!