Чӣ гуна кӯдакро барои ба назди дандонпизишк рафтан омода намудан лозим аст
Шумо бояд мунтазам ба дандонпизишк муроҷиат кунед. Ташрифи аввалини худро дар вақти 6-моҳа будани кӯдакатон ба нақша гиред ва сипас як ё ду маротиба дар як сол ба назди ӯ равед. Ҳангоми ташриф овардан дандонпизишк даҳон ва дандонҳои кӯдаки Шуморо аз назар гузаронида инчунин ба Шумо дар бораи нигоҳубину муҳофизати дандонҳо ва хатарҳои эҳтимолие, ки боиси пайдо шудани кариес мегардад, фаҳмонда медиҳад. Мувофиқи синну соли кӯдак, дадондпизишк:
- амалиётҳо ё муолиҷаи ба нақша гирифташударо нишон медиҳад: ҳалолатро (налет) тоза намуда барои муҳофизати иловагӣ доруҳои фтордорро истифода мебарад;
- дар ҳолати дарёфт гардидани кариес барои муолиҷа номнавис мекунад. Агар имконпазир бошад, ташрифро субҳ, вақте ки кӯдак аз хоб сер шуда истироҳат кардааст, ба нақша гиред.
Пеш аз он ки ба назди дандонпизишк равед, ба фарзандатон бо тарзи дӯстона ва содда бигӯед, ки ӯро чӣ интизор аст, то ӯ аз вазъияти барояш ношинос натарсад:
- Бигзор сӯҳбат маҷбурӣ набошад, масалан, нақл кунед, ки барои чӣ ба назди дандонпизишк рафтан зарур аст.
- Барои фаҳмиданаш ибораҳои дандонпизишк: “ба дандонҳоят бо оинаи махсус нигоҳ мекунад”, “онҳоро ҳисоб мекунад” ва ҳатто шояд “дандонҳоятро мешӯяд” истифода баред.
- Агар Шумо дар хона дар нақши «дандонпизишк» бозӣ кунед, барои ӯ фаҳмидани он ки чӣ рӯй дода истодааст, осонтар мешавад. Аввалан, Шумо "дандондпизишк" мешавед: дандонҳои кӯдаки худро ҳисоб кунед ва бишӯед. Сипас нақшҳоро иваз кунед.
- Агар Шумо ба кӯдак кариесро ҳамчун «кирмак» ва муолиҷаи дандонҳоро ҳамчун «мурғаки махсус» тасвир намоед, ӯ барои гузаронидани муолиҷаҳои табобатӣ ба осоноӣ розӣ мешавад. Аз гуфтани калимаҳои ба монанди дард, сӯрохкунӣ ва сӯзанак, ки метавонанд кӯдакро нороҳат карда тарсонанд, худдорӣ намоед.
- Бо кӯдакатон китобҳоро оид ба рафтан ба назди дандонпизишк хонда, якҷоя расмҳо ва видеороликҳои ҷолиби ба синну соли ӯ мувофиқро тамошо кунед.
Пас аз баромадан аз назди дандонпизишк ҳатман аз кӯдакатон пурсед, ки дар вақти муоина чӣ шуда гузашт. Барои фарзанди худ ҳам дар нигоҳубини ҳаррӯзаи дандонҳо ва ҳам аз ташрифи мунтазам ба духтури дандон намунаи хуб нишон диҳед.
Кӯдакро мунтазам, як ё ду маротиба дар як сол ва дар ҳолати зарурӣ бештар ба назди дандонпизишк баред.