Фаъолияти ҷисмонӣ барои кӯдакони хурдсол
Фаъолияти ҷисмонии ҳаррӯза: муҳим он аст, ки он бояд хурсандибахш бошад
Ҳангоми интихоб намудани машқҳои ҷисмонӣ барои кӯдакон, наврасон ва кӯдакони синни томактабӣ, бояд ба шавқовар гардонидани машғулиятҳо диққати махсус равона карда шавад.
Агар кӯдакон аз кори худ ҳаловат баранд, дар онҳо эҳтимоли бештару бештар бозӣ кардан пайдо мешавад. Машқҳои ҷисмоние, ки кӯдакон аз он ҳаловат мебаранд, эътимоди онҳоро нисбат ба худ мустаҳкам намуда малакаҳои мотории онҳоро такмил медиҳанд.
Фаъолияти ҷисмонӣ барои рушду ташаккули солими кӯдаки Шумо муҳим аст. Ва Шумо метавонед дар синни хеле бармаҳали кӯдакӣ ба иҷрои фаъолиятҳои ҷисмонӣ оғоз кунед ва онро як қисми бозии ҳаррӯзаи кӯдаки худ созед.
Фаъолияти ҷисмонӣ барои кӯдакони аз 0 то 2 сола
Пеш аз роҳгардиро ёд гирифтани кӯдак
Ҳатто кӯдакон дароз кашида бозӣ карданро дӯст медоранд. Дар рӯйи фарш (ё дар рӯйи алаф дар табиат) як кӯрпаи калон гузоред, то кӯдаки Шумо ба шикам хобида тавонад. Ин барои сарашро баланд бардоштани кӯдак ҷойи бехатар, тоза ва кулай хохад шуд. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки мушакҳояшро мустаҳкам кунад.
Ба замин ё рӯйи фарш гузоштани курпа инчунин ҷои хубест, ки кӯдак чарх задан, хазидан ва нишастанро ёд гирад. Бозича ё ашёеро дуртар гузоред, то ки ӯ фавран ба он расида натавонад ва то гирифтани он хурсандӣ кунад.
Агар дар мавриде, ки кӯдаки Шумо ба шикам хобида бошад, ба ӯ чизе диҳед, ки онро гирифта нигоҳ доштан мумкин бошад, масалан қуттиҳо, ки бо доштани онҳо ӯ хурсанд мешавад. Рангҳои дурахшон, намунаи нуқтаҳо, мураббаъҳо ё ситораҳо, сатҳҳои ҷилодор, матнҳо ва садоҳои гуногун метавонанд боиси таваҷҷӯҳи кӯдаки Шумо гардад.
Шумо инчунин метавонед кӯдаки худро водор созед, ки ба манбаи садо нигоҳ кунад, кафкӯбӣ кунад, ягон чизро гирад ё ба сӯи манбаи садо ҳаракат кунад - кӯшиш кунед, ки сӯҳбат кунед, суруд хонед, қофия созед ё бозиҳои фаъол ба мисли «кафкӯбӣ» ё «ку-ку»-ро бозӣ кунед.
Агар Шумо кӯдаки худро дар рӯи фарш ҷойгир кунед, боварӣ ҳосил кунед, ки ба чашми ӯ ягон хатари эҳтимолӣ вуҷуд надорад. Барои таъмини бехатарии кӯдак аз кӯдак дур наравед.
Вақте, ки кӯдак роҳгардиро ёд мегирад
Вақте ки фарзанди Шумо роҳ рафтанро оғоз мекунад, ӯро ташвиқ кунед, ки ҳаракат кунад ва бигзоред, ки ҳарчи зудтар ин амалро анҷом диҳад. Вақти он расидааст, фикр кунед, ки кадом ашё ва фаъолиятҳо кӯдакро водор мекунад, ки ҳаракат кунад - масалан, баромадан аз зинапояи хона (бо кӯмаки Шумо!). Агар бо кӯдаки худ бозӣ карда ӯро таъриф кунед ва дар мавриди бозӣ кардан, давидан, ҷаҳидан, рақс кардан ва партофтан омӯзед, ин амалҳо ӯро ташвиқ мекунад, ки амалҳои мазкурро идома диҳад. |
Фаъолияти ҷисмонӣ барои кӯдакони аз 2 то 5 сола
Кӯдакони хурдсол ва кӯдакони синни томактабӣ барои давидан ва бозӣ кардан дар хона, дар кӯча, наздикии хона, хуласи гап дар дилхоҳ ҷое, ки ӯ дар бехарӣ, дар зери азорат асту ӯ аз он хушҳол аст вақти озоди зиёд ва фазои кушод лозим аст.
Баъзе ғояҳо дар бораи чӣ гуна шавқовар намудани фаъолияти ҷисмонӣ:
- Тӯбҳои мулоими калонеро истифода баред, то фарзандатон доштан, зарба задан ва лагад заданро ёд гиред. Агар дар ягон ҷой бо тӯб бозӣ кардан бехатар набошад, пас чанд ҷӯробҳои печонидашуда барои ин истифода бурда метавонед.
- Бозиҳоеро фикр карда бароред, ки аз намудҳои гуногуни ҳаракат иборат мебошанд – сур-суракон, қадам задан аз болои хати бо бӯр кашидашуда, ҷаҳидан аз болои кӯлмакҳо.
- Мусиқии гуногунро дар гиронед ё бо кӯмаки овози худ ё асбобҳо ягон овозро тақлид намоед.
- Шумо метавонед бозиҳои "Ҳайвонро шинос" -ро бозӣ кунед, ки дар раванди он Шумо метавонед мисли маймун ҳаракат кунед, мисли харгӯш ҷаҳед, мисли парранда бол кушоед ва ғайра.
- Кӯдаки Шумо метавонад аз бозӣ бо бозичаҳо-аробачаҳо ки ба пешашон гузошта мешавад, аз ҷумла мошинҳои боркаш, аробачаи лӯхтакчаҳо ва бозичаҳои алафдаравӣ ҳаловат баранд. Вақте ки фарзанди Шумо тайёр мешавад, ба ӯ идора кардани скутер, скутер, велосипеди муқаррарӣ ё сечархаро таълим диҳед, аммо ӯ бояд ҳамеша зери назорати Шумо бояд бошад.
Кӯдаки Шумо чӣ қадар ба фаъолияти ҷисмонӣ ниёз дорад? Кӯдакони хурд ва кӯдакони синни томактабӣ ҳамарӯза дар давоми рӯз на камтар аз се соат ба фаъолияти ҷисмонӣ ниёз доранд. Ҳама кӯдакон бояд ҳамарӯза ба бозиҳои пурқувват машғул шаванд ва кӯдакони аз се сола боло ҳар рӯз ҳадди аққал то як соат бозӣ кунанд.