Тавсияҳо оид ба сарбории ҷисмонӣ, давраҳои хоб ва бедорӣ баро кӯдакон дар соли сеюми ҳаёт ва баъд аз он
Ба нақша гирифтани фаъолиятҳо дар давоми рӯз бояд ба синну сол, хусусиятҳои инфиродӣ ва талаботҳои кӯдаки Шумо мувофиқ бошанд. Инчунин шахсият ва ниёзҳои кӯдаки шумо. Илова ба ғизои солим, Шумо бояд дар бораи зарурати бозиҳо ва машқҳои ҷисмонӣ, хоб, инчунин вақтгузаронии ором фикр намоед, яъне - вақте ки кӯдак нишастааст, аммо дар айни замон дар сӯҳбат бо аъзоёни оила иштирок мекунад, бозиҳои такмилдиҳандаи статикӣ иҷро мекунад, ҳикояҳоро гӯш мекунад, дар назди экран мешинад, бо мошин ҳаракат мекунад ва хӯрок мехӯрад.
Кӯдакони синни сесола ва калонтар
- Кӯдаки ин синну сол бояд дар машқҳои гуногуни ҷисмонӣ ҳадди аққал 180 дақиқа машғул шаванд, ки 60 дақиқаи онро бояд машқҳои ҷисмонии шиддатнокиашон миёна ва баланд ташкил намоянд.
- Дар ҳолати оромии нисбӣ қарор доштан бояд на бештар аз 1 соат давом кунад. Ин вақтро барои сӯҳбатҳо, якҷоя сафар кардан, хондан, ҳикояҳо истифода баред. Давомнокии вақти дар назди экран (телевизор ва дигар дастгоҳҳо) гузаронидашуда низ набояд аз 1 соат дар як рӯз зиёд бошад, чунин вақтгузаронии кӯдак ва он чизе, ки фарзандатон тамошо мекунад бояд таҳти назорати волидайн қарор дошта бошад.
- Хоб бо дарназардошти хоби рӯзона, шабона ва давраи бедории шабона бояд аз 10 то 13 соатро дарбар мегирад. Шумо набояд вақти хоби кӯдакро маҳдуд кунед, зеро ин метавонад боиси дигаргуншавиҳои гуногуни фаъолияти организми ӯ гардад: фарбеҳӣ, вайроншавии афзоиш, танзими эмотсионалӣ ва ғайра
Фаъолияти ҷисмонии сабук машғулиятҳоеро дарбар мегирад, ки дар мавриди онҳо кӯдак нисбат ба ҳолати оромӣ то 1,5–4,0 маротиба бештар энергия сарф мекунад ва ба ин мавридҳо оббозӣ кардан, гаштугузор ва дигар амалҳои сабукро мансуб медонанд. Машғулиятҳои мазкур боиси мондашавии кӯдак намегарданд.
Фаъолияти ҷисмонии шиддаташон миёна ва баланд гуфта фаъолиятҳои ҷисмониеро меноманд, ки дар мавриди онҳо кӯдакон 4-7 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳолати оромӣ энергия сарф мекунанд ва ба ин ҳолатҳо роҳагардии тез, ҳаракат дар дучарха, давидану бозӣ кардан бо тӯб, ҷаҳидан, шиноварӣ, рақс кардан ва ғайр дохил мешавад. Дар мавриди ин гуна амалҳо кӯдак гарм шуда миқдори нафаскашӣ ва таппиши дилаш меафзояд.